Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони корхонаи семент бо иқтидори солонаи 500 ҳазор тонна дар шаҳри Ваҳдат

15.04.2014 12:29, шаҳри Ваҳдат

Дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сохтмони як корхонаи бузурги семент ва як маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмӣ  оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нақшаи сохтмони Маркази илмию техникии кишоварзӣ доир ба коркарди тухмии зироатҳо шинос шуда, аз иқдоми сохтмони чунин корхона арзи хушнудӣ намуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона дар ҳамкорӣ бо шарикони чинӣ бунёд ёфта, асосан ба коркард ва ба кишт омода намудани тухмии пахта, ғалладона  ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғул мешавад.

Ин корхона мавсимӣ буда, дар як соат то 10 тонна тухмиро метавонад коркард намояд.

Корхона то моҳи августи соли равон ба кор омода мешавад ва дар он беш аз 50 нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Танҳо дар сохтмони он 40 нафар бинокорони маҳаллӣ иштирок хоҳанд дошт.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони корхонаи семент бошад, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 204 миллион сомонӣ сармояи соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иқтидори солонаи он 500 ҳазор тонна маҳсулот хоҳад буд. Бо ин иқтидор корхона дар 2 навбат бунёд меёбад. Дар навбати аввал солона 200 ҳазор тонна семент истеҳсол хоҳад шуд. Дар навбати аввал 250 кас ва оянда то 500 нафар дар ин ҷо бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корхона бо технологияи навтарин ва мутобиқ бо талаботи ҷаҳонии сифат ва экология сохта шавад.

Ташаббускори бунёди ин корхона Хайрулло Маҷидов изҳор дошт, ки барои беҳдошти муҳити зисти ин мавзеъ онҳо тасмим доранд, таллу теппаҳои атрофи корхонаро ба боғу ҷангалзор табдил диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520