Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.04.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Ҳар сол аз рӯйи анъана мо дар ин толор ҷамъ омада, вазъи ҷомеа ва кишварамонро дар шароити авзои босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон баррасӣ мекунем, пешомад ва нақшаҳои минбаъдаи инкишофи давлати соҳибистиқлоли худро бо назардошти пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон муайян менамоем. Аз ин лиҳоз, имрӯз масъулияте, ки мо дар назди халқамон, дар назди наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёдамон дорем, беш аз пеш меафзояд. Зеро инсоният дар шароите ба асри XXI ворид гардид, ки сиёсати ҷаҳонӣ куллан тағйир ёфтааст. Ҳатто дар муддати соли гузашта ва баъд аз он пеши назари мо дар фазои геополитикии дунё дигаргуниҳои бунёдӣ рух доданд. Равандҳои глобализатсия босуръат идома доранд ва имрӯз инсоният бо таҳдиду хатарҳои наве рӯбарӯ шудааст, ки муносибати комилан навро тақозо мекунанд.

Ба ибораи дигар, башарият дар гузаргоҳи ду ҳазорсола гирифтори озмоишҳои ниҳоят ҷиддӣ шуд, ки онҳо ба рафти тамоми таърихи ҷаҳон ва сохтори муносибатҳои байналмилалӣ таъсири амиқ гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд роҳу равиши худро аз ҳамин мавқеъ, яъне бо назардошти вазъи мураккаби ҷахон ва дар айни замон манфиатҳои умумимиллии давлати хеш тарҳрезӣ намоем.

Бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки башарият имрӯз дар дуроҳаи интихоб қарор дорад: ё ҳаёт, ё мамот. Ҳанӯз дар аввали асри гузашта иборае чун рамзи ихтилоф ва ҷудоиандозӣ дар миёни халқҳо ва кишварҳо пайдо шуда буд, ки Ғарб Ғарб асту Шарқ Шарқ ва онҳо ҳаргиз ба ҳам наоянд.

Раванди ҳодисоти ҷаҳон ва ҳифзи неъмати бузургтарини башар, яъне ҳаёт тамоми сокинони сайёраро водор месозад, ки ин ақидаро ботил созанд ва бо иқдомҳои оқилона собит намоянд, ки замин гаҳвора ва арсаи камолоти аҳли башар аст ва масъулияти ҳифзи ҳаёт дар сайёра ба дӯши ҳама баробар қарор дорад.

Дар тӯли асрҳо инсон дар баробари кашфиётҳои нодир силоҳҳои даҳшатноке низ сохтааст, ки ҳадафи онҳо қатли ом ва аз неъмати бузургтарин, яъне ҳаёт маҳрум сохтани инсон аст. Ва ҳоло муайян кардан душвор аст, ки имрӯз чи чиз ба ҳаёти инсоният хатари бештар дорад: аслиҳаи ядроӣ ё дақиқзан, химиявӣ ё бактериологӣ. Ин хатари бе ин ҳам даҳшатнок баъди ба арсаи ҷаҳонӣ ворид гардидани терроризми байналмилалӣ хислати сифатан нав гирифт. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ дар сиёсати имрӯзаи бисёр кишварҳои ҷаҳон мавқеи хоса пайдо кардааст.

Бояд гуфт, ки ба ҳам зич вобаста будани тамаддуни инсонӣ онро дар айни замон барои ҳадафҳои террористон бисёр заифу дастрас гардондааст, зеро ҳалқаҳои сусти он торафт бештар аён мегарданд. Гап дар сари он аст, ки дар баробари густариши равандҳои глобализатсияи проблемаҳои ҷаҳонӣ манбаъҳои иттилоотӣ ва воситаҳои технологии муосир торафт мутамарказ гардида, дар кишварҳое ҷой мегиранд, ки онҳоро одатан ба истилоҳ "ғарбӣ" ном мебаранд.

Воқеан, бартариятҳои азими технологӣ ба кишварҳои Ғарб имконият медиҳанд, ки ба мамлакатҳои боқимондаи дунё таъсири худро расонида тавонанд. Вақтҳои охир расонаҳои хабарӣ ибораи "миллиарди тиллоӣ»-ро истифода мебаранд. Ин ишора ба сатҳи баланди зиндагии мардуми Ғарб аст. Ҳоло амалан панҷяки инсоният 80 фоизи сарвати ҷаҳонро соҳибӣ мекунад. Агар дар охири асри XIX бойтарин давлати дунё аз рӯйи даромад ба ҳар сари аҳолӣ аз давлатҳои қафомонда нӯҳ маротиба афзалият дошта бошад, пас имрӯз ин таносуб сад бар якро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, танҳо 20 фоизи аҳолии кураи замин ба гурӯҳҳои доро мансуб ҳастанд ва ин фарқият дар миёни кишварҳои пешрафтаю қафомонда босуръат меафзояд. Мутаассифона, чунин қитъаи бузург мисли Осиё маскани аз се ду қисми мардуми камбизоати ҷаҳон аст. Дар замоне, ки давлатҳои мутамаддин дар тараққиёти худ ба авҷи само мерасанд, бисёр кишварҳои Шарқ пой дар гил мемонанду барои ҳам чоҳ мекананд.

Баъд аз сафарҳо ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамеша ба андешаи амиқ меравам ва итминони бештар ҳосил мекунам, ки ҳамаи давлатҳову халқҳои Осиё ва умуман тамоми халқу миллатҳои ҷаҳон бояд дар фазои осоишта зиндагӣ кунанд, ҳамкориҳои мутақобиларо ривоҷ диҳанд, якҷоя заҳмат кашанд, то ки барои ҳаёти воқеан арзанда шароит муҳайё созанд. Зеро маҳз нодорию қашшоқӣ, ки маъмулан ҳамроҳи доимии ҷаҳолат мебошанд, барои пайдоиш ва густариши терроризм ва экстремизм заминаи мусоид ба вуҷуд меоранд. Ин ҳам маълум аст, ки ҷаҳолат ва ифротгароӣ дар тӯли даҳсолаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муайяни манфиатдор дастгирӣ меёбанд.

Ин падидаи хатарнок аст ва оқибати бисёр ногувор дорад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва экстремизм танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Бо чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз хеле нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва экстремизм мегарданд, пурра нест карда наметавонад. Вобаста ба ин, бори дигар мехоҳам таъкид намоям: то он даме, ки бо мақсади кам кардани қашшоқию бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маълумот тадбирҳои муассир ва ҷиддӣ андешида нашаванд, хавфи терроризм ва экстремизм низ аз байн намеравад. Аммо кӯмаки давлатҳои пешрафта бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки мардуми кишварҳои ақибмонда дастнигар ё пойбанди барномаҳои иҷтимоӣ ва кӯмакҳои башардӯстона нагарданд.

Глобализатсия бояд худро аз ҷиҳати мусбӣ нишон диҳад ва бо роҳи таҳкими иқтисодиёт, тайёр кардани мутахассисон, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд. Бо кӯмаки давлатҳои пешрафта кишварҳои ақибмонда бояд захираҳои иқтисодии худро ба хотири баланд бардоштани иқтисодиёташон ба кор андозанд, сатҳи маърифат ва дониши наслҳоро густариш бахшанд ва технологияҳои навро аз худ намуда, ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ворид шаванд. Бечунучаро, кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар танҳоӣ масъалаҳои гарони иқтисодиашонро ҳал карда наметавонанд. Онҳо ба технологияи пешрафта, сатҳи баланди таҳсил, мутахассисони ботаҷриба, сармоягузорӣ ва дастгирии беғаразона мӯҳтоҷанд.

Хеле хуб аст, ки вақтҳои охир сарварони давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон аз минбарҳои баланд оид ба масъулияти худ дар назди кишварҳои дигар, зарурати ёрмандӣ ба онҳо ва гузаштан аз баҳри қарзҳои бисёрсола изҳори ақида менамоянд.

Вақте ки мо дар бораи ақибмондагиву камбизоатии кишварҳои Осиё сухан меронем, Тоҷикистони худро аз ин қатор истисно намекунем.

Инро пинҳон ҳам намедорем, зеро мардум бояд донад, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар байни дигар ҷумҳуриҳо аз ҳама қафомонда ва як қисми назарраси буҷет аз ҳисоби дотатсияи марказ буд. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ Тоҷикистон дар тараққиёти худ боз чандин даҳсолаҳо ақиб монд.

Бо дарки ҳамин воқеият мо барои се соли оянда Ҳучҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро қабул намудем, ки мақсад аз ин иқдом таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Дар ҳамин радиф мо кӯшиш карда истодаем, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва асноди қонунии кишварамонро ба меъёрҳои ҷаҳони муосир ҳарчи зудтар мутобиқ гардонем ва бо ҳамин роҳ барои таъмини шароити мусоид ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ заминаи ҷиддии ҳуқуқӣ ба вуҷуд орем. Вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам расонаҳои хабарии ҳангомаҷӯ дар хориҷа бо фармоиши доираҳои муайян, ки сулҳу субот дар кишвари мо ба манфиати онҳо нест, дар инъикоси вазъияти Тоҷикистон ба таҳрифкорӣ роҳ медиҳанд. Чунин муносибатро саҳл гирифтан хато аст. Онҳо манфиатдоранд, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун мамлакати ҷангзадаи ноором ва яке аз гузаргоҳҳои қочоқи маводи мухаддир муаррифӣ намоянд. Ба ин восита нангу номус ва иззату шарафи миллати куҳанбунёди моро паст заданӣ мешаванд ва чунин вонамуд месозанд, ки тоҷикон ба ҷуз ҷангу ҷидол ва ҷинояткорӣ пешаи дигар надоранд. Гӯё дар Тоҷикистон тайи солҳои охир ягон пешрафт, бунёдкорӣ ва бозёфтҳои тозаи илмию фарҳангӣ ба амал наомадаанд.

Чунин таҳрифкориҳо симои Тоҷикистонро доғдор месозанд ва барои ривоҷи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармоя ба мамлакатамон садди роҳ мегарданд. Ин кӯшишҳо ҷанги иттилоотиеро, ки чанд сол пеш идома дошт, ба хотир меорад: онҳое, ки ин ҷангро бар зидди мо сар карда буданд, мехостанд моро дар муҳосираи сиёсию иқтисодӣ қарор диҳанд.

Фикр мекунам, ки ин ҷо овардани чунин мисол бамаврид аст. Соли чорум аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият амал мекунад. Чунонки шумо медонед, он дар миқёси ҷаҳон назир надошт ва бори аввал дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз ҷумла, натиҷаи кори ҳамин Агентӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон мутобиқи баҳои Созмони Милали Муттаҳид аз ҷиҳати мусодираи маводи мухаддир дар миёни кишварҳои ҷаҳон ҷойи чорумро ишғол менамояд.

Ба ибораи дигар, 65 фоизи маводи мухаддир, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусодира карда мешавад, ба Тоҷикистон рост меояд. Агар Осиёи Марказиро гирем, ин нишондиҳанда ба 85 фоиз баробар мегардад. Вале расонаҳои хабарии ҳангомаҷӯ чунин мисолҳоро нодида мегиранд ва тӯҳмату бӯҳтонро авлотар медонанд. Шояд вақти он расидааст, ки мо Консепсияи сиёсат ва амнияти иттилоотии худро таҳия ва қабул намоем. Ин барои ҳифзи симои давлати Тоҷикистон ниҳоят зарур аст. Суханони ман чунин маъно надоранд, ки дар кишвари мо камбудию норасоиҳо мавҷуд нестанд. Онҳо ҳастанд, вале бигӯед, ки онҳо дар куҷо ва дар кадом давру замон набуданд.

Муҳим он аст, ки мо камбудиҳои худро медонем, дар ин бора ошкоро ҳарф мезанем ва аз пайи ислоҳи онҳо ҳастем. Вақте ки шаҳрвандон аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва ё минбарҳои гуногун камбудиҳоро ошкор месозанд, дар ҷомеаи демократӣ ин як чизи табиӣ аст. Ва мо инро бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ намоем. Вале мутаассифона, мо гоҳо акси ин ҳолатро мушоҳида мекунем. Баъзе шаҳрвандони мо чун аз кишвар берун мешаванд, дар ҷаласаву конфронсҳои гуногун дар ҳаққи давлати хеш носазо мегӯянд, ҷонибӣ Ватани худ санг меандозанд ва миллати хешро паст заданӣ мешаванд.

Ман инро, ки нишонаи сатҳи пасти маърифати сиёсӣ аст, нисбат ба Ватану миллати худ ношукрию кӯрнамакӣ меҳисобам. Ҳар шаҳрванди мо, ки ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунад, ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик ва номбардори давлати хеш аст.

Аз рӯйи ҳар сухан ва амали мо мардуми кишварҳои дигар дар бораи миллати тоҷик, дар бораи давлати Тоҷикистон тасаввурот ҳосил мекунад ва хулоса мебарорад. Агар мо дар пеши дигарон Ватан - Модари худ, ҳаммиллатони худро паст занем, магар қадру қиммати мо баланд мешавад? Пеш аз он ки чизе гӯем, бояд андеша кунем, ки он чи гуна акси садо медиҳад.

Мо инкор намекунем, ки аз касофати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бинобар дар ҳамсоягии Афғонистони ҷангзада қарор доштани Тоҷикистон баробари ба забон гирифтани номи кишвари мо дар пеши назари бархе аз ҷаҳониён як сарзамини бесарусомон ва гирифтори даргириҳо намоён мегашт. Вале акнун, баъди хотима ёфтани ҷанги тӯлкашида дар хоки Афғонистон мо метавонем умед бандем, ки кишварҳои пешрафта минбаъд ба Тоҷикистони орому босубот ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Дар ин робита мехоҳам ҳамчунин хотирнишон созам, ки моҳи июли соли гузашта ба муносибати панҷсолагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе доир ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон конфронси байналмилалӣ баргузор гардида буд.

Дар конфронси мазкур намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва даҳҳо созмону ташкилотҳои дигари байналхалқӣ ширкат намуданд. Онҳо таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро падидаи нодир номида, таъкид карданд, ки ин таҷриба бо дарназардошти хусусиятҳои милливу маҳаллӣ бояд дар минтақаҳои ноором ва кишварҳои гирифтори низоъҳои дохилии ҷаҳон истифода гардад.

Чун сухан аз нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли проблемаҳои низоми ҷаҳон рафт, бояд гуфт, ки солҳои охир ҳодисаҳои вайрон шудани Оинномаи он ба назар мерасанд. Дар айни замон эътироф бояд кард, ки баъзе муқаррароти Оинномаи мазкур ба шароити имрӯза дигар ҷавобгӯ нестанд.

Чунончи, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид асосан ба танзими муносибатҳои байнидавлатӣ нигаронида шудааст ва дар ҳолати низоъҳои дохилидавлатӣ, зиддиятҳои этникию миллӣ кам ба дард мехӯрад.

Имрӯз метавон гуфт, ки бо маҳдуд шудани нақши пешбарандаи Созмони Милали Муттаҳид дар низоми байналмилалии ҳуқуқӣ як фазои ҷиддии холӣ ба вуҷуд омадааст. Вале саволи мантиқие пайдо мешавад, ки оё як давлат ва ҳатто як гурӯҳи давлатҳо низоми ҷаҳон ва аз ҳама муҳимаш бехатарии ҷаҳонро таъмин карда метавонанд? Ба назари мо, ҳамаи давлатҳо, сарфи назар аз ин ки хурд ё бузурганд, узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд ва бояд дар раванди ҳодисот ва ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.

Махсусан вақте сухан дар бораи масъалаҳои глобалӣ меравад, ҳар як давлат метавонад садои худро баланд кунад ва ба ҳамовозии кишварҳои дигар чашминтизор бошад. Вобаста ба ин, мо метавонем бо қаноатмандӣ зикр намоем, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати Соли байналмилалии оби тоза эълон кардани соли 2003-юм дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон пазируфта шуд ва имрӯз дар сар то сари сайёра гузаронидани чорабиниҳои гуногун бахшида ба ин проблема идома дорад.

Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш дар шаҳри Киотои Япония бо назардошти аҳамияти ҳаётии проблемаи об пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди аз соли 2005 то соли 2015 эълон шудани даҳсолаи оби тоза ва ба Фонди наҷоти Арал додани мақоми муассисаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон аз ҷониби бисёр кишварҳои дунё хуш қабул карда шуд.

Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили коалитсияи байналмилалии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ аҳамияти бағоят муҳим дорад.

То ин дам аз минбарҳои гуногуни баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид борҳо таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намуда, таъкид сохта будам, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чун терроризми байналмилалӣ хусусияти глобалӣ гирифта, ба тамоми инсоният таҳдид мекунад. Ва ягон давлат, ҳатто агар абарқудрат ҳам бошад, дар танҳоӣ бар зидди ин вабои асру замон истодагарӣ карда наметавонад. Аз ин рӯ, онро фақат проблемаи Афғонистон ҳисобидан баробари худфиребист.

Бо назардошти ин, ман дар мулоқотҳои чандинкаратаи худ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва роҳбарони як қатор давлатҳои пешрафта масъалаи созмон додани коалитсияи муқтадирро бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миён гузошта будам.

Хушбахтона, мо имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки пешниҳодоти мо доир ба ин масъалаи ҷиддӣ мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ қарор гирифта истодаанд.

Аз фурсат истифода бурда, бори дигар изҳор менамоям, ки мо омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳастем. Ҳамчунин бояд гуфт, ки ҳар як давлат, сарфи назар аз он ки хурд аст ё бузург, метавонад дар сохтори муносибатҳои байналмилалӣ барои худ мақоми шоистае пайдо кунад ва дар кори беҳтар кардани муҳити зист ва низоми ҷаҳон ҳисса гузорад.

Имрӯзҳо баъзе шахсон ба худ савол медиҳанд, ки оё тамоюл ва пайравӣ аз арзишҳои ҷомеаи дунявӣ, аз чумла пазируфтан ва аз худ кардани арзишҳои Ғарб роҳи ягонаи пешрафт аст?

Ҷавоб чунин аст: ин тамоюл бо мақсади татбиқи усулу меъёрҳое пеш гирифта мешавад, ки тамоми олами мутамаддин мутобиқи онҳо зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, қабули арзиш ва дастоварди пешрафта кори дуруст аст. Ин мачмӯи муайяни меъёрҳоест, ки дар шароити кунунӣ аз он сарфи назар кардан мумкин нест.

Дар навбати аввал ин иқтисодиёти бозории тамоюли иҷтимоидошта, демократияи плюралистӣ, ки интихобӣ будан ва тақсимбандии шохаҳои ҳокимиятро дар назар дорад, озодии матбуот ва воридот ба иқтисодиёти ҷаҳонист.

Ин ҳама ғояҳои бофтаю сохта нестанд, балки аз таҷрибаи чандсадсолаи демократия бармеоянд. Аз рӯйи ин усулу қоидаҳо даҳҳо мамлакатҳое зиндагӣ мекунанд, ки мо онҳоро аз ҷумлаи давлатҳои пешрафта меҳисобем. Имрӯз шаҳрвандони ҳар кадом ҷамъияте, ки мехоҳад соҳибистиқлол гардад, бояд аз назария ва амалияи демократия огоҳӣ дошта бошанд.

Дар шароити ҳозира ягон давлат бе дастовардҳо, бе илму техника ва технологияҳое, ки дар Ғарб тавлид ёфтаанд, пешрафти худро таъмин карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, кирдори дар Афғонистон содиркардаи толибон, яъне куфр эълон намудани истифодаи радио, телевизион, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, поймол кардани ҳуқуқи занон ва монанди инҳо маҳз нишонаи тирагии хирад ва ҷаҳолат аст. Мо бояд фаҳмем, ки торикию ҷаҳолат дар пойи ҷомеа мисли занҷиранд ва то ҷамъият аз он раҳоӣ наёбад, ба ҷое намерасад. Бинобар ин донишу маърифатро мо бояд аз ҳама муқаддам донем ва муттасил дастовардҳои тозаи илму фарҳангро азбар намоем. Маҳз ҳамин нерӯи бузурги зеҳнӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ дар баробари муташаккилӣ, интизом ва меҳнатдӯстӣ ба олмониҳо имкон дод, ки баъди шикасти сахт дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз нав қомати худро рост кунанд ва кишвари харобгардидаи худро эҳё намуда, онро ба давлати мутараққии дунё табдил диҳанд ва сатҳи баланди зиндагии мардумашонро таъмин намоянд.

Мо ин суханонро дар ҳаққи Япония ҳам гуфта метавонем. Аз ҷиҳати захираҳои табиӣ ин кишвар душвориҳо дорад, вале бо вуҷуди ин Япония имрӯз аз чумлаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба шумор меравад. Технологияҳое, ки дар ин ҷо арзи вуҷуд мекунанд, дар саросари ҷаҳон паҳн мегарданд. Ин бори дигар аз сатҳи баланди маърифат ва пешрафти илму техника шаҳодат медиҳад. Албатта, ин чунин маъно надорад, ки мо бояд аз арзишҳои миллии худ рӯ гардонем, аз бартариятҳое, ки маънавиёти ғании Шарқ дорад, истифода накунем.

Мо танҳо роҳу равишеро, ки хоси мо ва ҷавобгӯйи манфиатҳои милливу давлатии мо нест, қабул намекунем. Роҳу равиши мо аллакай муайян аст, ки он эҳёи тозаи миллати куҳанбунёди мо ва таҳкими давлатдории тоҷикон дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва бо назардошти комёбиҳои ҷаҳони мутамаддин аст. Агар соддатар гӯем, ҳар арзише, ки ба манфиати миллату давлати мо ва ояндаи мост, қабул дорем.

Дар баробари ин, мо арзишҳои миллии худро бо таҷрибаю дастовардҳои навамон ҳифз мекунем, таблиғу ташвиқ менамоем ва ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ омодагии худро дар ҳалли проблемаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эълон дошта, кӯшиш мекунем, ки минбаъд низ саҳми арзандаамонро ба тамаддуни башарӣ ҳамроҳ намоем.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки як қатор равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла проблемаҳои муҳити зист, тавозуни муносибати инсон ва табиат андозаву миқёси хатарнок гирифта истодаанд. Чун сухан аз масъалаҳои экологӣ рафт, ҳаминро бояд гуфт, ки муносибати худбинона ва ҳатто барбаронаи инсоният дар тӯли асрҳо ба табиат боиси торафт маҳдуд шудани захираҳои ҳаётан муҳим мегардад. Ҳамчунин ҳар сол миллионҳо гектар ҷангалзор сӯхта нобуд мешавад. Эҳтимол дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо ғайричашмдошт бо суръати таҳдидкунанда обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби нӯшокианд, ба назар мерасад. Аз рӯйи мушоҳидаҳои мо дар давоми панҷоҳ соли охир дар кӯҳҳои Помир, ки ганҷинаи табиии оби тоза мебошанд, захираи пиряхҳо ду баробар кам шудааст. Агар ин ҳолат бетағйир монад, оқибатҳои онро тасаввур кардан мушкил нест.

Мувофиқи баъзе пешгӯйиҳо баъд аз соли 2010-ум 40 фоизи аҳолии ҷаҳон ё 3 миллиард одам пурра ё қисман аз обе, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ бошад, бебаҳра мемонад.

Ҳамаи ин бисёр ташвишовар аст. Умуман, яке аз сабабҳои асосии тақсимбандии нави ҷаҳон низ ба даст даровардани манбаъҳои боқимондаи сарватҳои табиӣ ва ашёи хом, пеш аз ҳама захираҳои сӯзишворӣ мебошад.

Дар баробари истифодаи фаровон аз сарватҳои табиат ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин марҳалаи ҳассос бояд ба андешидани тадбирҳои ҷиддӣ шурӯъ намояд, ки ин дар навбати худ оғози наҷоти аҳли башар аз садамаҳо ва фалокатҳои эҳтимолӣ гардад. Як омили умедбахш ин аст, ки сарварони давлатҳо ва сиёсатмадороне, ки ба равандҳои ҷаҳонӣ таъсир расонда метавонанд, оқибати хатару таҳдидҳои нави замонаро дарк карда истодаанд.

Бо дархости Созмони Милали Муттаҳид коршиносон тадқиқоти ҷолиб ба анҷом расонда, ба хулосаи ҷиддӣ омадаанд, ки ҳамаи мушкилоти мавҷуда аз лиҳози технологӣ ислоҳшавандаанд. Афкори илмӣ роҳи ҳалли проблемаҳои глобалиро дар аксари мавридҳо пайдо намудааст ё ба дарёфти он муваффақ мегардад. Лекин дар ин робита таъкиди як нукта муҳим аст, ки бо вуҷуди ин ягон кишвар ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳалли масъалаҳои глобалӣ баромада наметавонад. Аз ин рӯ, зарурати пайванд ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ қатъӣ ба миён омадааст. Саволе пайдо мешавад, ки ин кори муҳимро кӣ анҷом дода метавонад?

Дар даврони ҷанги сард, вақте ки ҳар кадом аз кишварҳои абаркудрат мехост ҷаҳонро ба таври худ идора кунад, инсоният гӯё дар миёни обу оташ қарор дошт. Вале баробари ба поён расидани ҷанги сард, аз як тараф муқовимати идеологӣ хотима ёфта бошад, аз тарафи дигар таносуби ҳарбие, ки солҳои зиёд устувор буд, халалдор шуд. Дар натиҷа ҷаҳони бесомон боз ҳам мураккаб гардид ва ба проблемаҳои мавҷуда хатару таҳдидҳои нав илова шуданд.

Дар навбати аввал тафриқаи этникию динӣ дар байни халқҳо ба мадди аввал баромад, барои авҷ гирифтани шиддат ва бархӯрду низоъҳо замина пайдо шуд. Имрӯз ба ҳама равшан аст, ки ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама муқовимати тамаддунҳо хатар дорад.

Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираҳои муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё экстремизм хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯйи инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест. Инро бояд ҳама дарк намоянд.

Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем, ба ҷойи муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯйи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯйи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризму экстремизм боқӣ мемонад.

Боз таъкид месозам, ки динро бо сиёсати давлатдорӣ ва масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ омезиш додан барои тамоми инсоният хатари ҷиддӣ дорад. Дар айни замон бояд дар хотир дошт, ки мутобиқи таҷрибаи андӯхташуда гуфтугӯи пурсамари тамаддунҳо, ҳамдигарфаҳмию ҳамкории судманди динҳои мухталиф танҳо дар шароити давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ имконпазир аст.

Имрӯз беш аз пеш яқин мегардад, ки равандҳои глобализатсия муносибатҳои навро тақозо мекунанд ва зарурати ба вуҷуд овардани консепсия ва назарияи нави ҷаҳонсозӣ ба миён омадааст. Бо эҷоди онҳо барои тараққиёти нави тамаддуни башарӣ замина гузоштан мумкин аст. Аз ин ҷараён ягон кишвари ҷаҳон бояд дар канор намонад, баръакс ҳамаи давлатҳо ба фазои умумии мубодилаи арзишҳои инсонӣ ҷалб карда шаванд. Бо такя ба иродаи халқи Тоҷикистон мо ҳамин мавқеъро интихоб кардаем ва дар ҳамин самт пеш хоҳем рафт.

Бо назардошти мавқеи хоси геополитикии Тоҷикистон мо омода ҳастем, ки барои ташкили гуфтугӯйи тамаддунҳо бо ширкати чеҳраҳои намоёни дунё ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Вақте сухан дар боби низоми нави ҷаҳонӣ меравад, пеш аз ҳама бунёди тамаддуни нав дар назар аст, ки башарият аз он бештар манфиат бардошта тавонад. Барои он, ки асри XXI на ба асри муқовиматҳо, балки ба асри гуфтугӯйи тамаддунҳо табдил гардад, сиёсатшиносону сиёсатмадорон ва пеш аз ҳама сарварони давлатҳои пешрафтаро лозим аст, ки дар атрофи проблемаҳои пешомада мулоҳизакорона ва дуруст андешаву амал намоянд.

Пеш аз ҳама ин нуктаро бояд қайд намуд, ки гуфтугӯйи тамаддунҳо бе гуфтугӯйи динҳои асосии ҷаҳонӣ ғайриимкон аст. Яъне қабл аз ҳама гуфтугӯ бояд аз гуфтугӯйи динҳо ҳамчун ҷузъи таркибии маънавиёт ва тамаддуни башар оғоз гардад. Кӯшишҳои беасосу ғаразноки доираҳои муайяни ҷаҳон доир ба муқобилгузории динҳои ҷаҳонӣ, бахусус даъвоҳои беасосу бардурӯғ нисбати дини моҳиятан инсонпарвари ислом ва кӯшишҳои ғаразноку моҷароҷӯёна дар хусуси бо терроризми байналмилалӣ алоқаманд донистани он бояд аз байн бардошта шаванд.

Аъмоли зишти созмонҳои террористию экстремистӣ ва фондҳое, ки ба онҳо кӯмаки молиявӣ мерасонанд, бо дини мубини ислом умумияте надоранд. Онҳо аз арзишҳои ислом бархурдор нестанд ва ин дини покро фақат ҳамчун парчами фаъолияти харобкоронаи худ истифода мебаранд.

Дар баъзе кишварҳо як падидаи номатлуб ба назар мерасад, ки он ба ҳам муқобил гузоштани динҳо, як динро аз дини дигар бартар донистан мебошад, ки оқибаташ хуб нест. Ҳамаи динҳо баробар сазовори эҳтироманд ва бояд ҳамчун сарчашмаи бузурги маънавӣ ва воситаи муассири тарбияи ахлоқӣ истифода шаванд. Дар чунин шароити печида ва авзои мураккаби сиёсӣ халқе ва миллате худро аз рӯйдодҳои нохуш ва оқибати фалокатбори онҳо ҳифз карда метавонад, ки дорои маърифати баланд ва фарҳанги сиёсӣ буда, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар қалбу шуури фарзандони он амиқ ҷой гирифта бошад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки мо ҳаргиз бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, истиқлолияти Ватанамон ва дастовардҳои онро азиз донему ҳифзу амнияташро ҳамеша таъмин намоем.

Вобаста ба ин мехоҳам, ки як чизро гаштаю баргашта таъкид намоям: ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад.

Фарзандони фарзонаи миллат инро амиқ дарк менамуданд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки шӯълаи худшиносии миллиро дар дили ҳаммиллатони худ бедор кунанд. Ба ёд орем сухани миллатсози устод Айниро дар оғози асри XX, ки барқасди ҳама бадхоҳони миллати тоҷик баланд садо дод ва то ба имрӯз барҳақ хизмати бузург дар назди миллати хеш мебошад.

Ба ёд орем китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуровро, ки дар миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта пайдо шуда, дар раванди худшиносии мардуми мо, алалхусус дар байни зиёиён як такони ҷиддӣ ба вуҷуд овард.

Ба ёд орем филмҳои таърихии "Қисмати шоир", "Коваи оҳангар", "Достони Рустам", "Рустам ва Сӯҳроб", "Достони Сиёвуш"-ро, ки дар бисёр кишварҳо паҳн гашта, рӯҳи абадзиндаи Рӯдакию Фирдавсии ватандӯстро зинда гардонданд ва ба оламиён аз гузаштаи пуршарафи миллати тоҷик, аз фидокориҳои аҷдоди сарбаланди мо ёдрас намуданд.

Вале бо вуҷуди ҳамаи ин истиқлолият ва фақат истиқлолият имконият дод, ки мо ғояи худшиносии миллиро парчами замон кунем ва ба пояи сиёсати давлатӣ бардорем, то ин ки ифтихори миллӣ бо шири модар, бо аллаи фаромӯшнопазири ӯ ва бо нахустин ҳарфҳои устод дар мактаб ба дилу шуури ҳар фарди тоҷик абадан ҷой гирад. Ман инро дар радифи истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва ризоияти миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои даҳсолаи охир дар таърихи миллати куҳанбунёди хеш медонам.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар Паёми соли гузашта аз ин минбари баланд эълом дошта будам, ки дар соли 2002-юм барои пешбурди фаъолонаи сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон имкониятҳои фаровон ба миён омадаанд. Ва имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи ба худ хосро ишғол намуда, эътибору манзалати он торафт мустаҳкам шуда истодааст.

Асоси фаъолияти хориҷии имрӯзаи кишвари моро сиёсати дарҳои кушода, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳад. Саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи мо, ки ҳадаф аз он аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дар симои Тоҷикистон дида тавонистани шарик ва ҳамкори боэътимод буд, натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Ва имрӯз мо метавонем бо қаноатмандӣ гӯем, кидар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи кишварҳо фикру мавқеи Тоҷикистон қадру қимати арзанда дорад. Акнун Тоҷикистон аз тарафи аҳли олам ҳамчун давлате шинохта шудааст, ки бемайлон бо роҳи демократия ва иқтисоди бозорӣ пеш меравад.

Мо мисли пештара рушду инкишофи робитаҳоямонро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чи дар асоси дуҷониба ва чи дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва созмонҳои гуногуни бо иштироки онҳо амалкунанда самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ мешуморем. Вале бояд дар назар дошт, ки равандҳои глобализатсионӣ дар тамоми ҷаҳон қабл аз ҳама дар соҳаи иқтисод зоҳир мешаванд. Ин ба муносибатҳои мо бо Россия низ дахл дорад. Бо вуҷуди гуфтугӯ ва мулоқотҳои усулан мусбӣ дар сатҳҳои гуногун робитаҳои иқтисодии мо бо Россия ба рушду нумӯъ ва такони тозае эҳтиёҷ доранд. Умед дорем, ки соли равон дар ин ҷода пешравиҳои назаррас ба амал хоҳанд омад.

Мо ният дорем, ки тадриҷан доираи ҳамкориҳоро бо кишварҳои пешрафта, ба мисли Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Франсия, Германия, Британияи Кабир, Италия, Канада, Япония ва ғайра васеъ гардонем.

Дар соли сипаришуда дар ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеаҳои муҳим рӯй доданд, ки онҳо аз бисёр ҷиҳат барои ояндаи минтақа бетаъсир намемонанд. Махсус бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо дар минтақа манфиатдор аст ва ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват менамояд.

Мо, сиёсатмадорон, вазифадорем, ки на дар сухан, балки дар амал робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ, истифодаи пурсамари захираҳои об, газ, қувваи барқ, гардиши бемамониати молу сармоя ва махсусан рафтуомади озоди шаҳрвандони кишварҳои ҳамдигарро таъмин кунем.

Вобаста ба вусъат ёфтани равандҳои глобализатсия баъзан кишварҳои як минтақа ҳам метавонанд мавқеъҳои гуногунро ишғол намоянд, вале мо ҳаргиз бояд ба ихтилоф роҳ надиҳем ва ба дӯстии анъанавии халқҳоямон рахна назанем. Мо бояд фирефтаи манфиатҳои яклаҳзаина набошем, ба эҳсосот дода нашавем ва собит намоем, ки сиёсатмадорони дурандеш ҳастем.

Бори дигар таъкид менамоям, ки Осиёи Марказӣ барои таъминоти ҳамаҷонибаи худ ва ҳамчунин содироти мол ба хориҷа тамоми захираҳоро дорад. Ба мо фақат муносибати беғаразонаву некбинона ба якдигар ва вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд зарур аст. Вобаста ба ин бояд гуфт, ки ташкил ёфтани созмони нави ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ як падидаи хуб аст. Баррасии масъалаҳои гуногуни рӯзмарра дар доираи он аз имкониятҳои потенсиалии ин сохтори нави минтақавӣ шаҳодат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар кори ин созмон фаъолона ширкат намуда, ба ин восита сатҳи ҳамкориҳои худро бо Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон баланд бардорад. Мо ҷонибдори дастаҷамъона ва бо назардошти манфиатҳои мутақобила ҳаллу фасл кардани ҳама мушкилоти минтақа ҳастем.

Муносибатҳо бо Афғонистони ҳамсоя ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Тоҷикистон аз рӯзи аввал тарафдории худро аз ҳукумати нави Афғонистон бо сарварии Ҳамид Карзай изҳор намуда буд. Мо ҷонибдори сулҳу суботи комил ва рушди иқтисодии кишвари ҳамҷавор мебошем. Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшишҳои мудохиларо ба корҳои дохилии Афғонистон қатъиян маҳкум намуда, мехоҳем, ки раванди сулҳ дар заминаи аз тарафи ҳамаи ҷонибҳои афғонӣ пазируфташуда идома ёбад.

Инкишофи муносибатҳо бо кишварҳои Осиё, бахусус бо Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Покистон ва Корея вазифаҳои рӯзмарраи сиёсати хориҷии мост. Махсусан ҳамкориҳо бо ин кишварҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат назари навро металабанд.

Мавқеи мо дар ин бобат аз он иборат аст, ки ҳамкориҳоямон ҷавобгӯйи талаботи замони ҳозира бошанд, зеро тавре ки дар боло гуфта шуд, дар айёми глобализатсия маҳз пешравии иқтисодӣ, чи дар минтақа ва чи дар кишварҳои алоҳида, кафили сулҳу субот шуда метавонад.

Имрӯз назари ҳамаи аҳли ҷаҳон ба сӯйи Ироқ нигаронида шудааст. Мо изҳори таассуф менамоем, ки иқдомоти то алҳол амалишудаи сиёсиву дипломатӣ натиҷаи дилхоҳ надоданд ва кор бо ҷанг анҷомид. Вале мо ҳанӯз ҳам ҷонибдори бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл шудани қазияи Ироқ ҳастем ва умедворем, ки ин тариқаи аз байн бурдани сабабҳои ҷанг ба нафъи ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд.

Соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ на танҳо чун минбари баррасӣ ва ҳалли проблемаҳои дорои аҳамияти глобалӣ, балки чун василаи фаъоли ҳамкорӣ ба нафъи кишвар низ рушди тоза касб намуданд.

Агар робитаҳои анъанавии мо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), Созмони конфронси исломӣ ва дигарҳо вусъати тозае гирифта бошанд, иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти Шӯрои ҳамкориҳои Аврупою Атлантика ва Барномаи НАТО "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ" дар раванди вусъати равобити хориҷии кишвар падидаи тозае буд.

Аҳамияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони имрӯза аз он иборат аст, ки бо истифода аз имконоти онҳо мо метавонем барои пешрафти кишвар воситаҳои заруриро ҷалб намоем.

Нахустин сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон, музокироти дар ҷараёни боздиди ӯ суратгирифта ва дастгирӣ ёфтани як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон далели онанд, ки сиёсати устувор ва мутавозини давлати мо аз ҷониби ин созмонҳо пуштибонӣ меёбад.

Ҳамчунин, мо аз вазъи муносибатҳоямон бо созмонҳои дигари байналмилалӣ, бахусус институтҳои молиявии ҷаҳон дар соли гузашта изҳори қаноатмандӣ менамоем. Бо вуҷуди ин, мо бояд барои такмил додани стратегияи ҳамкориҳо бо ин созмонҳо минбаъд низ кӯшиши зарурӣ ба харҷ диҳем. Ман қабл аз ҳама дастгирӣ ёфтани лоиҳаю барномаҳоеро дар назар дорам, ки барои тараққиёти иқтисодии кишварамон хизмат менамоянд.

Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонамон берун аз кишвар вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Мо аз воқеаҳои бо шаҳрвандонамон бахусус дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯйдода изҳори нигаронӣ менамоем.

Вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ бояд тамоми чораҳоро андешанд, то ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон берун аз Ватан сарпарастӣ ва ғамхории давлати худро эҳсос намоянд. Дар соли равон низ дар назди сиёсати хориҷии Тоҷикистон як қатор вазифаҳои муҳим истодаанд. Ин аз як ҷониб ҳифз ва пойдории натиҷаҳои мусбии дар ҷодаи робитаҳои хориҷии кишвар бадастомада бошад, аз ҷониби дигар вусъати ҳамкориҳо бо кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Иттиҳоди Аврупо, андешидани чораҳои муассир барои дар амал татбиқ намудани паймону қарордодҳои ҳосилгашта мебошад. Дар ин бобат мақомоти дахлдори мамлакат бояд ташаббус зоҳир намоянд, зеро ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафта ба фоидаи тарафайн бошад ҳам, ба он қабл аз ҳама ҷониби мо манфиатдор аст.

Яке аз нуктаҳои муҳими фаъолияти берунаи Тоҷикистон ин пеш гирифтани сиёсати прагматикӣ мебошад, ки дар ин бора дар Паёми порсола ба шумо арз карда будам.

Прагматизм маънии дақиқан мувофиқ гардонидани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ бо манфиатҳои миллии кишвар, ҳимояи фаъоли онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва бо ёрии омилҳои берунӣ мусоидат намудан ба ҳалли проблемаҳои дохилӣ мебошад. Ба ибораи дигар, сиёсати хориҷӣ бояд қабл аз ҳама барои рушди иқтисоди кишвар, ба мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва техникӣ мусоидат намояд. Вобаста ба ин бори дигар таъкид менамоям, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои дунё, ки ба ҳамкории беғаразонаву судманд манфиатдоранд ва ба кишвари мо бо назари нек менигаранд, ҳамеша омода аст.

Дар ин ҷода Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси нишондодҳои Паёми порсола бори нахуст дар таърихи навини кишварамон тасдиқ гардид, заминаи хуби ҳуқуқӣ гузоштааст. Дар он манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ҳимояи онҳо, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, вазифа ва салоҳияти мақомоти давлатӣ дар ин самт ба таври возеҳ муайян карда шудаанд.

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Мачлиси намояндагон!

Дар бораи масъалаҳои иқтисодӣ ва сиёсати давлат дар ин соҳа, дастовардҳо ва мушкилоти иқтисодӣ, вазифаҳои Ҳукумат ва мақомоти он дар ин бахш дар ҷаласаи васеи Ҳукумат доир ба ҷамъбасти соли 2002-юм ва вазифаҳо барои соли ҷорӣ муфассал сухан ронда будам. Дар ҳамон ҷаласа инчунин вазъи соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, сиёсати давлат дар бахши ҷавонон, занон ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Воқеан қисми зиёди масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар ин соҳаҳо аз Паёми соли гузашта бармеоянд ва як қисми онҳо дар давоми соли 2002-юм иҷро шуданд. Бинобар ин, доир ба масъалаҳои зикршуда имрӯз бори дигар таваққуф кардан, ба назарам, ҳоҷат надорад. Мехоҳам андешаҳои худро танҳо роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки ин соҳаҳо ва вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо мухтасар ва ба тариқи масъалагузорӣ баён намоям.

Дар давоми як соле, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, Ҳукумат фаъолияти худро дар доираи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи муносибатҳои бозорӣ идома дода, ба болоравии тадриҷии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ноил гардид. Вазъи иқтисодии мамлакат дар соли гузашта ба қадри имкон беҳтар гардида, қариб дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт зиёдшавии ҳаҷми истеҳсолот ба даст омад.

Болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар соли гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт, тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат сол то сол заминаи мусбӣ гузошта истодааст. Ҳарчанд нишондиҳандаҳои бадастомада назаррас бошанд ҳам, рафти ислоҳот тезонидани ҷараёни дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, мустаҳкам намудани низоми молиявию бонкӣ ва ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ривоҷ додани дигаргунсозиҳои сохториро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт тақозо менамояд.

Моҳи декабри соли 2002-юм аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон оид ба дастгирии барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи механизми паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ барномаи мушаххас тасдиқ шуд. Дар доираи ин барнома, ки дар давоми се соли оянда аз ҷониби Ҳукумат амалӣ мешавад, дар бахшҳои сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ, идораи қарзҳои берунӣ ва ислоҳоти сохторӣ чорабиниҳои ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд.

Вазифаи асосии соли равон - соли оғози татбиқи Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ин пурра ва сари вақт амалӣ гардонидани мақсадҳо ва нишондиҳандаҳои зерин мебошанд:

Якум, бо назардошти самаранок намудани сиёсати макроиқтисодӣ ва таъмини устувории молиявӣ бояд афзоиши иқтисодиёт на кам аз 6 фоиз ва меъёри инфлятсия ба андозаи 7 фоиз таъмин карда шавад;

Дуюм, бо назардошти таъмини маблағгузории зарурии лоиҳаҳои афзалиятнок ва мақсаднок, ки метавонанд дар ояндаи наздик ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намоянд, барномаҳои давлатии инвеститсионӣ такмил дода шаванд.

Соли равон дар мамлакат як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар назар дошта шудаанд, ки вохӯрии машваратии сармоягузорон - донорҳо аз ҷумлаи онҳо мебошад ва мақсади асосӣ аз гузаронидани он ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аст.

Бо назардошти маҳдудияти имкониятҳои буҷети давлатӣ ва имкониятҳои азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда бояд истифодаи самаранок ва мақсадноки кӯмакҳои беруна ба роҳ монда шавад. Маблагҳои ҷалбшавандаро пеш аз ҳама ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт равона кардан лозим аст, ки рушди иқтисодиёт ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз болоравии онҳо вобаста мебошад.

Сиёсати буҷетии соли ҷорӣ мисли соли гузашта пеш аз ҳама ба рушди соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст ва ба ин мақсад 43 фоизи хароҷоти умумии буҷет пешбинӣ гардидааст.

Бояд қайд кард, ки Буҷети давлатии соли равон на танҳо хусусияти истеъмолӣ, балки хусусияти буҷети тараққиётро низ дорад.

Яке аз самтҳои асосӣ ва муайянкунандаи қисми даромади буҷети давлатӣ ин такмили минбаъда ва таҳияи нави кодексҳои андозу гумрук мебошад. Ҳадаф аз ин баҳисобгирии пурра ва қатъии объект ва субъектҳои андозситонӣ, боз ҳам соддатар гардонидани ҷараёни андозбандӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба содироти мол ва дар ниҳояти кор зиёд намудани ҳиссаи андозҳо дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад.

Торафт кам кардани қарзи беруна ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барои амалӣ намудани ин вазифаҳо стратегияи кам кардани қарзи берунаро қабул намудан зарур аст ва татбиқи он бояд зери назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта бошад.

Ҷустуҷӯйи механизмҳо ва усули иҷрои воқеии вазифаҳои дар Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ зикргардида дар фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз бартариятҳои асосӣ мебошад.

Дар ин маврид мақсади дигаргунсозиҳои сохторӣ бояд беҳбудии сифат ва самараи идоракунӣ, бартараф сохтани монеаҳои бюрократӣ дар сари роҳи густариши ташаббусҳои хусусӣ, соҳибкорӣ ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб намудани сармоягузорӣ, фароҳам овардани ҳавасмандии воқеӣ барои афзоиши нерӯи содиротии мамлакат бошад. Бе системаи мустаҳкам ва устувори бонкӣ тараққиёти иқтисодии ягон мамлакат имкон надорад. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкӣ дар ҷумҳурӣ оид ба таъмини фаъолияти оқилонаи Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи махсус таҳия карда, инчунин таҷдиди сохтории Бонки миллӣ ва бонки саҳомию тиҷоратии "Агроинвестбонк" гузаронида шавад.

Бо назардошти ин оид ба баланд бардоштани сатҳи фаъолият, хизматрасонӣ ва дараҷаи боварӣ ба бонкҳо бояд ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Қобили қайд аст, ки ба ҳамин хотир ва ҷиҳати амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон" аз 12 марти соли ҷорӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқаррар намудани давраи қонунигардонии маблағҳои пулӣ" ба имзо расид, ки он метавонад ба тағйироти мусбӣ дар ич самт оварда расонад. Вале ин ҳанӯз кифоя нест. Зарур аст, ки дар марҳалаи дуюм ин иқдом дар мавриди барасмиятдарории арзиши воқеии моликият аз рӯйи нархҳои бозорӣ идома дода шавад.

Барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи бонкӣ аз тарафи Ҳукумат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" барои баррасӣ ба Парламент равон карда шудааст ва ҳарчи зудтар қабул кардани он як омиле барои мустаҳкам намудани иқтисодиёти кишвар мебошад.

Зарурати омода кардани заминаи ҳуқуқӣ барои ташаккули сохторҳои маблағгузории хурд, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва такмили фаъолияти онҳо ба миён омадааст. Ҳалли ин масъала шуғли табақаҳои камбизоати аҳолиро таъмин намуда, барои зиёд шудани даромади онҳо мусоидат мекунад.

Вобаста ба ин зарур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" Дар бораи ташкилотҳои молиявии хурд" аз ҷониби Бонки миллӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Масъалаи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон низ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ ва ҳалталаби рӯз аст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда аз шумораи умумии аҳолӣ як миллиону 840 ҳазор нафар аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, яъне қобили кор аст. Дар ин масъала сиёсати давлат пеш аз ҳама ба таҳияи чорабиниҳо доир ба муҳайё кардани ҷойи кор ва таъмини шуғли аҳолӣ дар дохили кишвар нигаронида шудааст. Бо ин мақсад чанд рӯз пештар Қарори Ҳукумат доир ба тасдиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005 қабул шуд. Мувофиқи чорабиниҳои ин барнома таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳамчун яке аз роҳҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ муайян шудааст. Дар муддати зикршуда бояд зиёда аз 210 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда шавад. Татбиқи барномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар давоми солҳои 2003-2005-ум зиёда аз 350 ҳазор нафар, аз ҷумла бештар аз 140 ҳазор нафар бо кӯмаки мақомоти дахлдори давлатӣ бо шуғл фаро гирифта шаванд.

Масъулияти иҷрои барнома ҳамчунин ба зиммаи роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва дигар сохторҳои дахлдори давлативу ғайридавлатӣ қарор дорад.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дигаргунсозиҳои сохторӣ дар истифодаи замин ва таъмини устувори бехатарии озуқавории кишвар соли гузашта ҳаҷми умумии маҳсулот 15 фоиз афзуд. Дар даҳ соли охир бори аввал пешгӯйиҳои истеҳсоли навъҳои маҳиннахи пахта таъмин гардид. Аввалин маротиба ба беруни ҷумҳурӣ ғаллаи тухмӣ ба фурӯш бароварда шуд. Дар мамлакат бори аввал истеҳсоли ғалладонагиҳо зиёда аз 700 ҳазор тонна ва истеҳсоли картошка ба 357 ҳазор тонна расонида шуд.

Вале дар баробари ин, на ҳама вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия вазифаҳои дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ба зиммаашон гузошташударо оид ба истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда ва дар ин асос афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин карда тавонистанд.

Бо мақсади расидан ба натиҷаҳои минбаъдаи мусбӣ дар соҳаи кишоварзӣ тезонидани ҷараёни ислоҳот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин аст.

Яке аз проблемаҳои асосие, ки имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ вуҷуд дорад, ин тақсими одилонаи замин мебошад. Бори дигар таъкид месозам, ки замин бояд пеш аз ҳама ба шахсоне дода шавад, ки истифодаи мақсаднок ва самараноки онро таъмин карда тавонанд.

Проблемаи дигар - надонистани қонуну қоидаҳои амалкунандаи тақсимоти замин, ҳуқуқи истифодаи он аз ҷониби истифодабарандагони замин мебошад.

Дар шароити кунунӣ анҷоми сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯдаю Роғун, туннели Анзоб, роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Хоруг – Қулма - Қароқурум, Душанбе - Ҷиргатол ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат, инчунин идомаи таҷҳизонидани кони гази Хоҷабоқирғон дар назди ҷомеаи мо ҳамчун ҳадафи умумимиллӣ боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, дар навбати аввал сохтмон ва фаъолияти ин объектҳоро таъмин намудан зарур аст. Ҳоло ҳамаи маблағҳои мавҷуда, аз ҷумла сармоягузориҳои бо ин мақсад ҷалбшуда ва маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок бадастомада барои идомаи сохтмони иншоотҳои мазкур равона карда шудаанд. Аз Ҳукумати марказӣ ва вазорату идораҳои дахлдори он сар карда, то мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шахсони масъули сохторҳои иқтисодӣ ва умуман бахшҳои воқеии иқтисодиёт як нуктаи ниҳоят муҳимро ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки аз фаъолият ва натиҷаҳои истеҳсолии онҳо тақдири яке аз соҳаҳои муҳимтарини зиндагии ҷомеа, яъне иҷтимоиёт вобастагии бевосита дорад. Мо бояд тавре кор кунем, ки таъминоти нафақахӯронро мунтазам беҳтар карда тавонем, сатҳи маош, кӯмакпулии донишҷӯён ва навъҳои дигари пардохтҳои иҷтимоиро зина ба зина баланд бардорем.

Бо ин мақсад ба Вазорати молия, Вазорати иқтисод ва савдо, дигар мақомоти дахлдор супориш медиҳам, ки барои ҳар сол на кам аз 25 фоиз зиёд намудани маош, нафақа, кӯмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ тадбирҳои лозима андешанд.

Фаъолияти пурсамари дигар бахшҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра низ ба натиҷаи пешрафти мо дар иқтисодиёт вобастаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз ҳама мушкилот ба соҳаи иҷтимоиёт, махсусан ба чунин бахшҳои муҳими он ба мисли маориф ва тандурустӣ мартабаи афзалиятро медиҳад.

Дар даҳ соли охир ҷиҳати таҷдид ва рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Фақат дар соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 120 млн. сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 36 млн. сомонӣ равона карда мешавад. Ба ғайр аз ин бо сабаби зиёд шудани нархи қувваи барқу газ барои оилаҳои камбизоат 12 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ дар буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар панҷ соли охир барои эҳтиёҷоти соҳаҳои зикргардида Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 90 млн. доллари ШМА маблағҳои Ташкилотҳои байналмилалии молиявиро ҷалб кардааст, ки аз он зиёда 40 млн. доллари ШМА аз худ карда шудааст.

Дар натиҷа дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 310 иншоот дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз нав барқарор карда ба истифода дода шудааст, аз он ҷумла 210 мактаб, 100 иншооти соҳаи тандурустӣ, инчунин ба миқдори зиёда аз 15000 адад мизу курсӣ ва аз рӯйи 37 номгӯ дар ҳаҷми 3,4 млн. нусха китобҳои дарсӣ ба мактабҳои миёна тақсим карда дода шуд. Ҳоло бошад, дар 160 иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ корҳои таъмириву барқароркунӣ идома доранд.

Мо хуб медонем, ки бидуни густариши соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба рушди иқтисодиёти пешрафта ноил шудан душвор аст. Вақте мо дар бораи тарбияи наслҳои нав - ояндаи миллат сухан меронем, фаромӯш набояд кунем, ки онҳо бояд дар мактабҳои бо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла компютер муҷаҳҳазшуда таҳсил намоянд, устодони хуб таълимгирифта, китобҳои дарсии ба шароити истиқлолият ва мушаххасоти миллӣ ҷавобгӯ дошта бошанд.

Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техникаву технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъӣ талаб мекунад.

Имрӯз бо мақсади васеъ ба роҳ моидани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ ҳамчун талаби давру замон фармони Президенти Тоҷикистон ба имзо расид.

Мақомоти дахлдори соҳаи маориф ва тамоми сохторҳое, ки бо тарбияву таълими насли наврас машгуланд, бояд иҷрои муқаррароти ин фармонро ба таври ҳатмӣ таъмин намоянд. Бори дигар таъкид менамоям, ки бе надонистани якчанд забони хориҷӣ роҳи наслҳои оянда ба сӯйи пешрафт баста мегардад.

Фаъолияти Ҳукумат, муассисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ, радиову телевизион, созмонҳои ҷавонон, занон ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ танҳо ба як ҳадаф - хизмат ба халқ, ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии мардум, тарбияи инсони нави аз лиҳози маънавиёту ахлоқ пешрафта, дорои ҷаҳонбинии нав, ватандӯст, худшинос ва худогоҳ бояд равона карда шавад. Барои ин мо бояд шароити зарурии ҳавасмандсозии моддию маънавиро ба вуҷуд орем. Зеро танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, обрӯву нуфузи Тоҷикистон ва хулоса ба ояндаи Ватан умед баста метавонем.

Дустони азиз!

Нуздаҳуми марти соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди як гурӯҳ аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, раъйпурсии умумихалқиро доир ба ин масъала таъйин намуд. Аз вақти қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.

Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шаванд, то ин ки онҳо ба талаботи давру замон мувофиқ бошанд.

Дар давраи солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне аз соли 1991 то охири соли 1999 аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 340 ва аз соли 2000-ум то охири соли 2002-юм аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 172,қонуни гуногун қабул карда шудаанд. Як қисми онҳо қонунҳои нав буда, қисми дигарашон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи мамлакат мебошанд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки дар айни замон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 23 қонун фиристода шудааст, ки рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намоянд. Мутаассифона, соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матни он ҷойдошта бартараф карда шуданд.

Имрӯз меъёрҳои Конститутсияи мо бояд ба стандартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ бошанд, ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва татбиқи муносибатҳои нави иқтисодӣ дар кишварамон мусоидат намоянд. Махсусан масъалаи таъмини воқеии ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва таҳсил ба талаботи муносибатҳои нави иқтисодӣ ҷавоб намедиҳанд.

Ин меъёрҳои Конститутсия бояд ба стандартҳои умумибашарӣ ва талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мутобиқ бошанд.

Дар баробари дигар масъалаҳои муҳим масъалаи мукаммал намудани ҳокимияти иҷроия бо назардошти такмили ҳокимияти қонунгузор ва судӣ низ дарҷ гардидааст. Махсусан бо мақсади таъмини воқеии мустақилияти ҳокимияти судӣ ба моддаҳои 84, 85 ва 89 тағйироту иловаҳои ҷиддӣ пешниҳод шудаанд, ки хеле бамаврид мебошанд. Яъне моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаи он дар сатҳи Конститутсия дақиқ муайян карда мешавад. Мӯҳлати ваколати судяҳо ба ҷойи 5 сол 10 сол ва синну соли ниҳоии шахсоне, ки ба ин вазифа таъин ё интихоб мешаванд, ба ҷойи 60 сол 65 сол пешниҳод шудааст. Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти рукни сеюми ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти судӣ пешбинӣ шудаанд. Умуман ҳамаи он тағйироту иловаҳое, ки ҷиҳати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан пешниҳод шудаанд, ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд.

Вазифаи бетаъхири имрӯз аз он иборат аст, ки мазмуну мӯҳтавои ҳар як қисми тағийроту иловаҳои пешниҳодшуда ба мардум фаҳмонида шавад. Интихобкунанда бояд амиқ донад, ки барои чӣ раъӣ медиҳад.

Бояд қайд кард, ки ҳалли ниҳоии масъалаи мазкур аз иродаи шаҳрвандони кишварамон вобастагӣ дорад. Иштироки ҳарчи бештари нозирони байналмилалӣ ва намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналхалқиро таъмин кардан лозим аст, то ин ки онҳо ҷараёни баргузории раъйпурсии умумихалқиро озодона назорат карда тавонанд. Боварӣ дорам, ки ин чорабинии хеле муҳими сиёсӣ бо риояи тамоми меъёрҳои демократӣ ва дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

Таҳия ва қабули қонунҳои нав, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба рафти ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бояд мусоидат намоянд. Баъзе қонунҳои то Конститутсияи кунунӣ қабулшуда ҳоло ҳам мавриди амал қарор доранд. Онҳо ба талаботи имрӯзаи ҳаёти ҷомеа ҷавобгӯ набуда, муносибатҳои нави ҷамъиятиро пурра ва дуруст танзим карда наметавонанд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа", ки аввали декабри соли 1994 қабул шуда буданд, низ дар баъзе мавридҳо ба Конститутсия ва як қатор қонунҳо мутобиқат намекунанд. Аз ин рӯ, таҳия ва қабули ин қонунҳо дар таҳрири нав тақозои замон аст.

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи иқтисодиёт замина гузошта, баҳри пурра татбиқ ёфтани он қабули қонунҳои алоҳидаро пешбинӣ менамояд.

Пас аз қабули Кодекси номбурда мақоми олии қонунгузор як қатор қонунҳоро вобаста ба муносибатҳои иқтисодӣ қабул кард. Аммо дар баробари ин як қатор қонунҳо, ки қабули саривақтии онҳо бевосита ба пурра амалӣ гардидани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои иқтисодӣ таъсир мерасонанд, то ҳол таҳия нагардидаанд.

Қонунҳои навқабулшаванда бояд муносибатҳои ҷамъиятиеро ба низом дароранд, ки онҳо пештар аз мадди назари қонунгузорӣ берун монда буданд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои қонунии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатиро ҳифз менамояд.

Эълон доштани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин арзишҳои аз ҳама воло эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар он аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо дорад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оранд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ ҳамчун ягона мақоми баамалбарорандаи адолати судӣ ҷоннок карда шавад. Зеро суд мақомест, ки танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба он ҳуқуқи маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон иҷозат дода шудааст.

Адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон устувор бошад.

Ҳамватанони азиз!

Интихоб намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ, муайян сохтани вазифаҳои аввалиндараҷа барои як давраи томи таърихӣ ва таҳияи барномаи мушаххас ба хотири ҳалли мушкилоти дарпешистода кори осон нест. Чунки дар ин дунёи пурҳаводис ҳама чизро пешбинӣ кардану тамоми мушкилотро дар назар доштан имкон надорад.

Лекин ҳамин чиз мусаллам аст, ки таҳияи самтҳои афзалиятнок хеле зарур аст. Зеро он имконият медиҳад, ки мо тамоми кӯшишу ғайрат ва имкониятҳои худро ба хотири ободии минбаъдаи кишвар равона созем.

Бо вуҷуди он, ки ҷомеаҳои роҳи демократиро интихобнамуда баҳри дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд ва мехоҳанд доираи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худро васеътар созанд, муваффақияти ин иқдомот дар навбати аввал аз он вобастагӣ дорад, ки принсипу институтҳои демократӣ дар кору аъмол, зиндагӣ ва ақлу шуури шаҳрвандон то чӣ андоза амиқ ҷой мегиранд.

Идеалҳое, ки халқҳоро барои озодӣ ҳидоят мекунанд, танҳо ҳамон вақт метавонанд амалӣ шаванд ва аз санҷиши замон гузаранд, ки одамон ба маънии демократия сарфаҳм раванд ва ба қадри он расанд. Одамон дар худ бояд чунин хислат ва арзишҳоеро тарбия кунанд, ки бе онҳо худи мавҷудияти демократия ғайриимкон аст.

Агар ҳар як насл арзишҳо ва маънии демократияро ба андозаи кофӣ донад, ин шакли идора устувор ва боравнақ хоҳад буд. Ҳадафи ниҳоии мо маҳз бунёди чунин ҷомеа мебошад.

Дар давоми солҳои охир мо тамоми кӯшишу ғайратро ба он равона сохтем, ки ба ҳалли ду масъалаи барои ҷомеаи мо ҳаётан муҳим муваффақ шавем.

Якум, Тоҷикистон воқеан давлати озоди мустақил гардид. Наслҳои минбаъда инро шояд ҳамчун як атои замона ва пирӯзии осон бадастомада ҳисоб кунанд. Вале мо, насли имрӯза, нағз медонем, ки истиқлолият ба мо бар ивази чӣ қадар талошу ҷонбозиҳо даст дод.

Масъалаи дигаре, ки дар назди ҷомеаи мо қарор дорад, ба амал баровардани ислоҳоти куллии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин масъала ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст, ҳарчанд ки дар баъзе самтҳо мо ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил гаштаем.

Ин чунин маъно дорад, ки мо барои муваффақиятҳои минбаъда замина гузоштем ва бояд ба пешрафти худ суръати тоза бахшем. Акнун зарур аст, ки вазъиятро чуқур таҳлил кунем ва дастовардҳои худро аз нуқтаи назари таҷрибаи ҷаҳонӣ қиёс намоем. Ва бояд ҳатман ҷиҳатҳои сусти фаъолияти хешро муайян намуда, барои ислоҳи онҳо кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёт ва мушаххасоти муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аз қабили моликияти хусусӣ, иқтисоди бозорӣ, ҳуқуқи инсон, гуногунандешии сиёсӣ ва ғайра сабти равшани худро ёфтаанд.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки мафхуму истилоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутаассифона, дар зеҳну шуури оммаи васеи мардуми чумҳурии мо то ба ҳол ба қадри бояду шояд маълуму маъмул нагаштааст.

Вақте мо аз боби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама як нуктаро бояд ба назар гирифт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд якҷоя пайдо мешаванд, мазмуну мундариҷаи ҳамдигарро пурраву комил месозанд ва равнақ меёбанд. Ҳамбастагӣ ва ҳамкории онҳо чунин маъно дорад, ки дар ҳаёти сиёсиву ичтимоии ҷомеа ба ҳамаи шаҳрвандон барои ширкат дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Ва рисолати давлати ҳуқуқӣ дар он аст, ки тамоми имкониятҳоро ба вуҷуд меорад, то ки ҳар як шахсият нерӯи зеҳниву ҷисмонии худро дар ҳамаи самтҳои фаъолияташ дар асоси волоияти қонунҳои қабулгардидаи демократӣ ва таъмини баробарҳуқуқии шахс дар назди қонун пурра истифода карда тавонад.

Ба ҷомеаи шаҳрвандӣ фақат шакли демократии фаъолиятдории давлат метавонад таҳким бахшад. Яъне ҳар қадар, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, ба ҳамон андоза давлати демократӣ тараққӣ меёбад. Яке аз шартҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин рушду нумӯи бахши хусусии моликият мебошад. Зеро фақат моликияти шахсӣ қодир аст, ки шаҳрванди мустақилро эҷод намояд.

Танҳо одамони озод, соҳибмулку соҳибихтиёр метавонанд ҷомеаеро ташкил диҳанд, ки онро метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ номид. Дар навбати худ ҷомеаи шаҳрвандии пешрафта ба пайдоиши давлати ҳуқуқӣ асос мешавад.

Вақте мо ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯем, қабл аз ҳама маҷмӯи муносибатҳои ғайридавлатӣ ва ғайрисиёсиро дар назар дорем, ки доираи муносибатҳои махсуси фардҳои озод ва иттиҳодияҳои онҳоро дар бар мегирад. Пас, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ин сатҳи ниҳоят баланд ва мукаммали умумияти инсонҳо бошад, моро зарур аст дар қатори таҳия ва қабули қонунҳои демократӣ, адолатпеша ва ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷавобгӯ, барои рушди иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон аз қабили умумиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ, эҷодӣ ва ғайра шароит муҳайё намоем. Ба танзим даровардани урфу одат ва расму оинҳои миллии мо низ аз ҷумлаи чунин вазифаҳо маҳсуб меёбанд.

Ҳамин тавр озодии моддӣ, сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ, шахсӣ ва дахлнопазирии шарафи инсонӣ аз арзишҳои асосиву аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Яъне ҷамъиятеро, ки барои шаҳрвандони хеш тамоми шароити зарурии зисту зиндагӣ ва фаъолияти истеҳсоливу ҷамъиятиро муҳайё сохтааст, метавонем ҷомеаи шаҳрвандӣ номем. Шарти ниҳоят муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевосита ва беасосу бедалели мақомоти давлатӣ озод будани шаҳрвандон аст. Аз ин лиҳоз, ташаккули заминаи қонунии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти қонунгузор ва намояндагӣ мебошад.

Дар ташаккули демократияи устуворамалкунанда ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне сохти худтанзимкунанда ва ошкорои муносибатҳои байни одамон нақши калон мебозад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибату сохтори байнишахсӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар ҷомеа бе дахолати бевоситаи давлат ва берун аз сохтори давлат инкишоф меёбад ва барои демократия, ҳуқуқу озодиҳои шахсият ва ҷомеа шароит муҳайё мекунад. Дар тӯли чанд соли охир дар натиҷаи барқарории сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ташаббускории шаҳрвандон афзоиш ёфт. Дар натиҷа як силсила ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии нав арзи вуҷуд намуданд ва ҳоло дар фазои ичтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ озодона фаъолият мекунанд.

Мавҷудият ва амали ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ яке аз аломатҳои ташаккули демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Давлат на ҳама вақт имконияти ҳал намудани масъалаҳои мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаро дорад. Он масъалаҳое, ки барои ҳаллашон дасти давлат намерасад, аз ҷониби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ метавонанд ҳал карда шаванд.

Аз ин рӯ, ҳамкории самараноки давлат бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бояд дар самтҳои зерин инкишоф ёбад:

Аввалан, ба шаҳрвандон имконияти бештар баҳри инкишофи ҳисси масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ дар ривоҷи ҷамъиятҳои мухталифи ҳунармандиву тиҷорат, ташкилу ривоҷи хоҷагиҳои гуногуни деҳқонӣ ва дигар шаклҳои иттиҳодияҳои шаҳрвандон дода шавад.

Сониян, фикру ақидаҳои шаҳрвандон, пешниҳоду талаботи қонунӣ ва қобили қабул ба назар гирифта шаванд.

Ҳамчунин иштироки васеи шаҳрвандон, дар барномаҳои иҷтимоии давлат, ки ба инкишофи устувори ҷомеа равона пгуда бошад, таъмин карда шавад.

Нисбати занони деҳот ва баланд бардоштани маърифатнокии онҳо бояд ҳамаи ташкилотҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсӣ фаъолияти худро ҷоннок намоянд, зеро хавфи ба хурофоти асримиёнагӣ кашидани занон дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Чуноне ки чанде пеш дар маҷлиси идона ба муносибати иди занон гуфта будем, мо бояд дар симои зан шахсиятро тарбия намоем, то ин ки ӯ дар ҷомеа мақоми шоистаи худро ёфта тавонад. Яке аз талаботи асосии демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамин аст.

Воситаҳои ахбори омма бояд ҳарчи бештар барои тарғибу ташвиқи идея ва бартариву моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бори дигар таъкид бояд кард, ки тасаввуроти комил дар бораи камбудию норасоиҳо ва ҷиҳатҳои ислоҳталаби фаъолияти мо имрӯз беш аз пеш зарур аст. Мо бояд имконият ва бартариятҳои кишвари худро донем, то ин ки аз онҳо пурмаҳсул истифода карда тавонем.

Роҳу равиш ва таҷрибаи як қатор давлатҳои Осиё, ки ҳанӯз се-чор даҳсола пеш дар ҳолати қашшоқию бенавоӣ қарор доштанд, вале имрӯз ба давлатҳои мутараққӣ табдил ёфтаанд, барои мо намунаи ибрат шуда метавонанд. Мо умедворем, ки дар оянда кишвари мо низ ба чунин сатҳи баланди тараққиёт мерасад.

Албатта, ҳеҷ чиз худ ба худ ҳосил намешавад. Барои тараққиёти устувор ва муваффақиятнок марҳилаҳои муайян хосанд. То он даме, ки мо иқтисодиёти пурқувват ба вуҷуд наорем, на давлати муқтадир месозем ва на ба ҳалли масъалаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ муваффақ мешавем.

Мо нағз медонем, ки ривоҷи босуръати иқтисодиёт ба омили муҳими дигар - сулҳу субот дар кишвар ва минтақа зич алоқаманд аст.

Мафҳуми сулҳ барои мо - тоҷикон маънии махсус касб намудааст ва дар бораи аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, миллӣ ва фарҳангии он бисёр сухан рондан мумкин аст. Сулҳ ин интихоби озод аст.

Ба ибораи дигар, кувваҳои сиёсие, ки мақсад ва ҳадафҳои муайян доранд, ба умеде ба сулҳ рӯ меоранд, ки он барои фаъолияти озод ва расидан ба ҳадафҳои стратегиашон шароит ба вуҷуд меорад. Маънии асосии сулҳ дар он аст, ки қувваҳои гуногуни сиёсӣ ба ақида ва мавқеи якдигар ҳисси эҳтиром дошта бошанд. Ин шарти асосии фарҳанги сулҳ мебошад, ки имрӯз бе он ҷомеаи мутамаддинро тасаввур кардан амри маҳол аст.

Мо тамоми иқдом, тамоми кӯшиш, тамоми ҳаракатро, ки ба ҳифзи сулҳу субот, ба таҳким ва побарҷоии онҳо нигаронида шудаанд, бояд ҳамчун кӯшиши эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷик, таҳкими пояҳои давлату давлатдории навини тоҷикон маънидод кунем. Ин чиз аз ҳама авло ва муқаддам аст.

Бигузор мардуми Тоҷикистон огоҳ бошад, ки фарзандони мо, наслҳои оянда дар кишвари ободу озод, мутамаддин ва пешрафта зиндагӣ мекунанд. Умеди мо бар он аст, ки Тоҷикистон ба маркази Аврупою Осиё, ба ҳалқаи пайванди тамаддунҳо, ба пули заррин дар миёни Шарқу Ғарб табдил меёбад.

Қадамҳои ҷиддӣ дар ин роҳ бардошта шуданд ва Тоҷикистон бо роҳи демократия устуворона пеш меравад. Аз ҳама муҳимаш мардуми шарифи Тоҷикистон бо иродаи худ ҷомеаро ба сӯии ин ҳадафи бузург ва наҷиб талқин ва ҳидоят месозад. Чунин мардум сазовори зиндагии обод ва сарбаландона аст.

Ба ҳамаатон саломативу барори кор орзумандам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520