Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Рузи Конститутсия

05.11.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Солгарди навбатии қабули Конститутсияи Тоҷикистони озодро, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад ва ба шарофати татбиқи пайгиронаи он ҷомеаи мо дар оғози марҳилаи сифатан тозаи таърихӣ устуворона қадам мегузорад, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.

Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлати мустақил аст, ки дар он пояҳои давлатдорӣ, роҳу равиши ҷамъият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин вазифаву масъулияти ӯ дар назди ҷомеа, сохтор ва меъёрҳои қонунии фаъолияти мақомоти давлатӣ, хулоса тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа дақиқан муайян карда шудаанд. Ва Конститутсияи мо ҳам, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ин муқарраротро пурра дар бар гирифта, ифодакунандаи иродаи содиқонаи мардум ва таҷассумгари воқеии муносибатҳои солими ҷамъиятӣ мебошад. Бесабаб нест, ки мо онро Санади сарнавиштсози мамлакат ном мебарем.

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгӯйӣ ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат бо дастовардҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин аз тарафи коршиносони давлатҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон ба таври сазовор арзёбӣ ва қадр шудааст. Вале дар баробари инкишофи давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати тағйиру такмили он пеш омад.

Аз тариқи муҳокима ва раъйпурсии умумихалқӣ ду маротиба ворид кардани тагйиру иловаҳо низ маҳз бо тақозои ҳамин зарурати таърихӣ анҷом дода шуд.

Агар тағйироти соли 1999 барқарории сулҳу суботро дар кишвар ҳукми қонунӣ бахшида бошанд, пас тағйиру иловаҳое, ки 22 июни соли ҷорӣ ворид карда шуданд, бо густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа марбутанд.

Бояд гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия институти нави ҳуқуқӣ нест, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин кор дар ҳар кишвар бо ҳар тарз анҷом дода мешавад. Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи мо ҳаллу фасли ин масъала бевосита ба худи мардум вогузор карда шудааст.

Ҷараёни омодагӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсия нишон дод, ки гуногунандешии сиёсӣ дар ҷомеаи мо хеле таҳким ёфтааст.

Ин чорабинии сиёсӣ дар Тоҷикистон ба имтиҳони навбатии демократия табдил ёфт ва он бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Мардуми кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ боз дар як маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат карда, бо изҳори назар дар раъйпурсӣ бори дигар дар таъйини сарнавишти ояндаи хеш саҳм гирифт.

Аслан баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабули Конститутсия яке аз омилҳои муттаҳидкунандаи мардум ва такондиҳандаи фаъолияти сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат гардид.

Марҳилаи баъдинаи инкишофи ҷомеа зарурати такмили низоми сиёсӣ ва иқтисодиро ба миён овард. Вусъати бештар бахшидан ба демократикунонии ҷомеа ва ба ҳамин роҳ гузоштани заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла татбиқи минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодии ба иҷтимоиёт нигаронидашуда ва дар маҷмӯъ фароҳам овардани шароити лозима барои рушди ҳамаи соҳаҳои зиндагии ҷомеа омилҳои асосии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гардиданд.

Таъмини воқеии ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, бахусус ҳуқуки ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи таҳсил, инчунин ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани онҳо ва дар ҳамин замина пайдоиши баъзе падидаҳо ва унсурҳои нав танзими ҳуқуқии худро тақозо доштанд. Зарурати такмили механизми таъмини кафолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, таҳкими фаъолияти рукнҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, ҳамчунин мушаххас гардонидани ваколати онҳо ба миён омада буданд.

Вобаста ба ҳолатҳои зикршуда ба Конститутсияи амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба дар Конститутсияи он ибораи "арзиши олӣ" истифода ва эълон карда шуд ва ин мафҳум ифодакунандаи мартабаи баланди инсон, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мебошад.

Дар баробари эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат, инчунин эҳтиром ва риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун аз тарафи шаҳрвандони мамлакат, масъулияти онҳо дар назди давлат ва ҷамъият яке аз нишонаҳои зарурӣ ва тақозои тағйирнопазири ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад, ки дар Конститутсияи мо зикр шудааст.

Аз ин рӯ, вазифаи мақомоти дахлдори давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум ва ҳамаи аъзои солимфикри ҷомеа аз он иборат аст, ки дар густариши маърифат ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, хулоса таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди институтҳои демократӣ минбаъд низ таҳким бахшида ва роҳи худро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.

Бори дигар Рӯзи Конститутсияро ба шумо муборак гуфта, ба ҳар хонадон шодию фараҳ ва сулҳу сафо орзумандам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520