Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор

04.10.2011 16:00, шаҳри Ҳисор

Субҳи имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани як корхонаи азими ресандагӣ, оғози сохтмони корхонаҳои бофандагӣ, рангубори матоъ ва дўзандагӣ, Донишкадаи саноати сабук ва ҳамчунин барои мулоқоту суҳбатҳо бо мардум ба ноҳияи Ҳисор рафт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар назди корхонаи навбунёди ресандагӣ, ки дар ҷамоати шаҳраки Ҳисор қарор дорад, бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатасоси бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ва зер кардани тугмача корхонаи нави ресандагии ноҳияи Ҳисор, ки даври якуми он бо харҷи 12 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дорои иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта мебошад, ба кор дароварда шуд.

Дар ин корхона дастгоҳҳои ресандагии технологияи навтарини италявӣ аз ширкати соҳибнуфузи «Marzoli» васл гардидаанд, ки аксари корҳоро ба таври автоматӣ иҷро мекунанд.

Бо вуҷуди дастгоҳҳои навтарини автоматӣ дар ин корхона 180 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Оянда корхонаи ресандагии мазкур васеъ гардида, дорои иқтидори солонаи коркарди 8 ҳазор тонна нахи пахта мешавад ва шумораи коргаронаш ба 260 нафар хоҳад расид.

Риштаҳои хушсифате, ки дар ин корхона истеҳсол мешаванд, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд. Тавре иттилоъ дода шуд, қарордодҳои фурўши риштаи ин корхона аллакай бо ширкатҳои бонуфузи ҷумҳурии Италия баста шудаанд.

Ба иттилои сармуҳандис ва лоиҳакаши асосии ин корхона Франко Феррари, ки шаҳрванди ҷумҳурии Италия мебошад, ин 27 – ум корхонаи нассоҷӣ аст, ки бо иштироки ў тарроҳӣ ва сохта мешавад ва он дорои навтарин дастгоҳу технологияҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Ба андешаи ин мутахассиси варзидаи соҳа «Тоҷикистон дорои пахтаи аълосифат ва мардуми хушзеҳну болаёқат аст». «Вуҷуди се омили асосӣ, яъне ашёи хоми аълосифат, мардуми хушзеҳну болаёқат ва технологияҳои навтарини имрўз воридшаванда имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон оянда дар самти истеҳсоли ришта, матоъ ва либосҳои пахтагин дар ҷаҳон пешсафу пешқадам гардад», - таъкид дошт Франко Феррари.

Минбаъд, тибқи талабу супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисмати зиёди риштаҳои ин ва дигар корхонаҳои ресандагӣ дар корхонаҳои бофандагӣ, рангу бори матоъ ва дўхти либоси худи Тоҷикистон коркард хоҳад шуд, зеро чанд то чунин корхонаҳо ҳоло дар ҳоли сохтмону васлгарӣ ва таҷҳиз қарор доранд.

Дар ноҳияи Ҳисор низ худи ҳамин рўз дар паҳлўи корхонаи ресандагӣ бо гузоштани сангӣ асос ва нома ба наслҳои оянда сохтмони корхонаи нави бофандагӣ ва рангубори матоъҳо оӣоз ёфт, ки идомаи тадбирҳои муҳим барои коркарди амиқи нахи пахта дар дохили кишвар хоҳад буд.

Дар паҳлўи ҳамин корхонаҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги нахуст ва нома ба наслҳои оянда, ҳамчунин ба бунёди Донишкадаи саноати сабук оӣоз бахшид.

Тавре зикр гардид, дар ин донишкада мутахассисони миёна ва олии саноати сабук, пеш аз ҳама барои кор дар корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дўхти либосҳои пахтагин омода карда хоҳанд шуд.

Афзалияти асосии ин донишкада дар паҳлуяш вуҷуд доштани силсилаи корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дўхти либосҳои гуногун хоҳад буд, ки ба он чун заминаи асосии моддию техникии таълимӣ, пеш аз ҳама барои дарсҳои амалӣ, хизмат хоҳад кард.

Дар паҳлўи рости роҳи мошингарди Душанбе-ҳисор-Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмону васлгарии корхонаи дўхти либосҳои пахтагин, ки таъмингари коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ хоҳад буд, вусъати тоза пайдо намуд.

Бояд таъкид намуд, ки баробари ба кор даромадани ин корхона дар он зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад ва қисмати зиёди риштаҳою матоъҳои корхонаҳои навбунёди ресандагӣ, бофандагӣ ва рангубори матоъҳои ҳисор дар ҳамин ҷо коркард хоҳад шуд.

Дар ин корхонаҳо ҳар сол беш аз 6 миллион метри тулонӣ ё худ ё 10 миллион метри мураббаъ матоъ ва 4 миллион дона куртаҳои мардона ва кўдакона истеҳсол хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин корхона дўхти на камтар аз 10 намуди либосҳои гуногун, аз ҷумла шиму костюм низ бо технологияҳои навтарин ва сифати бозоргир ба роҳ монда шавад.

Месазад таъкид намуд, ки то ин вақт ноҳияи ҳисор, асосан бо кишоварзию тиҷорат шуҳрат дорад. Пас аз ба кор даромадани ин ва дигар корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ ҳиссаи саноат низ дар маҷмўи маҳсулоти маҳаллии ноҳияи ҳисор ва ҳиссагузории ин ноҳия ба буҷети ҷумҳуриявӣ боз ҳам афзун хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ноҳияи ҳисор, ҳамчунин як корхонаи бузурги металлургӣ дар ҳоли сохтмону васлгарӣ қарор дорад, ки то Наврўзи соли 2012 навбати аввали он бояд ба кор дароварда шавад. Баробари ба кор даромадани навбати аввали ин корхона, ки дорои иқтидори солонаи 250 ҳазор тонна арматураи хушсифати диаметраш аз 10 то 42 мм мебошад, дар он 470 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Дар навбати дуюм баъди васли гудозандаҳои доменӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонии металлӣ шумораи коргарон ба зиёда аз 2 ҳазор нафар ва иқтидори умумии солонаи корхона ба 450 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр хоҳад расид.

Тавре зикр гардид, дар марҳилаи аввал ин корхона зиёда аз 450 ҳазор тонна оҳанпораҳои партови КВД Ширкати алюминийи тоҷикро коркард намуда, аз онҳо бо гузарондани 13 амалиёти технологӣ арматураи хушсифат истеҳсол мекунад. Дар навбати дуюми корхона коркарди маъдани табиии оҳан аз конҳои Тоҷикистон ва истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонии металлӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар ноҳияи ҳисор солҳои охир, ҳамчунин як қатор корхонаҳои хишт ба кор даромадаанд, ки дар зиёд намудани ҳиссаи саноат дар нишондодҳои иқтисодии ҳисори шодмон нақши намоён доранд.

Дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи ҳисор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи кишти такрории деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Баракати чорводор» аз наздик шинос шуд.

Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Маҳмадалӣ Қувватов, онҳо дар 42 га замини корами обӣ баъди ҷамъоварии галла, ки аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна 62 сентнерӣ гандум ҷамъоварӣ намудаанд, такроран ҷуворимака барои хўроки чорво кишт кардаанд. Онҳо аз ҳар гектар кишти такрории ҷуворимаккаи аз тухмии зотии амрикоӣ рўида 45 тоннагӣ хўроки ширадори чорво ҷамъоварӣ карданианд.

Тавре аён гардид, ниҳолҳои ин навъи ҷуворимакка беш аз 4 метр қад кашидаанд. Ба гуфти мутахассисон, дар кишти асосӣ ин навъи ҷуворимакка то 6 метр қад кашида, то 60 - 70 тонна ҳосили хўроки ширадори чорво ё худ силос медиҳад, албатта дар сурати нигоҳубини дуруст ва риояи қоидаҳои агротехникӣ.

Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ аз ҳар гектари пиёз 850 сентнерӣ ва аз замини лаблабуи хўроки чорво 1200 сентнерӣ ҳосил рўёндаанд.

Дар фермаи молию ширии хоҷагии Баракати чорводор 1800 сар чорвои калони хушзоти зотҳои сиёҳало ва шведӣ парвариш меёбанд, ки аз онҳо 610 сараш модаговҳои ҷўшо аст. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло аз ҳар сари чорвои ҷўшо ҳар рўз 19 литрӣ шир ҷўшида мешавад.

ӣайр аз ин фермаи хоҷагии Баракат яке аз пойгоҳҳои асосии парвариши зоти сиёҳало ба шумор меравад, зеро аксари хоҷагиҳои чорводори кишвар аз ин ҷо говҳои хушзоти сиёҳало харидорӣ мекунанд.

Як буқаи ҷавони 2,5 сола, ки имрўз ба намоиш гузошта шуд, вазни зиндааш 1230 кг будааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ҳисор бо иштироки масъулон аз ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум садо доданд, соли 2015 ҷашни 3 ҳазорсолагии ноҳияи ҳисор таҷлил мегардад ва то ин вақт, яъне дар зарфи 4 соли оянда дар ин ноҳия як варзишгоҳи муосир бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, боӣи фарҳангу фароӣат, китобхона, осорхона, кохи фарҳанг, мактаби президентӣ ва дигар биноҳои наву замонавӣ бунёд меёбанд ва қалъаи ҳисор аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ хоҳад шуд. Барои иҷрои ин корҳо дастур дода шуд, ки дар зарфи 3 моҳи оянда нақшаи генералии маркази ноҳияи ҳисор аз нав такмил дода шуда, пешниҳод карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки силсилакорхонаи нассоҷии ноҳияи ҳисор Файзи истиқлол номида шавад. Кафкўбии бардавоми мардум нишони бо хушнудӣ пазируфта шудани ин пешниҳод буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520