Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдат

26.06.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Пагоҳ дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдат таҷлил мегардад. Ин санаи муборак аз ҷумлаи он иду айёмест, ки зодаи даврони нави таърихи миллати мо - даврони истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои тозаи давлатдории миллӣ мебошанд.

Дар гузаргоҳи интиҳои асри XX ва оғози асри XXI миллати дар масири таърих борҳо ҷафодидаи тоҷик бо сабабҳои гуногун дар марзи фоҷиавии ҳаёту мамот қарор гирифт.

Роҳи ягонаи наҷот аз ин вартаи ҳалокат роҳи муросою созиш, ба ҳам омадани қувваҳои мухолиф ва сулҳу суботи устувор буд. Шукрона, хирад ва таҳаммули азалӣ ғолиб омаданд ва мо маҳз ҳамин роҳро интихоб намудем.

Дарки оқибатҳои фоҷеабори муқовимати дохилӣ, ки бисёр халқҳои ҷаҳон онро аз сар гузарондаанд, барои мо осон набуд. Миллати бузурги тоҷик, ки борҳо аз имтиҳони таърих бо сари боло гузаштааст, ин дафъа низ чун Сиёвуши афсонавӣ аз оташи ҷанг убур кард ва бар хилофи пиндошти бадхоҳонаш аз нав дар ҷодаи таърихи чандинҳазорсолааш эҳё гардид.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки хоку гилаш аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст, басо бузург мебошад. Дар баробари ин мо аз кишварҳои дӯсту хайрхоҳ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар ин роҳ кӯмаки беғаразонаи худро дареғ надоштанд, сипосгузорем.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мо, тоҷикон, сулҳ маъниҳои навро касб намудааст. Ин пеш аз ҳама, аз ҷониби ҳизбҳо ва созмонҳои мухталифи сиёсӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷониби кулли шаҳрвандон дарк шудани як масъалаи ниҳоят ҷиддӣ аст, яъне ба хотири сулҳу субот ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат эътироф намудани волоияти манфиатҳои умумимиллӣ нисбат ба манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳо мебошад.

Дарки ин масъала моро тадриҷан ба зинаи нави камолоти сиёсӣ мебарорад, ки он эҳтироми ақоиди гуногуни тарафайн, яъне плюрализм мебошад. Ин нишонаи ҷомеаи воқеан демократӣ, нишонаи фарҳанги сулҳ мебошад. Умедворем, ки мо минбаъд низ бо ҳамин роҳ устуворона пеш хоҳем рафт.

Дар ҳар сурат таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба худ ҷалб кардааст ва бо назардошти шароити мушаххаси таърихӣ аз он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баҳрабардорӣ мекунанд.

Ба ақидаи мо, дар Рӯзи ваҳдат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст.

Истиқлолият ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шурӯъ намоем.

Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд. Асри XXI оғози марҳилаи нави таърихи инсоният аст, ки дар он, равандҳои глобализатсия торафт вусъат ёфта, мавқеи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои таърихии кишварҳои аз ин маҷро берунмондаро танг менамояд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ба ҷараёни глобализатсияи ҷаҳонӣ мутобиқ шавем, то ки манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва арзишҳои фарҳангию маънавии миллати худро ҳифз карда тавонем.

Ваҳдату ягонагӣ ва пойдории сулҳу созиш эътимодноктарин роҳи наҷот аст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд аз ҳама гуна майлу хоҳишҳои хидмат кардан ба ҳадафҳои ғаразноку тафриқаангези миллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ даст кашида, манфиатҳои умумимиллии худро бо манфиатҳои умумибашарӣ мутобиқ созем.

Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем. Ин аст қарзи ҳар як насл дар назди наслҳои оянда.

Табиист, ки пешравӣ бе мушкилӣ намешавад. Мо рӯзҳои сахт ва мусибатҳои талхро аз сар гузарондем ва бо сабру таҳаммул ва шукру сипос то ба ин рӯз расидем. Умедворам, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва меҳнати осудаҳолона мову шуморо рӯзҳои боз ҳам неку пурфайз дар пеш аст. Ва халқ беҳуда намегӯяд, ки аз паси сулҳ тинҷию осудагӣ, серию пурӣ ва ободию пешравӣ фаро мерасад.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи ваҳдат - ваҳдати фарогир, халалнопазир ва ҷовидонаи тоҷикон табрик ва муборакбод мегӯям.

Ба шумо тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва шодкомиҳо орзумандам!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520