Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.04.2014 17:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тасдиқ карда шуд.

Сипас роҳбарони як қатор корхонаҳои саноатӣ аз вазифаҳо озод карда шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи як зумра вазорату идораҳо тасдиқ гардиданд.

Ҳисоботи Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд оид ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 “Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар ин ноҳия шунида шуд. Тавре зикр гардид, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дорои 30 ҳазору 500 гектар замини кишоварзии обӣ аст. Қисмате аз ин заминҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад. Дар доираи тадбирҳои мазкур дар солҳои 2010-2013 вазъи мелиоративии 1170 гектари ин заминҳо беҳтар карда шудааст.

Сипас масъалаи омодагӣ ба зимистони оянда баррасӣ шуда, Нақшаи чорабиниҳо доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бояд пайваста таҳти назорат қарор дода шуда, ҳар моҳ як маротиба муфассал баррасӣ шавад. Таъкид гардид, ки ангишт, мазут ва дигар анвои сӯзишворӣ саривақт ва ба қадри кофӣ захира карда шавад ва барои омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ. барқӣ, гармидиҳӣ ва ғайра чораҳои муассир андешида шавад.

Хулосаи Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳам хулосаи дигари Ҳукумат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бори дигар доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, кумак расондан ба аҳолии осебдида ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520