Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Иди Қурбон

11.02.2003 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Бо мамнунияти том фарорасии ин иди саидро бароятон табрик мегӯям ва орзуманди саломатию сарбаландӣ ва ободии хонадони шумо ҳастам.

Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон аст.

Рӯзи ид мардуми мо дастархони пурнозу неъмат густурда, ба муборакбодии якдигар мераванд, беморонро аёдат ва мазори гузаштагонро зиёрат мекунанд, аз "Қуръони маҷид" оятҳо қироат менамоянд ва муҳимтар аз ҳама барои ятимону барҷомондагон, бепарасторону пиронсолони танҳо ва дигар ашхоси камбизоат дасти хайру сахо мекушоянд.

Имсол дар арафаи иди Қурбон зиёда аз се ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нияти адои маросими ҳаҷ ба Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара рафтанд. Умед дорем, ки онҳо баъди бозгашт ба Ватан дасти сахо ва ёрмандиро аз эҳтиёҷмандон дареғ намедоранд, мутобиқи рисолати накӯи ҳоҷиён барои таҳкими аҳкоми шариат, ҷорӣ кардани тӯю маъракаҳои камхарҷ, сарфакорӣ ва инсоф кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Зеро исрофкорӣ дар дини мубини ислом одилона маҳкум гардидааст. Аз ин рӯ, дар масъалаи қурбонӣ кардан дар рӯзи иди Қурбон ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирад, тақлиди бемаънӣ ва исрофкорӣ накунад.

Мутаассифона, баъзе ашхоси доро барои худнамоӣ ва ҳангома маъракаҳои бениҳоят калон ва баъзан ҳатто нозарур доир мекунанд. Ҳол он ки дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар мамолики исломӣ, чунин таомул маъмул нест. Мардум пасандозҳои худро барои корҳои муҳим - таҳкими саломатӣ, таҳсили фарзанд, бунёди корхонаҳо, ободии диёр ва кӯмакҳои башардӯстона харҷ мекунанд. Ин амали хайр барои мо бояд қарзи пуршарафи шаҳрвандӣ гардад. Дар ин ҷода пеш аз ҳама бояд ҳоҷиён дарси ибрат нишон диҳанд.

Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки дар арафаи иду айём баланд кардани нарху наво дар бозорҳо мушоҳида мегардад. Магар ин мутобиқи дастур ва нишондодҳои дини мост? Биёед, инсофу қаноатро аз ёд набарорем. Биёед, санг бар сари шайтони нафс бизанем.

Имсол иди саиди Қурбон ба мавсими ниҳолшинонӣ рост омад. Парвариши ниҳол низ аз суннатҳои неки ниёгони мост. Умед аст, ки ҳар насл аз худ гулгашту хиёбон ва богҳои сабзу хуррам ба ёдгор хоҳад монд.

Соли 2003-ро Созмони Милали Муттаҳид соли байналмилалии оби тоза эълон кардааст. Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин иқдом аст ва имсол дар Душанбе симпозиуми байналмилалии оби тоза доир мегардад, мо бояд дар истифодаи оқилонаи оби тоза намунаи ибрат нишон диҳем. Тоза нигоҳ доштан ва исроф накардани об гувоҳи маърифату масъулияти баланд аст. Паёмбари ислом ҳам ба сарфаи ин ганҷ таъкид намуда, ҳатто ҳангоми таҳорат аз андозаи зарурӣ зиёд истифода бурдани обро манъ карда будааст.

Мо иди Қурбонро дар шароите истиқбол мегирем, ки адолати иҷтимоӣ ба туфайли равнақи принсипҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ беш аз пеш ривоҷ ёфта, пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро мустаҳкам карда, барои эҳёи тамаддуни сарзамини азизи мо шароити мусоид ва мувофиқ муҳайё месозад.

Фазои орому сиёсати пешгирифтаи давлат ба мардум имконияти бештар фароҳам овардааст, ки барои беҳсозии зиндагии худ ва рушди Ватан ба заҳмати бунёдкорона машғул шавад ва чун дар рӯзи ид дуоҳо мустаҷобанд, биёед дуои осоишу ободии Тоҷикистони азизамонро намоем.

Бори дигар иди Қурбонро ба ҳаммаатон табрик гуфта, ба шумо тинҷию амонӣ, осудаҳолӣ ва иқболи баланд таманно мекунам.

Ҳамеша сиҳатмавду обод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520