Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АБДУФАТОҲЗОДА Гулҷаҳон Абдулфатоҳ
Сардори Раёсати рушди иҷтимои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соли 1965 дар ноҳияи Восеъ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1987 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси «Кори табобатӣ» хатм кардааст.

Солҳои 1990-1996 дар Беморхонаи минтақавии ноҳияи Мӯъминобод, солҳои 1996-1998 дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиби момодоя фаъолият намудааст.

Солҳои 1999-2002 ба ҳайси табиби момодояи Дармонгоҳи №14 шаҳри Душанбе фаъолият кардааст .

Дар давоми солҳои 2002-2006 дар Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ, сармутахассис ва баъдан сардори ҳамин шӯъба фаъолият намудааст.

Ҳамзамон, котиби ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2006-2014 Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст .

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2014 Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Номзади илмҳои тиб ва табиби дараҷаи олӣ мебошад.

Бо медали «Шавқат»  ва  медалҳои соҳавӣ - Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1025 - солагии Абӯалӣ ибни Сино қадрдонӣ гардидааст. 

Забонҳои рӯсӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520