Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба ифтихори фарорасии соли нави 2005-ум

01.01.2005 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ифтихори фарорасии Соли нави 2005-ум, ки мо аз он орзуву умеди зиёд дорем, самимона табрик мегӯям.

Соли 2004-ум, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар маҷмӯъ соли хуб ва бофайзу баракат буд, ба саҳифаҳои таърих ворид мешавад. Дар ин лаҳзаҳо мо шукрона мекунем, ки соли равон бароямон соли сулҳу оромӣ ва суботи комили ҷомеа буд, ҳарчанд ки дар авзои сиёсии ҷаҳон / чандон суботу оромӣ эҳсос намешуд.

Барои мо соли 2004-ум боз аз он ҷиҳат муҳим буд, ки доир шудани чандин чорабиниҳои таърихӣ, аз ҷумла солгарди сездаҳуми Истиқлолияти давлатӣ, даҳсолагии аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин мулоқоту форумҳои байналхалқӣ боиси таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ, болоравии ифтихори ватандорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ афзудани эътибору нуфузи Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд.

Дигар ин, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, заҳмати созандаи мардум ва фаъолияти самарабахши мақомоту сохторҳои давлатӣ мо ба таҳкими дастовардҳо ва пешрафти тадриҷиву устувори иқтисоди миллӣ муяссар шудем.

Афзоиши мунтазами ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, паст намудани ҷараёни инфлятсия ва мӯътадил нигоҳ доштани қурби мубодилавии асъори миллӣ – ҳама нишондиҳандаҳои тадриҷан устувор шудани асосҳои иқтисодиёти мамлакат мебошанд, ки дар муқоиса бо солҳои гузашта то андозае ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоии мардум мусоидат намуданд.

Бо вуҷуди ин, ки дар давоми солҳои охир рушди бомароми иқтисодиёти кишварамон таъмин шуда истодааст, вале то ҳол мо ба амалӣ шудани ҳадафҳои асосиву ниҳоии худ муваффақ нашудаем ва мушкилотамон низ кам нестанд. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша софдилона ва содиқона заҳмат кашем, ислоҳоту дигаргунсозиҳоро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ вусъат бахшем, ба тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй эътибори доимӣ диҳем ва корҳоямонро тавре ба роҳ монем, ки истиқлолияти озуқаворӣ ва энергетикии мамлакатамонро таъмин намуда, онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшем ва ба қатори кишварҳои пешрафтаи олам расонем.

Таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва зина ба зина беҳтар кардани сифати зиндагии мардум ин самти асосӣ ва стратегии сиёсати иқтисодии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Бо ин мақсад соли дуюм аст, ки Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ амалӣ шуда истодааст ва шубҳае нест, ки бо татбиқи комили он аҳволи зиндагии халқамон хеле беҳтар мегардад.

Дар буҷети давлатии соли 2005 47 фоизи маблағҳо барои рушди соҳаи иҷтимоӣ равона хоҳад шуд, ки 606 миллион сомониро дар бар мегирад ва нисбати соли равон 167 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар идомаи мантиқии сиёсати дастгирии иҷтимоиёт чанде пештар «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» фармони Президенти мамлакат содир шуд.

Аз ин лиҳоз, дар соли 2005-ум буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 205 миллион сомонӣ тасдиқ карда шуд, ки нисбат ба соли 2004-ум 52 фоиз ё ба андозаи 70 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳукумат минбаъд низ татбиқи тадбирҳоро дар самти дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоат, нафақахӯрон, оилаҳои бепарастор ва маъюбон, инчунин ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи имкон идома хоҳад бахшид.

Ҳамватанони гиромӣ!

Дар соли омадаистода гузаронидани якчанд маъракаву чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар назди мо қарор доранд, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Вобаста ба ин бояд таъкид кард, ки ҳар як маъракаи сиёсӣ барои мардум озмоиши ҷиддии дараҷаи маърифати сиёсӣ мебошад.

Сифат ва сатҳи фаъолияти мақоми олии қонунгузор, яъне Маҷлиси намояндагон, ки дар давоми панҷ соли оянда қонунҳои барои тақдири мардум ва кишвар басо муҳимро баррасиву қабул мекунад, аз интихоби огоҳона ва оқилонаи худи мардум вобаста аст. Аз ин рӯ, дар ҷараёни пешбарӣ ва интихоби номзадҳо бояд дар мадди назар дошт, ки онҳо то кадом андоза ба давлату миллат содиқанд ва сатҳи донишу кордонӣ, таҷриба ва ҷаҳонбиниашон дар кадом поя қарор дорад.

Шаҳрвандон бояд ҳуқуқу вазифаҳои хешро ба андозаи кофӣ донанд. Вақте ба ҳавзаҳои интихоботӣ мераванд, эътимодашон комил бошад, ки натиҷаи интихобот аз онҳо вобастагӣ дорад ва вакилонро маҳз худашон озодонаву огоҳона интихоб менамоянд. Аз ин рӯ, бояд ба маъракаҳои интихоботӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ муносибат кард.

Дар ин раванд талаботи аввалиндараҷа он аст, ки омодагӣ ва гузаронидани маъракаи интихобот бояд танҳо дар доираи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар сурат гирад.

Мо бояд дар амал собит намоем, ки ба интихоби худ дар мавриди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ содиқ ҳастем ва ҳамчун миллати қадимаву соҳибфарҳанг таҳаммул ва маданияти баланди сиёсӣ дорем.

Интихобот ва умуман ҳама гуна маъракаҳои сиёсӣ бояд ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву нангу номуси миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва боз ҳам мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдориамон мусоидат намоянд.

Зеро мо ҳама барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон, ба ҷомеаи мутамаддин пайванд додани кишварамон ва афзун намудани иқтидори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон масъул ҳастем.

Як нуктаи дигарро низ мехоҳам хотирнишон созам, ки дар ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза, раванди глобализатсияи проблемаҳои сайёра, инчунин дар ҷараёни мубориза бо таҳдидҳои нав ва дигар зуҳуроти барои миллатамон бегона мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамонро дастури фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки дар ҳалли проблемаҳои минтақавӣ ва глобалӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Яке аз мушкилоти башарият имрӯз нарасидани оби тоза аст. Бо ин мақсад мо идеяи даҳсолаи оби тозаро соли гузашта ба ҷаҳониён эълон карда будем, ки он бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва қабул гардид. Нимаи аввали соли 2005-ум дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе нахустин чорабинии муҳими даҳсолаи «Об - ба хотири ҳаёт», яъне Конфронси байналхалқӣ таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад шуд, ки он саҳми навбатии кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мегардад.

Тоҷикон табиатан мардуми боистеъдод ҳастанд ва фитрати эҷодкорию офарандагӣ доранд. Онҳо дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих низ фазилати фарҳангдӯстона, нерӯи созанда ва заковати бунёдкории худро нигоҳ доштаанд.

Бо ин мақсад мо корҳои зиёди созандагиро оғоз кардаем ва умед дорем, ки бо дастгириву пуштибонии мардуми бонангу номусамон онҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда анҷом медиҳем.

Биёед, ҳама дар лаҳзаҳои омадани Соли нав ният кунем, ки он барои сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо боз як саҳифаи тозаи бунёдкориву офарандагӣ ва соли дастовардҳои наҷиб гардад!

Замони оромиву осудагии Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати халқамон дур нест.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ки ормони ҳар як фарзанди содиқ ва огоҳи миллат аст, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нав табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар кадоми шумо иқболу хушбахтӣ, сулҳу сафо ва файзу баракат мехоҳам.

Соли наватон муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520