Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди Қурбон

31.01.2004 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Якуми феврали соли равон яке аз идҳои бузурги суннатии тамоми мусулмонони олам - иди Қурбон меҳмони ҳар як хонаводаи мо мегардад. Ва шукронаи истиқлолияти давлатамонро мекунем, ки аз баракати он ҳамаи иду маросимҳои диниву мазҳабии худро ба таври шоиста таљлил мекунем.

Мардуми шарифи мо иди мубораки Қурбонро, ки мӯъминонро ба хайру саховат ва дастгирии маъюбону барҷомондагон ва мӯҳтоҷону бенавоён ҳидоят менамояд, бо рӯҳи болидаву дастархони идона ҷашн мегирад. Ба аёдат ва табрики пайвандону наздикон, беморону дармондагон ва ба зиёрати гузаштагон рафтан, инчунин ба азодорон изҳори хамдардӣ намудан амалҳои савоби ин рӯз маҳсуб меёбанд ва дар кишвари мо онҳо ба ҳукми анъанаи писандида даромадаанд.

Дар рӯзҳои иди шарифи Қурбон ба беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷрои яке аз рукнҳои дани мубини ислом - тавофи хонаи Каъба муяссар гардид. Умедворем, ки онҳо баъда ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар тарғиби суннатҳои неки ватандорӣ, ободии даёри хеш, одобу ахлоқ ва рафтори ҳамида саҳми босазо мегузоранд.

Зумрае аз ҳамватанони мо ҳикмати маъруфи "Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст"-ро дастури амал карор дода, корҳои хайр ва амалҳои савоберо ба сомон мерасонанд, ки воқеан ҳамрадифи ҳаҷ кардан аст. Вобаста ба ин амали савоби даҳҳо шаҳрвандони кашварамон, аз ҷумла сокини шаҳри Қайрокум Анора Иброҳимова намунаи ибрат аст. Зеро ин зани мӯъмина соли гузашта бо маблағе, ки ба нияти ҳаҷгузорӣ пасандоз намудааст, ҷавонписари ятиму бепарастореро хонадор карда, соҳиби   савоби   зиёд  шудааст.   Хуб   мешуд, дигар хамватанонамон, хусусан онҳое, ки аллакай ду-се маротиба ва аз он ҳам зиёд ба зиёрати Маккаву Мадина рафтаанду боз нияти сафар доранд, ба чунин саховатмандон пайравӣ намоянд.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳадафи асосии Хукумати Тоҷикистон аз рушди иқтисодии кишвар тадриҷан беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Барои дастгирии моддии эҳтиёҷмандон Ҳукумат тамоми тадбирҳоро андешида, дар амал татбиқ менамояд. Масалан, соли ҷорӣ дар буҷети давлатӣ барои ҷуброни хароҷоти барқу газ ва дигар кӯмакпулиҳо чудо кардани 36 миллион сомонӣ ба назар гирифта шудааст, ки онҳо тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба эҳтиёҷмандон расонида мешаванд. Дар маҷмӯъ барои бахши иҷтимоӣ 43 фоизи хароҷоти буҷети соли 2004 пешбинӣ гардидааст, ки ин дар иқтисоди мо собиқа надорад.

Вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон сол аз сол беҳтар мегардад. Дастовардҳои назарраси истеҳсолии мамлакат дар соли гузашта аз пешрафти иқтисодаёт гувоҳӣ медиҳанд. Афзун гардидани маҳсулоти саноативу кишоварзӣ бошад ба беҳбуди тадриҷии сатхи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Бо мақсади самаранок истифода бурдани имконияту захираҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои шуғли аҳолӣ Хукумат пайваста кӯшишу талош менамояд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат, ки чанде пеш доир ба ҷамъбасти сол баргузор гардид, ба мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки бо мақсади тақсимоти одилонаи замин санҷиш гузаронанд. Таъкиди қатъӣ шуд, ки дар деҳот бояд ҳар як оила соҳиби замин бошад.

Дар сурати соҳиби замин шудани ҳар як оила, аз ҷумла муаллимон, духтурон ва умуман зиёиёни деҳот на танҳо сатҳи зиндагӣ дар деҳот беҳтар мегардад, балки дар маҷмӯъ дар кишварамон истеҳсоли маҳсулот афзун ёфта, ба ганӣ гардидани бозори дохилӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин барои баланд гардидани маданияти деҳот, маърифати мардум, бахусус ҷавонон ва наврасон, инчунин густариши корҳои созандагӣ ва ободии Ватан заминаи мусоид фароҳам хоҳад омад.

Барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзун гардидани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистони азизамон пеш аз ҳама ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварии ҳар фарди бонангу номуси миллат зарур аст ва маҳз дар натиҷаи аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ мо метавонем тараққиёти кишвари худ ва сатҳи баланди зиндагии халқамонро таъмин намоем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо, ҳамватанони азиз, бо иди шарифи Қурбон табрику муборакбод намуда, ба ҳар хонадон рӯзгори обод, ризқи фаровон ва файзу баракат орзумандам.

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520