Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохўрӣ бо сокинони шаҳри Табошар

27.09.2011 17:00, шаҳри Истиқлол

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ба шарофати ваҳдати устувори миллӣ ва сулҳу суботи пойдори кишвар чанд рўз қабл аз ин мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни муқаддаси бистсолагии озодиву соҳибихтиёрии Тоҷикистони маҳбубамонро бо рўҳияи бесобиқаи ифтихори миллӣ ва дастовардҳои арзандаи идона таҷлил намуданд.

Дар давраи омодагӣ ба ин санаи муборак ва бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо вазъи кору зиндагӣ ва ҷараёни иҷрои қарорҳои ҳукумат ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мо ба бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом дода, дар ифтитоҳи даҳҳо иншооти ҷашнӣ ширкат доштем.

Ва тасмим гирифтем, ки имрўз ба шаҳри Табошар ва ба дидорбинии сокинони заҳматкаши он омада, бо вазъи зиндагӣ ва кору фаъолияти онҳо аз наздик шинос шавем.

Пеш аз ҳама, мехоҳам, ки шумо – ҳозирини гиромӣ ва кулли сокинони ҳимматбаланди шаҳри Табошарро бори дигар ба муносибати ҷашни мубораки бистсолагии соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии Ватани азизамон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ, рўзгори орому осуда ва барори кор орзу намоям.

Бояд гуфт, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Табошар мисли дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дошта, дар давоми солҳои 1997-2011 барои таъмини рушду пешрафти он аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншоот, ҷуброни пардохтҳои гуногун ва дастгирии буҷети шаҳр 26 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Инчунин аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншооти гуногуни ҳудуди шаҳр қариб 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Илова ба ин, аз буҷети вилоят ба шаҳри Табошар дар солҳои 2007 - 2010 ва семоҳаи якуми соли 2011 ба маблағи умумии 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар шакли субвенсия маблағҳо ҷудо гардидаанд.

Имрўзҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, беҳсозии таъминоти сокинон бо об, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии шаҳр 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар давоми нимсолаи аввали соли равон ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Табошар қариб як миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ҷалб гардида, ин маблағҳо барои дастгирии хоҷагии манзиливу коммуналӣ, соҳаи маорифу фарҳанг, таъмири варзишгоҳу маркази саломатӣ ва ободониву кабудизоркунии ҳудуди шаҳр равона гардидаанд.

Шаҳри Табошар соли 1938 дар ҳайати шаҳри Чкалов ташкил ёфта, соли 1993 мақоми шаҳри тобеи вилоятро соҳиб гардидааст. ҳудуди шаҳр аз сарватҳои зеризаминӣ, аз қабили уран, торий, радий, тилло, нуқра, висмут, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ ва дигар элементҳои химиявӣ хеле бой мебошад.

Бо дарназардошти зиёд будани захираи маъдан дар асри гузашта дар шаҳр чандин корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, дар онҳо намояндагони қариб бист халқу миллатҳои собиқ шўравӣ фаъолият менамуданд ва бо маҳсулоти истеҳсолиашон бозори дохили кишварро бо навъҳои гуногуни молу маҳсулоти ниёзи мардум таъмин мекарданд. Маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои шаҳр дар бозорҳои мамолики хориҷи дуру наздик низ харидорони зиёд доштанд.

Дар баробари ин, шаҳри Табошар дар даврони гузашта яке аз марказҳои пуриқтидори истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати мудофиа ба шумор мерафт ва саҳми заҳматкашони ин диёр дар таҳкими иқтидори ҳарбӣ назаррас буд. Дар он солҳо Табошар бо маҳсулоти истеҳсолӣ ва мардуми заҳматқаринаш дар миқёси олам ном бароварда буд.

Корхонаи асосии саноатие, ки таъминкунандаи ҷойи кории доимии сокинони шаҳр ба ҳисоб мерафт, корхонаи «Заря Востока» маҳсуб мешуд, ки соли 1968 таъсис ёфтааст. ҳаҷми истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар ин корхона соли 1993 615 миллион рублро ташкил дода, шумораи кормандонаш зиёда аз 6 ҳазору 500 нафарро ташкил мекард.

Аммо аз солҳои 90 – уми асри гузашта бо сабаби қатъ гардидани супоришҳои мудофиавӣ корхона ба бўҳрони вазнини иқтисодӣ дучор гардида, айни замон дар он ҳамагӣ 345 нафар коргарон машғули кор мебошанд, ки 5 фоизи шумораи умумии коргарони корхонаро ташкил медиҳад.

ҳолати ба миёномадаро ба назар гирифта, ҳукумати мамлакат ҳамасола барои дастгирии корхона тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар натиҷа, соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоту хизматрасонии корхона ба беш аз 3 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар он истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз қабили курсиву дигар таҷҳизоти мактабӣ, маҳсулоти резинӣ, қубурҳои полиэтиленӣ ва дигар молу маснуот ба роҳ монда шудааст. ҳоло суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса бо соли 2009 130 фоизро ташкил медиҳад.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ корхонаи «Заря Востока» ба маблағи беш аз дуюним миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.

Дар баробари ин таъкид бояд кард, ки корхонаҳои дигари шаҳр, аз ҷумла ҷамъияти саҳҳомии «Мармари Табошар» ва корхонаи «Ҷобири Собир» дар натиҷаи мушкилоти солҳои охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва шумораи коргаронро коҳиш додаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки сабабҳои асосии мушкилоти соҳаи саноати шаҳр дар кўҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти корхонаҳо, сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ ва технологияҳои ақибмондаи истеҳсолӣ, норасоии воситаҳои гардони дохилӣ, нокифоя будани ҷалби сармоягузорӣ, азнавсозӣ нагардидани истеҳсолот, сари вақт иҷро нагардидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ, дараҷаи пасти ҳосилнокии меҳнат ва рақобатпазир набудани маҳсулот ва хизматрасониҳо мебошанд.

Аз ин лиҳоз, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳаи саноати шаҳри Табошар вазоратҳои саноат ва энергетика, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Табошар вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои зикршуда ва тавассути ҷалби сармояи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ таъсис додани корхонаҳои нави хурду миёнаи коркарди маҳсулот дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, барои амалӣ шудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамватанони азиз!

Сол ба сол ғанӣ гардидани буҷети мамлакат имконият фароҳам меорад, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва ҷудо намудани маблағҳо ба шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ тадриҷан зиёд гардад.

Давлат ва ҳукумати кишвар дар тўли бист соли истиқлолият ба соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу маориф таваҷҷўҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Алҳол дар ҳудуди шаҳри Табошар 6 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал карда, дар онҳо беш аз 2200 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин як муассисаи томактабӣ, мактаби бачагонаи варзишӣ ва муассисаи корҳои беруназмактабӣ фаъолият доранд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар марҳала ба марҳала беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. ҳоло дар шаҳри Табошар беморхонаи марказӣ барои 145 кат бо шўъбаҳои дахлдор амал карда, ҳамчунин маркази саломатӣ барои қабули 750 нафар дар як баст ба сокинони шаҳр хизмат мерасонанд.

Дар давоми солҳои нооромии гузашта ва бинобар сабаби мушкилоти молиявию иқтисодӣ фонди манзил ва хатҳои обрасониву шабакаҳои коммуналии шаҳр қариб ба ҳолати нестӣ расида буданд.

Дар шаҳр ҳафт хобгоҳи чорошёна мавҷуд аст, ки барои 840 оила пешбинӣ шудааст ва имрўз онҳо дар вазъияти ногувор қарор дошта, тахриб ва пурра талаву тороҷ гардидаанд.

Бо дарназардошти мушкилоти зикршудаи соҳаи иҷтимоии шаҳр ба вазоратҳои маориф, тандурустӣ, молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Табошар супориш дода мешавад, ки бо ҷалби ҳамаи захираву имкониятҳо, аз ҷумла маблағгузориҳои соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ ва қатъӣ андешанд.

Мушкили дигари сокинони шаҳри Табошар норасоии оби ошомиданӣ ва дар вазъияти ногувор қарор доштани хатҳои обгузари дохилишаҳрӣ мебошанд. қубурҳои обрасонӣ ҳанўз солҳои 50-уми асри гузашта ба истифода дода шудаанд, ки ҳоло фарсудаву корношоям гардидаанд.

ҳамчунин ҳавзҳои захиравии оби ошомиданӣ ба таври зарурӣ истифода намешаванд ва аҳолии шаҳр дар як шабонарўз ҳамагӣ 2-3 соат бо об таъмин мебошад. ҳол он ки дар минтақаҳои кўҳии Табошар дарёчаву чашмаҳои зиёди оби ширин мавҷуданд.

Бо мақсади бартараф намудани ин камбудӣ бо супориши ҳукумати мамлакат Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” барои гузаронидани хатти оби нўшокӣ бо Бонки рушди Аврупо ба маблағи қариб 10 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст.

Дар иртибот ба ин масъала, вазорату идораҳои дахлдор, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Табошар вазифадор карда мешаванд, ки барои таъмиру азнавсозӣ ва пурра иваз намудани таҷҳизоти соҳаи коммуналии шаҳр, таъмири қубурҳои обрасонӣ, гузаронидани ташхиси обҳои ошомиданӣ ва барқарорсозии ҳавзҳову дигар манбаъҳои нигоҳдории об чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид месозам, ки корҳо дар ин самт худи ҳамин сол бояд оғоз гарданд ва мушкилоти таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар давоми ду соли оянда пурра ҳал карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, хотирнишон менамоям, ки масъалаи партовгоҳҳои радиатсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ташвишовари экологӣ дар ҳудуди шаҳр мебошад. ҳоло дар ҳудуди Табошар зиёда аз 400 гектар партовгоҳҳои радиатсиониву таҷҳизоти кўҳна мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 10 миллион тонна партовҳои радиатсионӣ маҳфузанд ва маркази шаҳр аз ин партовгоҳҳо дар масофаи 4-5 километр ҷойгир буда, шаҳри кўҳна бевосита дар шафати он қорор дорад.

Айни замон тибқи созишномаи байниҳукуматии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз моҳи декабри соли 2010 безараргардонии партовҳо оғоз гардида, то имрўз 14 тонна партовҳо коркард карда шудаанд, вале ин миқдор аз 10 миллион тоннаи партовҳои маҳфузбуда хеле ночиз мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки тибқи созишномаи мазкур корҳои поксозии партовгоҳҳои радиатсионӣ минбаъд босуръат идома дода шаванд.

Дар ин замина, ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Табошар, корхонаи давлатии «Востокредмет» супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳарчи беҳтар намудани вазъи экологии минтақа, инчунин роҳу усулҳои коҳиш додани нурҳои радиатсионӣ нақшаи муштараки фаъолияти безараргардонии партовгоҳҳоро таҳия ва ба ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Ҳамзамон бо ин, мехоҳам як масъалаи дигарро таъкид намоям. Дар шаҳри Табошар қисми муайяни аҳолӣ яккаву танҳо ва бесаробон монда, инчунин маъюбони овони тифлӣ ва корҳои истеҳсолӣ низ кам нестанд.

Вазифаи муҳими сохтору мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи мову шумо аз он иборат аст, ки онҳоро бо ғамхорӣ ва пуштибонӣ дар ҳимояи худ гирем. Зеро аксарияти онҳо ба хотири ободии Ватан беҳтарин солҳои ҳаёти худро бахшидаанд ва имрўз ба кўмаку дастгирии мову шумо ниёз доранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки ҳамаи шумо медонед, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои ҷавонон ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳад ва доир ба масоили варзишу тандурустии онҳо, тарбияи касбӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

ҳоло дар ин раванд ба раисони вилояти Суғд ва шаҳри Табошар супориш дода мешавад, ки бо мақсади фаро гирифтани ҷавондухтарони шаҳр бо ҷои кори доимӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор то ҷашни Наврўз як сехи дўзандагии муосир бо сесад ҷои кори ташкил карда, ба истифода супоранд.
Бо дарназардошти вазифаҳои гузошташуда ҳамаи мову шумо вазифадорем, ки барои барқарор намудани шаъну эътибор ва шўҳрати пешинаи шаҳри саноатии Табошар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.

ҳамзамон бо ин, дар ин марҳалаи таърихӣ моро зарур аст, ки дурдонаи бебаҳои миллиамонро, ки ба ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳамгироиву ҳамфикрии умумимиллӣ асос ёфтааст, ҳамеша ҳифз намоем ва онро ҳамчун намунаи манзалату эътибори бузурги миллати сулҳхоҳу фарҳангии тоҷик ва шарти пешрафту ободӣ ба наслҳои ояндаи халқамон мерос гузорем.

Итминони комил дорам, ки суннати таҳаммулпазирӣ, рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ, фазои сулҳу ваҳдат ва осоиши кулли миллатамон барои пойдориву таҳкими минбаъдаи сарзамини муқаддасу куҳанбунёдамон – Тоҷикистони азиз мусоидат хоҳад кард.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ба ҳамаи шумо - сокинони меҳмоннавозу заҳматкаши шаҳри Табошар ҷашни бистсолагии соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамонро табрик гуфта, ба ҳар кадоматон дар роҳи пешрафту тараққиёти диёри азизамон барори кор ва хушбахтиву хонаободӣ орзу менамоям.
Дар охир пешниҳод менамоям, ки бо мақсади барқарор намудани суннати неки номгузории миллӣ ва ба ифтихори бистсолагии ҷашни озодиву соҳибихтиёрии давлати тоҷикон номи шаҳри Табошар ба Истиқлол иваз карда шавад.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520