Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси ҳукумат оид ба сиёсати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2012-2014

30.09.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Мўҳтарам аъзои ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Доир ба масъалаи сиёсати буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки дар давраи миёнамўҳлат, яъне солҳои 2012-2014 суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, бахусус бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, бахши хусусиву соҳибкорӣ ва дар ин асос боз ҳам афзун намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва ба ин васила таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодии давлат мебошад.

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти солҳои охир мо тавонистем, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, барои боз ҳам зиёд намудани захираҳои молиявии кишвар заминаҳои боэътимодро фароҳам намоем.

Вобаста ба ин, ба мо зарур аст, ки дар солҳои 2012-2014 афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилиро дар доираи 7-8 фоиз ва меъёри таваррумро дар сатҳи 7-10 фоиз таъмин намоем, зеро даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар асоси ҳамин нишондиҳандаҳо муайян карда шудааст.
ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2012 ба маблағи 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва хароҷоти он ба маблағи 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион сомонӣ ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли оянда тадбирҳо доир ба афзун гардонидани арзишҳои инсонӣ, таҷдиди сохтор ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ давом дода мешаванд. Яъне таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат боқӣ мемонад.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид шудааст, дар ин давра мо бояд музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем.

Аллакай соли ҷорӣ ин иқдом қисман амалӣ гардид ва дар соли оянда барои пардохти музди меҳнат ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ аз буҷети давлатӣ 3,4 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки нисбат ба соли ҷорӣ 830 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Умуман, ба соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба хароҷоти соли ҷорӣ 24 фоиз зиёд буда, қариб 50 фоизи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, ба сиёсати таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини бехатарии озуқаворӣ дар буҷети мазкур диққати махсус дода мешавад.

Барои амалӣ намудани ин мақсад зиёда аз 3 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 400 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
ҳамзамон бо ин, бо мақсади паст намудани фишор ба буҷет мо бояд захираҳои дохилии мавҷударо бо дарназардошти устувор намудани низоми молиявӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок сафарбар намоем.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ супориш дода мешавад, ки идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба меъёр мувофиқ намудани хароҷотро ба роҳ монда, аз ҳар гуна хароҷоти иловагии бесамар худдорӣ намоянд ва истифодаи самараноки захираҳои дохилии мавҷударо танҳо барои татбиқи барномаҳои соҳавии афзалиятнок таъмин созанд.

Сиёсати созандагӣ ва бунёдкории давлат дар солҳои оянда низ давом дода мешавад. Вале бояд гуфт, ки барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсат мо бояд ба сарфакорӣ, самаранокӣ ва натиҷаи ниҳоии ҳар як лоиҳаву барнома диққати ҷиддӣ диҳем. Яъне сохтмони иншооти иҷтимоиву иқтисодие, ки дар кишвар амалӣ мегардад, чи аз ҷиҳати иқтисоди ва чи аз ҷиҳати самаранокӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, баъдан пешниҳод карда шавад.

Дар баробари ин, сармоягузорӣ дар ин самт бояд натанҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, балки аз ҳисоби ба кор андохтани механизми шарикии рушд тавассути ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин захираҳои дигари молиявӣ, аз қабили фоидаи корхонаҳо, қарзи бонкҳо, маблағҳои худии соҳибкорон ва ғайра васеъ ба роҳ монда шавад.

Инчунин, ба ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёти воқеӣ ва лоиҳаҳое, ки дар оянда метавонанд самаранок фаъолият намоянд ва қудрати баргардонидани қарзро доранд, аз ҳисоби институтҳои байналмилалии молиявӣ чораҳои мушаххас андешад.
Умуман, ҷалби қарзҳои берунӣ бо кафолати давлатӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шавад ва минбаъд қарзҳои берунӣ бояд танҳо барои татбиқи барномаҳое, ки аҳамияти стратегӣ ва аввалиндараҷа доранд, ҷалб карда шаванд.

Дар баробари ин, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки барои зиёд намудани захираҳои молиявии дохилӣ тавассути дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани фаъолияти биржаи фондӣ, бозори сармояву қарз, инчунин диверсификатсияи истеҳсолот ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Зеро ин омилҳо асоси рушди минбаъдаи иқтисодӣ буда, метавонанд ба мўътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, паст гардидани касри буҷет ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани қурби пули миллӣ мусоидат намоянд.

Бояд гуфт, ки ноустувории низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла бўҳрони навбатии иқтисодиву молиявӣ дар баъзе давлатҳои Аврупо, пастшавии рейтинги қарзгирӣ дар бозори ҷаҳонӣ, тезутундшавии муомилот дар бозори биржаи фондӣ, ноустувории нархҳо ва баландшавии қимати нархи нафт ва дигар навъҳои сўзишворӣ, маводи ғизоӣ ва маҳсулоти истеъмолӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ водор месозад, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири эҳтимолии омилҳои берунӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади татбиқи дурнамои дарозмуддати идоракунии устувори молиявӣ мо бояд механизми нави ташаккули захираҳои депозитии молиявӣ ва Фонди мўътадилгардониро (стабилизиатсионӣ) аз ҳисоби барзиёд иҷро гардидани буҷет ва ҷалби дигар захираҳои молиявӣ, ки ба мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиёт, инчунин дар оянда пешгирӣ намудани эҳтимолияти пайдо гардидани ҳолатҳои фавқулодда ва ғайричашмдошт дар иқтисодиёт равона мегардад, устувор намоем.

Бинобар ин, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки оид ба ҳалли ин масъалаҳо ҳарчи зудтар тадбирҳои мушаххас андешанд.

Масъалаи дигаре, ки мо бояд ба он диққати ҷиддӣ диҳем, риояи интизоми молиявӣ дар байни субъектҳои хоҷагидорӣ, бонкҳо ва шахсони инфиродӣ оид ба паст намудани гаронии қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ дар байни онҳо ва таъмини ўҳдадории онҳо дар назди буҷет мебошад. Зеро ин иқдом яке аз омилҳои баланд бардоштани фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳо ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани масъулият ва ҷавобгарии субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба риояи интизоми молиявӣ ба Шўъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷударо таҳлил намуда, ба ?укумати мамлакат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намояд.

?амчунин таъкид менамоям, ки ба ин масъала ҳангоми таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав диққати махсус дода шавад.

Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани даромади буҷет, пурра бо андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо, пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав ва баланд бардоштани ҳисси ҷавобгарии роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки ўҳдадориҳои худро дар назди буҷет таъмин намекунанд, тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Бо дарназардошти татбиқи амалии ҳадафҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии зикргардида ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои иқтисодиву молиявии кишвар ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки:

1. Иҷрои саривақтӣ, пурра ва босифати буҷети давлатиро таъмин намоянд.

2. Оид ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар мониторинги ҳамарўза гузаронанд.

3. Самаранокии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории корхонаҳо ва соҳибкоронеро, ки бо истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву содиротӣ, хўрокворӣ ва ниёзи мардум машғуланд, таъмин намоянд.

4. Низоми андозбандии дохилӣ ва васеъ намудани базаи онро бо роҳи баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз такмил диҳанд.

5. Оид ба пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва роҳ надодан ба зиёдшавии касри буҷет чораҳои зарурӣ андешанд.

6. ҷиҳати устувории қурби асъори миллӣ пешбурди сиёсати монетариро дар доираи стандартҳои байналмилалӣ таъмин намоянд.

7. Риояи талаботи стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии ҷалби қарзҳо ва ноил гардидан ба натиҷаҳои ниҳоиро таъмин созанд.

8. ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна дар самти ҳавасмандгардонӣ ва васеъ намудани фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд чораҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид месозам, ки мо танҳо тавассути иҷрои вазифаҳои зикршуда ва заҳмати софдилонаи худ метавонем рушди иқтисодиётро таъмин карда, буҷети давлатиро ғанӣ гардонем.

Фаъолияти созандаву бунёдкорона, дастгирии иқдому ташаббусҳои истеҳсолӣ дар роҳи таҳким ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷети давлатӣ ва таъмини саривақтии воридоти маблағҳо ба буҷет боиси боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат мегардад.

Ва ҳамаи мо вазифадорем, ки тамоми кўшишу ғайрати худ ва захираву имкониятҳои мавҷударо барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо сафарбар намоем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520