Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

08.09.2004 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Сездаҳ сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, ки ҳоло тамоми мардуми кишварамон дар остонаи истиқбол ва таҷлили он қарор дорад. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ бо вуҷуди ҳама мушкилоте, ки дар назди мо ҳастанд, сол то сол нуфуз ва шукуҳу шаҳомати хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши равшан мегузорад.

Аз ин рӯ, бо ифтихори бепоён мехоҳам фарорасии сездаҳсолагии истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамонро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, инчунин ба шумо - ҳозирини гиромӣ табрик гӯям.

Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳон таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст.

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва такдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол ба осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд. Мо имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва милливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ва бақои таърихии худ медонанд.

Истиқлолияти Ватани мо зоҳиран ба осонӣ ба даст омад. Дар натиҷаи равандҳои амиқи таърихии дохилӣ ва ҷаҳонӣ дар оғози солҳои 80-уми асри XX бӯҳрони сохтории низоми сиёсӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шӯравӣ возеҳ шуд ва дар даврони бозсозӣ ба авҷи худ расид.

Дар ибтидои солҳои 90-ум яке аз омилҳои асоситарин ва бунёдии шикасти низоми сиёсӣ ва давлатии Шӯравӣ раванди нисбатан босуръати рушди худшиносӣ ва худогоҳии халқҳо буд, ки дар минтақаҳои гуногун дар сатҳи мухталиф ҷараён дошт ва хусусиятҳои хосро доро буд. Ин раванд дар асли худ глобалӣ буд ва аз омилҳои асосии таҳаввулоти бузурги даҳсолаҳои охири асри XX гардид.

Агар мо раванди зуҳур ва ташаккули истиқлоли сарзаминамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба истиқлолият тӯлонӣ, пурфарозу нишеб ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маънавиёти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шаҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.

Бар хилофи гуфтаҳову навиштаҳои бадхоҳонаву ғаразноки баъзе муаллифон ва пиндошти гурӯҳҳои алоҳидаи зиёиён тоҷикон дар тамоми даврони ҳастии иҷтимоии худ мардуми мубориз, фидокор ва ватандӯст буда, пайкор барои Ватан ва озодӣ дар руҳу равони онҳо сахт решадор будааст. Ба шаҳодати таърих, тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки нерӯмандтарин қудрати замони худ буданд, вале онҳо бо ҷасорату матонат ва фидокории бемислу монанд камари ин абарқудратҳои даврро шикастаанд. Таърихи давраҳои ҳуҷум ва тасаллути аҷнабиён бозгӯ мекунад, ки сокинони шаҳрҳо ва деҳоти зиёд то фарди охирин муқовимат менамуданд. Ҷолиб он аст, ки рукни фаъоли ин мубориза занон ва духтарон буданд. Онҳо дар лаҳзаҳои душвортарин бе тарсу ҳарос марги бошарафро аз зиндагии хору зор ва тобеияту асорат авлотар медонистанд.

Дар таърихи халқи мо ҷунбиши бузурги сарбадорон маъруф аст, ки дар он даҳҳо ҳазор афроди озод ва ватандӯст таҳти шиори муқаддаси "зиндагии бошарафона ё сар ба дор" дар муддати даҳсолаҳо пайкори озодихоҳона ва фидокорона намудаанд. Ин муқовимати ватандӯстона ва озодихоҳона дар асрҳои минбаъда низ дар шароити боз ҳам сангинтари таърихӣ идома ёфт.

Як нуктаи муҳимро бояд таъкид кард: рӯҳи мубориза ва озодихоҳӣ дар сирати иҷтимоӣ ва таърихии миллати мо дорои хусусиятҳои хос ва асил аст. Ин нерӯ ормон ва идеали волову бузург дорад, ки иборат аз ҳифзи озодӣ ва истиқлолияти Ватан мебошад. Он бо сифатҳо ва арзишҳои пурқимати инсонӣ, аз қабили шараф, нангу номус, накӯкорӣ, ҷавонмардӣ, салобат ва ифтихори миллӣ ороста мебошад. Ва ниҳоят, ин нерӯ бо хираду маърифат, ҳусни тадбир, диди васеъ ва созанда мисли гӯшгу нохун пайванд ёфтааст. Аз ин ҷиҳат фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иҷтимоишудаи Рустами Достон, Сӯҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз - Куруши Кабир, Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо таърихан бунёди нерӯманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст.

Дар ин робита таъкиди як нуктаи ниҳоят муҳим ва ҳақиқати пурарзишро зарур медонам, ки ба он ҷомеашиносон ва таърихнигорони мо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ накардаанд.

Миллати мо бо ҳифзи томи асолат ва ҳувияти миллии худ фарҳанги хоси иҷтимоии ҳамзистӣ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва робитаҳои созандаву фаъоли байниҳамдигариро эҷод кард ва решадор сохт, ки аз баракати он халқҳои Осиёи Марказии таърихӣ бештар дар фазои ҳамкории васеи иҷтимоӣ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ карда, риштаҳои зиёди хешовандӣ ва ҳамқисматӣ пайдо намудаанд. Мо метавонем имрӯз низ ҷиҳатҳои мусбат ва созандаи ин таҷрибаи таърихиро ба нафъи суботу амният ва ҳамкории судманди минтақавӣ истифода барем. Таҷрибаи арзишманди таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри XX - дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулодда ва ҳаётӣ дошт. Тавре ки таърих собит месозад, дар охири асри XIX ва оғози асри XX миллати тоҷик бинобар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихии тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки бо ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад.

Дар чунин даврони тақдирсоз устод Садриддин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Дар кори муқаддаси таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои таърихии тоҷикон ҳамчунин Абулқосим Лоҳутӣ ва боз як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст саҳми арзанда доранд. Бояд махсус зикр кард, ки бо вуҷуди мушкилот ва монеаҳои зиёд гурӯҳи нисбатан хурди шахсиятҳои сиёсӣ ташаккул ёфт, ки ба хотири таъмини манфиатҳои тоҷикону Тоҷикистон талоши фаъолона дошт: намояндагони маъруфи ин гурӯҳ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум буданд. Талоши пайгиронаву ватандӯстонаи ҳамаи онҳо ба таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ва табдили он ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд, ки дар сарнавишти таърихии кишвари мо воқеаҳои муҳим мебошанд.

Равандҳои мураккаб ва шадиди солҳои 30-юм ва 40-уми асри XX ба тақдири миллати мо таъсири амиқ ва пуртазод доштанд. Ин ҳодисаҳо сабабгори қурбон гардидани одамони зиёд, бахусус қисми бештари зиёиёни он давра ва муҳоҷиру беватан шудани даҳҳо ҳазор тоҷикон, боиси ворид шудани зарари ҷиддӣ ба асолату фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллӣ гардиданд. Аз ҷониби дигар, ташаккули сохторҳои гуногун, аз қабили сохторҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба таври ногузир сатҳи маърифат ва худшиносии иҷтимоиро тадриҷан боло мебурд, ки ин раванд зарурати шинохти таърихӣ ва миллиро торафт ҷиддитар пеш мегузошт. Ин тақозои таърихиро фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров амиқан дарк кард ва онро оқилона амалӣ сохт. Ӯ дар мақоми роҳбари аввали Тоҷикистон барои тақвияти сохторҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангии кишвар талоши ҳадафманд ва муваффақона намуд. Бахусус, созмондиҳии Донишгоҳи давлатӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон хизмати бузурги таърихии ӯст. Хизмати бузургтари Бобоҷон Ғафуров таълифи нахустин таърихи халқи тоҷик ва бахусус шоҳасари таърихии "Тоҷикон" мебошад.

Осори ӯ суннати таърихнигории муосири тоҷикро амалан бунёдгузорӣ намуд, ки ҳадафи аслии он шинохти ҳақиқии сарнавишти мардум дар асоси сарчашмаву манбаъҳои асил ва корбурди василаҳои таҳқиқи илмии академӣ бо виҷдон ва ахлоқи илмӣ мебошад. Ин суннат бозгӯ менамояд, ки мо тоҷикон ҳеҷ гуна ниёзе ба таҳрифи огоҳонаи таърих, таърихсозӣ, бузургтарошӣ ва падидаҳои дигари ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ надорем. Мо худ ончунон таърихи дурахшон дорем, ки ҳатто шинохти нисбии он муҷассамаи гӯё ва возеҳи миллати мо хоҳад буд. Ман ин нуктаро ба он хотир таъкид кардам, ки дар рӯзҳои мо осори ба ном таърихие падид меоянд, ки бо ин суннати бузург созгорӣ надоранд ва ҳатто мухолифи воқеият ва ахлоқи илмӣ мебошанд.

Ҳамзамон наметавон нодида гирифт, ки дар солҳои 60-70-уми асри XX барои ҳамгироии нерӯманди миллӣ талоши ҷиддӣ ва зарурӣ ба амал наомад. Табиист, ки низоми ҳоким маҳдудиятҳои ошкори худро дошт. Вале тавре ки таҷрибаи таърихии баъзе ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ собит месозад, дар чаҳорчӯби низоми вақт бо тадбиру иродат ва талоши пайгирона тақвияти бештари нерӯҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва технологӣ имконпазир буданд. Ҳамчунин таъмини рушди нисбатан мутавозини минтақаҳо ва ноҳияҳои кишвар, пайванди ҳама манотиқ дар тамоми сол, ташвиқи бештари анъана, ҳунар ва фарҳанги миллӣ, тарбияи элитаи сиёсӣ ва идории миллӣ ва дигар иқдомоти муҳиму зарурии таърихӣ имкон доштанд, ки бешак дар таъмини нерӯи истиқлол ва пешгирии бӯҳрони сиёсӣ дар оянда мусоидат намоянд. Ин ҳақиқат дар даврони бозсозӣ ва таҳаввулоти таърихии ба он пайванд возеҳ гардид. Маҳз дар ҳамин давра имконияти таърихии ҳамбастагӣ ва иттиҳоди тамоми нерӯҳои фаъоли ҷомеа ва ҳамаи мардум барои ноил шудан ба ҳадафи олӣ ва муқаддаси миллӣ - истиқлоли Тоҷикистон фароҳам гардид. Дар марҳалаи талош барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ тақрибан ризоияти умумимиллӣ ба вуҷуд омад ва омили муҳимтарини қабули қонуни таърихии забон шуд.

Бояд таъкид кард, ки заиф гардидани ризоияти сиёсии миллӣ ва тадриҷан нерӯ гирифтани рақобат ва муқовимати сиёсӣ дар остонаи истиқлол падидаи ҷиддии манфӣ буд. Нерӯҳои навзуҳури сиёсӣ дар фаъолияти амалии худ ба зиёдаравӣ, сиёсисозии мушкилоти ҷомеа ва баъзан радикализм ва аъмоли харобгари сиёсӣ роҳ медоданд ва барои ризоияти сиёсии умумимиллӣ талоши зарурӣ надоштанд. Дар натиҷа, дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз дар кишварамон ваҳдати амалии сиёсӣ таъмин карда нашуд.

9 сентябри соли 1991 бо қабули силсилаи асноди сиёсӣ ва қонунӣ, қабл аз ҳама Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" истиқлоли сиёсӣ ва давлатии кишвари азизамон расман эълон шуд. Ин воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи мо буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо фароҳам гардид. Тақозои қатъии он рӯз таъсис ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлати миллӣ ва таъмини истиқлоли комили Ватан буд. Иттиҳоди амалии тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва фаъоли ҷомеа ва тамоми мардум ба хотири расидан ба ин ҳадафи воло ва муқаддас шарти заруртарин маҳсуб меёфт. Вале, мутаассифона, ин имконияти бузурги таърихӣ дар сатҳи матлуб амалӣ нашуд. Ба назари ман ду сабаби асоситарин боиси арзи вуҷуд кардани ин воқеияти манфии сарнавишти мо шуд: аввал, ба сатҳи зарурӣ дарк нагардидани бартарияти манфиатҳои олии умумимиллӣ, қабл аз ҳама истиқлоли Ватан. Ҳам Ҳукумат, ҳам мухолифиии сиёсӣ ва ҳам нерӯҳои дигари сиёсиву иҷтимоӣ амиқ дарк карда натавонистанд, ки истиқлол ҳадафи бартару волотар нисбат ба ҳадафу манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ дошта, барои ҳамагон арзиши муқаддас аст. Ва дуввум, ба назар нагирифтани мазмуни аслӣ ва ҳақиқии равандҳои ниҳоят мураккаби минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус ҳадафҳо ва ғаразҳои доираҳои муайяни баъзе давлатҳои хориҷӣ нисбат ба Тоҷикистон. Натиҷаи умумии тамоилоти зикршуда фоҷиаи худкушии миллӣ буд, ки он барои кишвар оқибатҳои ниҳоят сангин дошт. Бояд таъкид кард, ки ҷанги бародаркуш барои истиқлоли Тоҷикистон хатари мустақим ва марговар эҷод намуд.

Аснод ва маводи дастрас баёнгари онанд, ки доираҳои муайяни баъзе давлатҳо андешаи ба сари миллати мо таҳмил кардани идеологияи бегонаро доштанд. Баъзеи дигарашон нақшаҳои тақсим ва таҷзия намудани кишвари азизи моро кашида, бо ҳамдастии баъзе афроди қудратхоҳу хиёнатпеша ҳатто ба татбиқи онҳо кӯшиш намуда буданд.

Идомаи ҷанг ба ин ҳадафҳои шум мусоидат мекард. Ҳатто агар ин нақшаҳои марговар комилан амалӣ намегардиданд, идомаи ҷанги бародаркуш вазъи ниҳоят мураккаби бӯҳрони тӯлонӣ ва хунин бо муборизаи доимии ҳалқаҳо ва гурӯҳҳо, пайванди баъзе нерӯҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои бонуфузи низомӣ бо доираҳои муайяни баъзе давлатҳои хориҷӣ, фурӯпошии амалии сохторҳои иқтисодӣ ва техникӣ, инфраструктураи иҷтимоӣ, табдили кишвар ба ҷавлонгоҳи гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ ва ҷинояткори пайванд бо қочоқи маводи мухаддир ва падидаҳои дигари даҳшатбор мебуд, ки арзиши бузург ва аслии истиқлолро бемаънӣ месохт.

Маҳз дарки возеҳи ин хатарҳои даҳшатбор нерӯҳои ватандӯст ва масъули кишварро дар бобати қатъи ҷанг ва таъмини ризоияту ваҳдати миллӣ ҳамчун зомини ҳифз ва таҳкими истиқлол иродаи матин ва шикастнопазир бахшид. Қадами нахустини бузург ва таърихӣ дар ин роҳ дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузошта шуд, ки дар асл оғози наҷоти истиқлоли Ватан буд. Хатари ба қисмҳо ҷудо шуда, аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик ва дар айни замон волоияти истиқлоли Ватан аз ҷониби мардуми кишвар, мухолифини собиқ ва аксари нерӯҳои сиёсӣ дарк гардид ва роҳ ба сӯйи ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати умумимиллӣ боз шуд. Он дар навбати худ омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлол гардид. Аз ин рӯ, ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амри ҳаётӣ ва муқаддас аст. Ҳифз ва таҳкими минбаъдаи онҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарди баномуси Ватан мебошад.

Ҳаёт дурустии ин роҳро исбот кард. Аз баракати сулҳу субот мо тавонистем, ки мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор кунем, дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз як миллион нафар гурезаҳоро ба ҷойи зисти доимиашон баргардонем, ки таърих чунин корро кам дар ёд дорад ва ба обод кардани харобаҳои ҷанг оғоз намоем. Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия дуввум шуда Конститутсияи мамлакатро қабул кардем, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллиро қабул ва парламенти навро интихоб намудем, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро ба роҳ монда, Артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадиро ташкил кардем. Натиҷаи минбаъдаи мусбат ва созандаи сулҳу оромӣ рушди бомароми иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тақвияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, дар кишвари азизамон амнияту суботи устувор таъмин гардид ва рӯҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт. Ба зиммаи насли имрӯзи Ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ - бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтод. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро шоиста анҷом диҳем.

Стратегияи муваффақонаи миллӣ ва масъулияти таърихӣ дар баробари Ватан ва ояндаи он моро ба марҳалаи сифатан нав дар ташаккули таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол - марҳалаи бунёди сохторҳо ва институтҳои ҷомеаи имрӯза ва пешрафтаи демократии созгор бо армонҳо ва манфиатҳои миллӣ ва тамоюлоти асосии ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд, ки яқинан роҳи тӯлонӣ буда, амали масъулона, огоҳона, санҷида ва ҳамаҷониба асоснокро тақозо дорад. Татбиқи ин ҳадафи бузург ва дарозмуддати таърихӣ ба даврони ниҳоят мураккаб ва ҳассоси таърихи башарӣ рост омад.

Шинохти дақиқ ва объективии мазмуни аслии равандҳо ва тамоюлоти муҳимтарин ва асоситарини ин даврон ниҳоят мушкил аст. Вале чун ин равандҳо ба сарнавишти ҷорӣ ва ояндаи мо таъсири рӯзафзун хоҳанд дошт, баррасӣ ва дарки онҳо амри зарурӣ ва ҳатто таъхирнопазир мебошад.

Давраи навини давлатсозию давлатдории халқамон ба мо расидан ба қадру қимати истиқлолият ва давлати миллиро омӯзонда, ба куллӣ тағйир додани муносибатҳои мавҷудаи ҷомеа ва истифодаву татбиқи муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоиро ба миён гузошт.

Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи амнияти шаҳрвандон, ба инобат гирифтани тарзи ҳаёт, анъанаҳои миллӣ, сатҳи тафаккуру маданияти сиёсии мардуми кишвар зарурати такмили низоми давлату давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро пеш овард.

Бо дарназардошти ин ҳама омилҳову мушаххасоти миллӣ мо сохти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро интихоб намудем, ки барои ҳамаи нерӯҳои мавҷудаи сиёсӣ имконияти баробари инкишоф, озодандешию ошкорбаёнӣ, фаъолият дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат, такомули маданияти шаҳрвандиро фароҳам оварда, ба афзудани нуфузу эътибори давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ моро водор сохт ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ, сохторҳои нави идоракунии он ва таҳияву татбиқи қонунҳое, ки ба ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат мекунанд, шурӯъ намоем. Бинобар ин, бо мушкилоту заҳматҳои зиёд бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти моддию молиявии ҷумҳурӣ дар иқтисодиёти кишвар дар таркиби соҳавии иқтисодиёт тағйироти зарурӣ ба амал бароварда шуданд. Барои идораи иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол сохтори нави Ҳукумат ташкил карда шуд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ҳамаи самтҳои муносибатҳои иқтисоди бозориро танзим ва равандҳои ислоҳотро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамоянд, қабул ва амалӣ гардонида шуданд.

Ин ҷо таъкид кардан зарур аст, ки қабули фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими 75 ҳазор гектар замин ба мардум дар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва наҷот додани мардум аз хатари гуруснагӣ тадбири ниҳоят ҷиддӣ ва саривақтӣ буд. Дар солҳои сипаригашта ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни моликият, шаклҳои гуногуни ташкили хоҷагидорӣ, пеш гирифтани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба муомилот баровардани асъори миллӣ, озод намудани нархҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳанг сохтани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, ҷорӣ намудани савдои озоди беруна ва ҳалли афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ имконият доданд, ки барои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият қадамҳои устувор гузошта шаванд.

Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум бо мақсади самаранок намудани ислоҳоти иқтисодӣ ба раванди таҳкими ҳамкориҳои бевосита бо кишварҳо ва институтҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ суръати тоза бахшида шуд. Дар натиҷаи амалӣ кардани чораҳои зикршуда нишондиҳандаҳои ҷамъбастии иқтисодиёт ва пеш аз ҳама ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар мамлакат аз соли 1997 инҷониб мунтазам рӯ ба афзоиш овардааст. Агар солҳои 1997-1999 афзоиши солонаи ин нишондиҳанда 1,7 - 5,3 фоизро ташкил дода бошад, пас солҳои 2000-2003 афзоиши солонаи он мутаносибан ба 8,3 -10,2 фоиз баробар гардид. Яъне солҳои охир дар афзоиши суръати истеҳсолот тамоюли устувор таъмин шуда истодааст.

Гарчанде камбизоатӣ яке аз проблемаҳои душвори замон ва натиҷаи бӯҳрони чандинсолаи бахши иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар аст, вале аз ибтидои татбиқи ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, яъне аз соли 2002-юм он зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст. Мувофиқи таҳқиқоти умумимиллие, ки соли гузашта аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ гузаронида шуд, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум дар соли 2003-юм ба 68 фоиз паст фаромадааст.

Рушди иқтисоди бозорӣ, яъне ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамсадо шудани Тоҷикистон роҳи дурусти интихобнамудаи мардуми кишвар аст, ки барои расидан ба дараҷаи комили инкишофи он боз заҳмати зиёде кашидан лозим меояд. Ҳоло Ҳукумати Точикистон дар ҳамаи самтҳои ислоҳоти иқтисодӣ чорабиниҳои мушаххасро ба хотири бемайлон ривоҷ додани муносибатҳои бозаргонӣ пайдарҳам амалӣ намуда истодааст.

Дар ояндаи наздик вазифаҳои суръатнок гардонидани дигаргунсозиҳои сохтории иқтисодиёт ва соҳаҳои гуногуни он, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи унсурҳо ва ташаккули инфраструктураи бозор, ки ба истеҳсолоти самаранок, ҷорӣ намудани муносибатҳои мутақобилан судманди байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда, тақсимоти одилонаи даромадҳои ҷамъиятӣ ва дар ин асос ҳал намудани проблемаҳои иҷтимоии аҳолӣ оварда мерасонад, дар пеши мо истодаанд.

Дар оянда ба сиёсати қатъии буҷетию андоз ва пулию қарзӣ, ғайридавлатигардонии корхонаҳо, рушди ҳаматарафаи соҳибкорӣ, ислоҳоти сохторӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ, бунёд ва густариши ҳамаи ҷузъҳои инфраструктураи бозор аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои бевосита ҷалб намудани ҳам сармояи ватанӣ ва ҳам хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқию қонунӣ фароҳам оварда, барои такмили минбаъдаи механизмҳои молиявию ташкилӣ ва бартарафсозии монеаҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо дарназардошти он, ки шумораи аҳолии кишварамон бо суръати нисбатан баланд афзоиш ёфта истодааст ва тибқи дурнамо охири соли 2006-ум ба 7 миллион нафар мерасад, масъалаи аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва истифодаи самараноки онҳо имрӯз ниҳоят муҳим гаштааст. Бинобар ин зарурати ҳар сол ба таври иловагӣ азхудкунии ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида ба миён омадааст.

Яке аз самтҳои муҳими тараққиёти иқтисодиёт ин то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ ва дар ин замина афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ва омода кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ба Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки ҷиҳати то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми ватанӣ ҳарчи зудтар барномаи рушди саноати сабукро таҳия ва амалӣ намояд. Барои истифодаи афзалиятҳои сиёсати берунаи иқтисодӣ ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтан ва дорои роҳҳои нақлиётии ҳозиразамон шудани Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Ин масъала бо нияти тамоми фаслҳои сол ба якдигар пайванди бевоситаи наклиётӣ доштани ҳамаи минтақаҳои кишвар ва бо ҳамаи давлатҳои ҳамсоя ва роҳҳои ҷаҳонӣ пайваст будани роҳҳои мошингарди Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.

Бинобар ин дар кишварамон азнавсозӣ ва сохтмони якчанд роҳҳои автомобилгарду роҳи оҳани дохилӣ, аз ҷумла бунёди туннелҳои мошингарди Анзобу Шаршар идома доранд. Туннели Анзоб бояд соли 2006 ба истифода дода шавад. Дар оянда бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъмир ва азнавсозии роҳи Душанбе-Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Рохи байналмилалии мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ -Қулма -Қароқорум соли 2005 пурра ба истифода дода мешавад ва он тамоми фаслҳои сол ҳамлу нақди бору мусофиронро таъмин менамояд. Ба истифода супурда шудани ин роҳ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии давраи истиқлолият мегардад.

Ҳоло навбати якуми азнавсозии шоҳроҳи Душанбе -Нуробод - Рашт - Саритош - Ош дар арафаи оғозёбист, ки моро бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия мепайвандад. Ин роҳ хеле кӯтоҳ ва аз лиҳози иқтисодӣ ниҳоят фоиданок хоҳад шуд. Соли ҷорӣ пули миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз ба истифода дода шуда, сохтмони кӯпрукҳои Панҷи поён ва Ишкошим, ки тавассути Афғонистон барои ба кишварҳои Шарқи Миёна ва бандарҳои ҷаҳонӣ баромадани мо имконият фароҳам меоранд, оғоз меёбанд. Солҳои оянда бошад, сохтмони боз ду пули дигар дар дарёи Панҷ дар ноҳияҳои Фархору Шӯрообод пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин тадбирҳо ба раҳо ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуда, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат имконияту шароитҳои мусоид фароҳам меоранд.

Раванди бонизоми ислохоти иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз таъмини рушди энергетикаи кишвар вобаста мебошад. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд, ки иқтидори умумии захиравиаш дар як сол ба 527 миллиард киловатт/соат мерасад.

Солҳои истиқлолият дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар зиёда аз 20 нерӯгоҳи хурди барқӣ бунёд карда шуда, ҳоло сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Помир-1, Сангтӯда, Роғун ва 12 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ идома дорад. Бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида ва таъмини боз ҳам беҳтари аҳолӣ бо маводи озуқа Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари идома додани сохтмони нерӯгоҳҳои нотамом, ҳамчунин дар оянда бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро дар дарёи Панҷи мавзеи Даштиҷум ва дарёи Зарафшон дар назар дорад.

Давлати соҳибистиқлоли мо барои узви комилҳуқуқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ гардидан ҳамаи чораҳоро андешида истодааст. Ҳоло ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ идома доранд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар солҳои истиқлолият додани афзалият ба рушди бахши иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин мо сол ба сол харҷро барои дастгирии ин соҳа афзун намуда истодаем. Аз ҷумла, имсол дар буҷети давлатии Тоҷикистон зиёда аз 45 фоизи маблағ ба соҳаҳои бахши иҷтимоӣ ҷудо шуда, дар оянда тамоили устувори баландшавии ин ҳисса нигоҳ дошта мешавад. Дар маҷмӯъ дар панҷ соли охир аз буҷети давлатии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ 1 миллиарду 160 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба маорифу тандурустӣ 650 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Илова ба маблағҳои буҷетӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 150 миллион сомонӣ барои татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ харҷ шудааст. Дар асоси таъмин намудани пешравии иқтисодиёт Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ба инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус медиҳад. Дар ин ҷода барои баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва ҳамчунин зиёд намудани стипендия, нафақапулӣ ва кӯмак ба оилаҳои камбизоат диққати махсус зоҳир мегардад. Умуман истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкониятҳои бузург ва дар айни замон масъулияти сангинро барои рушди иқтисодиёт ба дӯши мардуми кишвар гузоштааст. Тинҷию оромии кишвар ва ҳалолкорию меҳнатдӯстии халқи азизамон моро ба ояндаи дурахшон рӯҳбаланд менамояд. Шубхае нест, ки мо аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаҳои стратегӣ бо сарбаландӣ мебароем ва сарзамини аҷдодии худро ба кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем.

Дӯстони азиз!

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо ҳамчун субъекти комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ узви даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ мебошад. Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки таҳким ва тақвияти истиқлолияти Ватан аз сиёсати санҷида ва ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои зарурии минтақавӣ ва байналмилалӣ вобастагии зич дорад. Бо дарназардошти мазмуни аслии равандҳои ҷаҳонӣ ва ба хотири татбиқи муваффақонаи манфиатҳои миллӣ мо равобит ва ҳамкории созанда ва мутақобилан судмандро бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ пайгирона амалӣ менамоем. Албатта, вобаста ба вазъи мушаххаси геостратегӣ ва мавқеи геополитикии худ ҳар як давлат афзалиятҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, вазифаҳои ҷорӣ ва стратегии худро муайян мекунад. Чунин афзалиятҳо ва вазифаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дақиқан муайян гардида, ҳадафҳо ва самтҳои доимӣ ва стратегӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишварамон муфассал инъикос ёфтаанд.

Татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати хориҷии мо дар шароити ниҳоят мураккаби ҷаҳонӣ, бахусус густариши раванди ҷаҳонишавӣ сурат мегирад. Бояд таъкид кард, ки глобализатсия раванди табиӣ ва объективӣ буда, табиати ниҳоят мураккаб ва зиддиятнок дорад. Аз як тараф, ҷаҳонишавӣ сабабгори густариши равобит ва муносибатҳои наздик ва доимии халқҳо ва кишварҳо, дастрасӣ ба комёбиҳои навин ва арзишманди илмӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ, сарфаҷӯйии захираҳои гуногун, танзими беҳтари фаъолияти гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ва падидаҳои дигари муҳим ва мусбат мегардад. Вале аз ҷониби дигар, таҳти таъсири глобализатсия тафовут байни кишварҳои пешрафта ва кишварҳои сусттараққикарда амиқтар шуд, фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ниҳоят шиддат ёфт, фаъолияти шабакаҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷинояткории трансмиллӣ хислати тақрибан глобалӣ касб кард, рӯҳияи бархӯрди тамаддунҳо нисбатан тақвият ёфт. Дар чунин вазъ нигоҳ доштани оромиву суботи ҷомеа ва таъмини амнияти давлат, аз хатарҳои терроризм ва экстремизм эмин доштани мардум вазифаи аввалиндараҷа ва муҳимтарини ҳар як давлат мебошад. Махсусан барои Тоҷикистон, ки ҷанги даҳшатноки шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ин кор вазифаи рақами аввал аст.

Мо бояд бо шинохти дақиқ ва огоҳиву зиракӣ талош намоем, аз дастоварду ҷиҳатҳои мусбати глобализатсия ба нафъи пешрафти Ватан ҳаддалимкон истифода барем ва ҳамзамон худро аз оқибатҳои манфӣ ва харобиовари он эмин дорем. Маҳз дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва равандҳои мураккаби ҷаҳонӣ моро ба ширкати фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ва муҳимтарини глобалӣ ҳидоят намуд. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки ташаббусҳои байналмилалии мо дастгирии ҳамаҷонибаи ҷаҳонӣ ёфтанд. Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки моҳи декабри соли гузашта маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва бо ҷонибдории 141 кишвари олам солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт" эълон гардид. Ба ин восита диққати аҳли ҷаҳон ба чунин проблемаи глобалӣ, ки ниҳоят серпаҳлӯ ва бисёрҷониба аст, ҷалб карда шуд. Ин ташаббуси Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба қатори 20 пешниҳоди муҳимтарини аҳамияти ҷаҳонидошта дохил карда шуд, ки бешубҳа боиси ифтихори бузурги мост. Итминон дорам, ки тавассути сафарбар намудани воситаву имконоти тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар давоми ин солҳо чунин масъалаи хеле мубрам ва дорои оқибатҳои хатарноки чаҳонӣ тадриҷан ҳаллу фасл хоҳад шуд, зеро алҳол талафи солонаи башарият аз норасоии оби нӯшокӣ ва дастёбӣ ба манбаъҳои об нисбат ба талафот дар ҳамаи муноқишаҳои мусаллаҳона зиёдтар аст, ки ин барои ҳазорсолаи сеюми тамаддуни инсонӣ воқеаи нангин мебошад. Дар маърӯзае, ки ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пахш гардид, зикр шудааст, ки имрӯз зиёда аз 40 фоизи аҳолии сайёра бинобар камбуди оби тоза дар шароити ғайриқаноатбахши санитарӣ умр ба сар мебарад ва беш аз як миллиард нафар одамон умуман ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Дар маърӯза ҳамчунин омадааст, ки аз нарасидани оби тоза аз ҳама бештар кӯдакон азият мекашанд ва ҳар рӯз дар дунё 4 ҳазор кӯдак аз бемориҳои вобаста ба камбуди об ҳалок мегардад.

Мо ширкати фаъолро дар муборизаи муштарак бо таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши гайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалии худ медонем. Бахусус қочоқи маводи мухаддир на танҳо ба мо ва Осиёи Марказӣ, балки ба Аврупою Амрико ва ҳатто тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, ташкили коалитсияи глобалии мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷумлаи вазифаҳои таъхирнопазир аст ва мо барои татбиқи ин пешниҳоди худ пайгирона талош хоҳем кард. Мо борҳо таъкид кардаем: Тоҷикистон чун кишваре, ки чандин маротиба ҳадафи терроризми байналмилалӣ қарор гирифта буд, зуҳуроти нангини терроризм, экстремизм ва зӯровариро дар ҳамаи шаклу намудҳои онҳо қатъиян маҳкум менамояд. Кишварҳои пешрафта ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани омилҳои тавлидкунандаи хатарҳои нав, пеш аз ҳама терроризм ва экстремизм бояд якҷоя мубориза баранд. Вале чунон ки мушоҳида мешавад, татбиқи сиёсати "стандарти дугона" ҳанӯз ҳам идома дорад. Масалан, боиси таассуф ва тааҷҷуб аст, ки идораи роҳбарии як қатор ҳизбҳои экстремистӣ дар маркази баъзе кишварҳои пешрафтаи Аврупо фаъолият мекунад.

Дигар ин ки ба ҳамаи аъмоли зиддиинсонӣ гунаҳкор донистани дини мубини ислом ва мардуми мусулмон оқибати хуб надорад. Фаромӯш набояд кард, ки ислом дар асл ва зоти худ дини сулҳпарвар ва хилофи душманиву адоват нисбат ба дигарон аст. Қувваҳои тахрибкор ва гурӯҳҳои террористӣ исломро танҳо ба сифати байрақ ё ниқоби аъмоли нангини худ истифода мебаранд, ки ин бешубҳа, боиси бадномии дини ислом ва мусулмонон мегардад. Аз кирдори ғайриинсонии онҳо аҳолии осоишта, аз ҷумла кӯдакон ва занон ҳалок мешаванд. Ҳодисаҳои даҳшатборе, ки чанд рӯз пештар дар Федератсияи Россия рӯӣ доданд ва сабабгори қурбон шудани садҳо нафар кӯдакону занон ва омӯзгорон шуданд, тамоми ҷаҳонро ба ларза оварданд. Дар натиҷаи кирдори нангини чунин қувваҳои террористӣ мардуми мусулмон дар кишварҳои гуногуни олам таҳти фишору таъқиб қарор мегирад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳу субот ва эҷодгари модели нодири созиш ва сулҳофарӣ минбаъд низ барои таҳкими оромӣ дар сайёра талош карда, ба андозаи имкон саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Бо қарори ЮНЕСКО ба нахустин ҷоизаи "Шаҳри сулҳ" дар қитъаи Осиё ва Уқёнуси Ором мушарраф гардидани пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе ҳамаи моро ифтихори бузург мебахшад ва дар айни замон ба густариши талошҳоямон дар ин роҳ ҳидоят менамояд.

Ҳамватанони азиз!

Тоҷикистони соҳибистиқлол, чунон ки зикр гардид, дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсиву идеологӣ қарор дорад.

Бо дарназардопгги вазъи минтақа ва муноқишаҳои атрофи он ба халқи тоҷик, зиёиён, вакилони мардумиву сиёсатмадорони зинаҳои гуногун, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори умум, алалхусус ҷавонон зарур аст, ки фарҳанги воло, маданияти шаҳрвандӣ, маърифат ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва гирифтори ғояҳои бегонапарастона, тарғиботи ифротгароёнаи экстремистӣ, таблиғоти низоангезу тафриқахоҳона, зӯроварӣ ва идеологияи таҳмилии қувваҳои ғаразноки хориҷӣ нашаванд. Дар ин бобат мо бояд ба тарбияи насли наврас ва умуман ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем. Умуман тарбияи кадрҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ вазифаи муҳимтарин ва ба оянда равонашудаи ҳамаи мақомоту сохторҳои ҳукуматӣ ва муносибати ғамхорона ба ин масъала вазифаи тамоми ҷомеа мебошад.

Ташкили ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо дарназардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқ роҳест, ки онро мардуми тоҷик баъди чашидани меваи талхи ҷанги шаҳрвандӣ интихоб намудааст ва мо бо ҳамин роҳ пеш меравем. Ҳадафҳои аслии демократия дар кишвари мо таъмини ҳукук ва озодиҳои шаҳрвандони мамлакат, зиндагии осоиштаю меҳнати осудаҳолона, фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иштироки доираи васеи мардум дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бо дарназардошти тамоюлот ва таҳаввулоти асри нав самти муҳимтарини фаъолияти мо дар ин марҳала таҳкими ҳамаҷонибаи давлати мустақили миллии Тоҷикистон аст. Татбиқи муваффақонаи онро мо дар такмили пайгиронаи низоми сиёсӣ ва идораи кишвар дар асоси манфиатҳои миллӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои эътирофшудаи демократӣ, тақвияти мақомоти ҳифзи хукуқ ва сохторҳои низомӣ, ҳокимияти қонун ва қудрати мустақили судӣ, рушди фарҳанг ва маърифати сиёсӣ мебинем.

Такмили низоми сиёсӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ба коҳиши ҷиддӣ ва қатъии коррупсия, бюрократизм ва падидаҳои дигари манфӣ, ки аслан зодаи равандҳои харобгари марҳалаи бӯҳрони сиёсӣ ва даврони мураккаби баъди низоъ мебошанд, мусоидат намояд. Таҳкими низоми давлатӣ ва сиёсиро мо дар таъмини иродаи мардум, ширкати амалии халқ дар равандҳои сиёсӣ мебинем. Густариш ва тақвияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти мустақилу эҷодкоронаи шаҳрвандӣ дар ин робита амри зарурӣ аст. Дар кишвар аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои зиёди иҷтимоиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, маърифатӣ ва ғайра фаъолият доранд. Ин тақозои ҷомеаи демократист. Мо хоҳони онем, ки онҳо субъектҳои фаъол ва созандаи ҷомеа бошанд, ба нерӯи худ такя карда, бодарки масъулияти таърихӣ вазифаҳои оинномавӣ ва талаботи қонунро риоя намоянд.

Мо дурнамои сиёсати иқтисоди бозорӣ ва роҳи ташаккули иқтисоди пешрафтаю устувори миллиро пеш гирифта, сиёсати иҷтимоиеро дар ҳаёт татбиқ месозем, ки моҳияти башардӯстона дошта, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва густариши арзишҳои демократӣ мусоидат намояд. Тоҷикистон кишварест, ки халқи меҳнатдӯст, тамаддуни қадима, мероси фарҳангии боӣ, нерӯи тавонои ақлонӣ, захираву сарватҳои бузурги табиӣ дорад. Мо ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои беназири сиёсиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, имрӯз иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, маърифату огоҳии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси ватандорӣ барои ҳард фард аз ҳарвақта бештар зарур аст. Зеро яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдории миллӣ ва худшиносии миллӣ фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстиву ватандорӣ буда, моро водор месозад, ки моҳияти ҳама гуна ихтилофу ҷудоиандозиро дарк намоем. Беҳуда нест, ки эҳсоси наҷиби ватандорӣ ва сулҳу осоишро дар урфият як рукни имон мегӯянд. Дар баробари ифтихор аз Ватан, ифтихор аз миллат, ифтихор аз таъриху мероси фарҳангӣ лозим аст, ки ба арзишҳои умумибашарӣ, дастовардҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигар ва пешрафти илму техникаи муосир эҳтиром гузорем.

Ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ҳама якҷоя қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини амният ва давлатдории миллӣ мебошанд. Имрӯз раванди истиқлолият ва худшиносӣ тақозо мекунад, ки мо на танҳо бо гузаштаи дуру наздик ифтихор кунем, балки ба такдири ояндаи кишвар назар карда, ҳадафҳои даҳсолаҳои минбаъдаро пешбинӣ ва тарҳрезӣ намоем. Мо имони комил дорем, ки шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм барои мо асри таҳкими истиқлолияти кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон хоҳад шуд. Шоҳроҳи асри нав кишвари соҳибистиқлоли моро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаинеку осуда ҳидоят хоҳад намуд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол саломатӣ, бахту саодат ва дастовардҳои беназир орзу менамоям.

Ҳамеша шодкому сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520