Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба муносибати иди саиди Фитр

24.11.2003 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи сешанбе, 25-уми ноябр моҳи шарифи Рамазон ба поён мерасад ва тамоми мусулмонони дунё яке аз идҳои муборак ва суннатии худ - иди саиди Фитрро бо шодию шукри беҳад пешвоз мегиранд.

Шашяки сокинони рӯйи Замин - пайравони дини мубини ислом ин маросими динии худро пас аз хатми як моҳи риёзату ниёиш, мағфирату омурзиши гуноҳҳо ва покшавии ҷисму рӯҳ бо камоли шодмонӣ таҷлил мекунанд.

Моҳи шарифи Рамазон дар миёни мусулмонони олам боз аз он ҷиҳат мақому манзалати баланд дорад, ки дар ин моҳи муборак каломи осмонии парвардигори мо, яъне Қурьони маҷид нозил шудааст ва қариб 1400 сол инҷониб мӯьминонро ба роҳи ҳақ, адолату парҳезкорӣ ва ростию накӯкорӣ ҳидоят менамояд.

Ба шарафи фарорасии иди саиди Фитр ман ҳамаи мусулмононро самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадон файзу баракат, бахту саодат, рӯзгори обод ва саломатию осудагӣ орзумандам.

Ислом моҳиятан чун як дини маърифату ахлоқ бо ҷавҳари адолат ва асли башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва оини покию накӯхоҳӣ барои беш аз як миллиарду сесад миллион пайравони худ сарчашмаи эътиқод, имон ва раҳоиш мебошад.

Бо дарки ин маънӣ, ҳанӯз аз асрҳои нахустини густариши ислом даҳҳо нафар фарзандони донишманду фарзонаи миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсози тоҷик, хусусан Имоми Аъзам ва Имом Албухорӣ дар тафсиру таблиги равияҳои инсондӯстӣ, маърифатҷӯӣ ва фарҳангпарварии он саҳми беназир ва бесобиқа гузоштаанд.

Воқеан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат ва тарбияи наслҳо дар рӯҳи фарогирии илму дониш яке аз шохаҳои асоситарини таълимоти ниёгони бузурги мо будааст.

Ба қавли як қатор ҳадиснависон Пайғамбари ислом -Ҳазрати Муҳаммад ақлу заковати ниёгони маърифатпарвари моро ситоиш намуда, дар сӯҳбате таъкид кардааст: "Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд".

Маҳз бар асари саъю кӯшиши ин гуна бузургони миллат буд, ки дар замони Сомониён дар назди масҷиду мадрасаҳо китобхона бунёд шуда, фаро гирифтани илмҳои замон барои ҳар як толибилму маърифатҷӯй фарз дониста мешуд.

Омӯзиши донишҳои дунявӣ баробари илмҳои динӣ ба ҳукми анъана даромада буд, ки дар натиҷа аз миёни ачдоди мо дар тӯли ду-се аср даҳҳо нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расиданд.

Яъне ҷустуҷӯйи илм ва танҳо бо ҳамин роҳ обод нигоҳ доштани рӯзгор дар ниҳоди миллати мо аз қадим сиришта шудааст.

Имрӯз низ маҷрои тезутунди пешрафти асри нав ва рушди илму техника ва технология дар миқёси ҷаҳон моро водор месозад, ки барои пуштибонии истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз кашфиёти илму дониш ва тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини техникаву технология ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилоот ва коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Зеро бе маърифати баланди сиёсию иқтисодӣ, бе ҷаҳонбинии мукаммалу дақиқ, бе тафаккури навтарини техникию технологӣ, бе маданияти баланди коршиносию донистани забонҳои хориҷӣ ба раванди босуръати глобализатсия ва илму техникаи муосир расидан мушкил аст.

Чунон ки гуфта шуд, яке аз рукнҳои таълимоти ислом талаби маърифат ва омӯзиши илм аст.

Миллати соҳибфарҳанги мо, ки дар аҳди Сомониён ғайр аз шахсиятҳои барҷастаи адабиву фарҳангӣ ва таърихӣ инчунин бузургтарин олимони соҳаи риёзиёт, илмҳои табиӣ ва нуҷумро ба тамаддуни башарӣ дода буд, имрӯз низ бояд аз ҷараёни инқилоби илмӣ ва дастовардҳои навтарини техникаю технологияи ҷаҳонӣ дар канор набошад.

Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша ин аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯйи инкишофу пешрафт ва ободиву оромии Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама сулҳу субот, ки бузургтарин комёбии мост, равона созад.

Дар ин бобат мехоҳам яке аз фармудаҳои Расули акрамро хотиррасон намоям, ки ба ёрони худ гуфта буд: "Ҳеч гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед".

Имрӯз, ки мову шумо иди саиди Фитрро дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияту осоиш истиқбол мегирем, тамоми олам моро чун миллате мешиносад, ки силоҳро ба замин гузошта, ихтилофҳои мавҷударо дар як муддати кӯтоҳ аз тариқи музокирот, якдигарфаҳмӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ ҳал намудааст.

Таҷрибаи фарҳанги сулҳи тоҷиконро имрӯз тамоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сиёсатмадорону сиёсатшиносон, олимону ҷомеашиносони бисёр кишварҳои олам чун яке аз дастовардҳои таърихӣ ва нодири асри XX эътироф карда, онро ҳамаҷониба меомӯзанд.

Рӯйдодҳо ва равандҳое, ки ҳоло дар миқёси сайёра идома доранд, натиҷаи бозиҳои сиёсии абарқудратҳо ва талошҳои онҳо барои соҳиб шудан ба манбаъҳои нави сӯзишворӣ, ашёи хом ва дигар сарватҳои табиӣ, ҳамчунин ба даст овардани бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин талошҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Чунин вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносию ҷаҳоншиносӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем.

Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозию нифоқангезӣ дар кадом шакле набошад зиндагии ором ва босуботи мардуми моро халалдор созанд.

Эътиқоду боварӣ ва имону иродаи инсонҳои худоҷӯиро бояд ба роҳи ободию созандагӣ ҳидоят кард, на барои ангехтани нифоқу кина ва амалҳои зишту номуносиб.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон барои мо ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдонро кафолат медиҳад ва мо бояд танҳо дар асоси он кору зиндагӣ кунем. Зеро дар ҳамаи давру замонҳо риоя накардани қонун боиси фалаҷ шудани шохаҳои ҳокимият ва рукнҳои давлатдорӣ мегардад, ки оқибатҳои он бисёр фоҷиабор аст.

Аз ин рӯ, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: то замоне ки дар вуҷуди ҳар яки мо ифтихори миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, азми қавии созандагӣ ва ободонии Ватан, кӯшиши донишандӯзию маърифатпарварӣ ва саъю талошҳои корбасти техникаю технологияи навтарин ба манфиати пешрафту тараққиёти кишварамон амиқ ҷоӣ нагирад, аз қафомондагӣ раҳида, дар миёни давлатҳои пешрафтаи олам ҷойи муносиб пайдо карда наметавонем.

Аз ин лиҳоз хар яки моро зарур аст, ки фарзандони худро ба роҳи маърифату дӯстӣ ва илму донишомӯзӣ ҳидоят намоем, дар таълиму тарбияи замонавии онҳо хайру сахоро дареғ надорем.

Агар ба ҷойи оростани маъракаҳои пурдабдабаву камаҳамият ва дигар чорабиниҳои серхарҷи шӯҳратталабона барои ободонии мактабу кӯдакистонҳо, дастрас намудани лавозимоти таълим, дастгирии ятимону бепарасторон ва пиронсолону барҷомондагон маблағҳои худро сарф намоем, савоби дучанду даҳчанд насибамон мегардад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии иди Рамазонро мову шумо ҳар сол бо дастурхони аз рӯйи имкон ороста ва дили поку ниятҳои нек интизор мешавем, ба рӯҳи гузаштаҳо аз оятҳои Раббонӣ тиловат мекунем, ба азодорон таскин медиҳем, ба зиёрати мазори хешу ақрабо меравем ва қарзи суннатии худро адо менамоем.

Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст.

Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад. Чандин сол аст, ки дар арафаи идҳои суннатӣ вазорату корхонаҳо, ширкатҳои саҳомию хусусӣ ва соҳибкорони сахопеша ба оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимхонаҳо ва хонаҳои пиронсолон кӯмак мерасонанд.

Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯӣ ва инсондӯст аст.

Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми мусулмон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, бахту саодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзӯ менамоям.

Бигузор Худованд ҳамаи шуморо аз меҳрубониаш сарфароз гардонад, бароятон имони комил, ақли бедор, дили лабрези меҳру шафқат ва дасти расои хайру сахоро ато намояд!

Иди саиди Фитр муборак бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520