Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Соли нави 2004

31.12.2003 22:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш мо бо соли сеюми ҳазораи сеюм хайрбод намуда, Соли нави 2004-умро бо қалбҳои пур аз шодиву умед истиқбол мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи шумоёнро самимона табрик намуда, ба ҳар хонадон суруру хушҳолии солинавӣ, оромиву осудагӣ ва хайру баракат орзу мекунам.

Соли куҳан барои мардуми кишварамон бо вуҷуди мушкилиҳои муайян дар маҷмӯъ боз як соли пурфайзу бобарор гардид. Дар бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷомеа вобаста ба ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Иқтидори истеҳсолии мамлакат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, самараи иқтисодиёти миллӣ зиёд гардид ва нишондиҳандаҳои сифатии он беҳтар шуданд.

Муҳимтар аз ҳама, дарки аҳамият ва зарурати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа қувват гирифт ва таҳким ёфт.

Ин раванд барои мо ҳаётан муҳим аст. Чунки дар ҷаҳони пурҳаводис ва ниҳоят мураккаби имрӯза танҳо миллате худро аз таркишу зарбаҳои фалокатбори сиёсиву иҷтимоии асри нав ҳифз карда метавонад, ки худогоҳу худшинос бошад, ба қадри неъмати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ расида тавонад. Зеро имрӯз комилан равшан аст, ки ягон ҷомеа, миллат ва давлат, сарфи назар аз қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии худ, аз ҷараёну равияҳои мухталифи ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои глобализатсионӣ дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бояд бо ҳифзи анъанаву суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии миллии худ ҳамзамон дар ҳалли масъалаҳои умумиинсонӣ ба қадри имкон саҳмгузор бошем.

Ба ин маънӣ, ҳарчанд ки мо аз ҷиҳати захираҳои оби тоза дар миқёси ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб ҳастем, вале дар ин масъала бо мушкилоти зиёде низ рӯбарӯ мебошем ва дар айни замон проблемаҳои сайёраро проблемаи худ медонем. Маҳз аз ҳамин рӯ, бо пешниҳоди давлати Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Соли оби тоза эълон шудани соли 2003 ва баргузории чорабиниҳои марбут ба Соли оби тоза дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо аз силсилаи ташаббусҳо ва саҳми Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли проблемаҳои умумисайёравӣ мебошад.

Бо дарки ин ки масъалаи нарасидани оби тоза барои садҳо миллион аҳолии дунё проблемаи ҷиддӣ ва дорои аҳамияти ҳаётӣ мебошад, ҳамчунин бо назардошти ин, ки проблемаи мазкурро дар як солу ду сол ҳаллу фасл кардан ғайриимкон аст, Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии об дар шаҳри Киотои Япония, Форуми байналхалқии Душанбе оид ба оби тоза, инчунин иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки солҳои 2005-2015-ум даҳсолаи "Об ба хотири ҳаёт" эълон карда шавад ва он аз ҷониби ширкаткунандагони форумҳои мазкур бо гармӣ пазируфта шуд.

Ва имрӯз мехоҳам бо ифтихор зикр намоям, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистон рӯзи 23- юми декабри соли равон бо дастгирии 141 давлати ҷаҳон ба тариқи консенсус қарор қабул кард. Ин рӯйдод дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо ҳодисаи дар ҳақиқат таърихӣ мебошад.

Воқеан об унсури асосии муҳити зист ва умуман зиндагии инсон, омили муҳимтарини рушди устувор, ҳамчунин яке аз шартҳои зарурии рафъи камбизоатӣ мебошад.

Дар катори проблемаҳое, ки имрӯз инсоният бо онҳо рӯбарӯ мебошад, терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир аз ҷумлаи проблемаҳои бузургтарин ва хатарҳои глобалӣ ҳастанд. Ин зуҳуроти фалокатбори аср имрӯз суботи сайёраро пайваста халалдор месозанд ва башариятро дар ҳама кишварҳову минтақаҳои олам мудом дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ медоранд. Зарбаи даҳшатноке, ки терроризми байналхалқӣ ба сокинони сайёра ворид месозад, пеш аз ҳама ин аст, ки дар натиҷаи амалиёти харобкоронаи террористон одамони зиёди бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон қурбон мешаванд.

Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи талхи худ дар ин бобат низ бетарафӣ зоҳир накарда, Консепсияи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таҳия намуд ва масъалаи таъсис додани коалитсияи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддирро ба миён гузошт. Зеро имрӯз аз касе пӯшида нест, ки кочоқи маводи мухаддир сарчашмаи асосии таъминоти молиявии терроризм мебошад.

Ба андешаи мо, ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад бо ташкили коалитсияи мазкур дастҷамъона садди роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳншавии нашъамандӣ гардад ва решаҳои терроризми байналмилалиро заиф созад.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир мебошад, сарҳади тӯлонӣ дорад ва солҳои зиёд аст, ки на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои аврупоӣ низ дар сари роҳи паҳншавии терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун минтақаи буферӣ қарор дорад.

Мувофиқи баҳои Созмони Милали Муттаҳид кишвари мо аз рӯйи ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд ва маводи мухаддире, ки дар давоми се сол дар Тоҷикистон мусодира гардидааст, маблағи беш аз як миллиард доллари амрикоиро ташкил карда, 9 миллион нафарро аз гирифтории нашъамандӣ наҷот додааст. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки аз давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ густариши кӯмаку ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро тақозо намояд. Мо дар роҳи ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ ва сохторҳои муҳимтарини он қарор дорем.

Таърих пойдорӣ ва босамарии иқтисоди бозориро собит кард ва мо роҳи татбиқ ва таҳкими иқтисоди бозории ба иҷтимоиёт нигаронидашударо пеш гирифтем ва онро пайгирона идома хоҳем дод. Бо вуҷуди ин мо ҳанӯз ба ҳадафҳои асосии худ нарасидаем. Иқтисоди мо ба таъмини рушди босубот муваффақ нашудааст. Бояд эътироф намоем, ки мушкилотамон ҳанӯз зиёданд.

Мо бояд тадриҷан ба он муваффақ шавем, ки аз таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иқтисодии аҳолӣ то ҷорӣ намудани техникаву технологияи пешрафта, усулҳои пурсамари соҳибкориву тиҷорат, истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва хизматрасонӣ дар кишварамон ҷавобгӯйи талаботи иқтисоди муосир бошад. Ин кор мушкил аст ва суръатбахшии ислоҳоти иқтисодиро тақозо дорад ва, албатта, ба ғайрату ҳиммати ватандӯстона, заҳмату талоши содиқона, эҳсоси масъулияти дурбинӣ ва сабру таҳаммули ҳар яки мо вобаста мебошад.

Ҳадафи асосии ин ислоҳот ва сиёсати иқтисодии давлат тадриҷан беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст. Зеро андозаи маош, нафақа ва умуман ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳанӯз қаноатбахши талаботи рӯз нест. Аз ин рӯ, Ҳукумат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мунтазам тадбирҳо меандешад. Дар ин маврид пеш аз ҳама ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро метавон ном бурд, ки ҳамаи чорабиниҳои иқтисодии мо дар се соли наздик дар доираи он сурат хоҳанд гирифт. Мақсади мо аз таҳия, қабул ва татбиқи он, албатта, пеш аз ҳама ба куллӣ беҳтар кардани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои камбизоат ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла бекорӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам дар бораи тағйир додани шакли имтиёзҳо ва бекор кардани онҳо барои категорияҳои алоҳидаи мардум мухтасар изҳори ақида намоям. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои тӯлонӣ на танҳо эҳтиёҷмандон, балки шахсони зиёде низ аз имтиёзҳои гуногун истифода мекарданд.

Мардум бояд итминон дошта бошанд, ки имтиёзи ягон шахси эҳтиёҷманд бекор нашуда, танҳо шакли он тағйир ёфтааст. Бо ин мақсад дар буҷети соли оянда барои ҷубронпулӣ ҷудо кардани маблағҳои калон пешбинӣ гардидаанд, ки онҳо тавассути мақомоти дахлдори ҳукуматҳои маҳаллӣ ба таври унвонӣ ё адресӣ бевосита ба эҳтиёҷмандон расонида мешаванд.

Мо бо майлу иродаи мардум роҳи ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтаем, ки дар чунин ҷомеа ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъмину танзим мешаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба сатҳе боло бурда шавад, ки риояи қонун ва итоат ба қонун меъёри муайянкунандаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як шаҳрванди мамлакатамон гардад.

Мо худшиносии шаҳрвандиеро бояд вусъат бахшем, ки ба арзишҳои миллии худамон, ҳифзу гиромидошти анъанаву суннатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии деринаи миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ асос ёфта бошад.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллате ба пешрафтҳои азим ноил шуда, ба ояндаи дурахшон умед баста метавонад, ки соҳиби ҳофизаи қавии таърихӣ бошад.

Ба ибораи дигар, миллат танҳо ба шарофати ҳифз кардани таъриху анъанаҳои неки фарҳангии худ ва аз худ кардани арзишҳои тамаддуни башарӣ, эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва ифтихор аз Ватану давлатдорӣ ҳамчун миллат пойдору устувор боқӣ мемонад ва пеш меравад.

Аз ин рӯ, ҳар фарзанди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки дар баробари дӯст доштани Ватани худ, инчунин ба сарчашмаҳои ҷовидонаи миллати куҳанбунёд ва бофарҳанги хеш рӯ орад ва беҳтарин дастовардҳои чомеаи ҷаҳониро аз худ намояд. Ин тақозои давру замон аст ва мо бояд он рисолати бунёдкорӣ ва созандагиро, ки таърих бар дӯши насли кунунии миллати бостонӣ ва тамаддунсози тоҷик гузоштааст, бо ҳисси баланди масъулият дар назди имрӯзу фардои Ватан иҷро намоем. Ин кори бошараф ва қарзи ватандӯстонаи ҳар кадоми мост.

Бо дарки амиқи ҳамин масъулият ва нақшаҳои душвору пурифтихор дар назди насли оянда мо ба соли 2004-ум қадам мегузорем ва барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ҷидду ҷахд менамоем.

Мардуми тамаддунсоз ва фарҳангофарини мо ба ҷашни соли нави милодӣ шукӯҳу шаҳомат ва рангу бори миллӣ афзуда, дар арафаи ин ид ба табрику аёдати падару модар, хешу табор ва дӯстону ҳамсоягон мераванд, дасти фақирону барҷомондагонро мегиранд ва ба ятимону бепарасторон шафқату меҳрубонӣ мекунанд.

Хайру сахо ва эҳсону олиҳимматӣ дар лаҳзаҳои фарорасии соли нави милодӣ ва миллии мо - Наврӯз аз суннату воҷиботи инсонию исломии ҳар фарди савобҷӯӣ, сахопеша ва накӯкор аст. Дар як ҳадиси пайғамбари ислом омадааст, ки хайру сахо дарахтест андар биҳишт, ки бо хушнудии ҳақ руста, шукуфаи он некномӣ ва ҳосилаш файзу баракат аст.

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодию фараҳ ҳамаи шуморо бори дигар табрик гуфта, ба хонадони шумо осудагӣ ва пешомадҳои нек, саломатӣ ва дар корҳоятон ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони азиз барору пирӯзиҳо орзумандам.

Бигузор дар Соли нав ҳар орзую омоле, ки мардуми Тоҷикистон дар қалби худ дорад, ҷомаи амал пӯшад!

Бигузор Соли нав барои ҳамаи мо соли фатҳу кушоишҳои тоза, соли бофайзу баракат ва соли қадамҳои устувор ба сӯйи рушди ҳарчи бештари кишвари соҳибистиқлоламон гардад!

Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520