Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии ширкати Хуасини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чин

03.04.2014 14:42, шаҳри Гулистон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуасини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз сохтмони корхонаи дуюми ин ширкати азими чинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент ва 1000 ҷойи корӣ оғоз ёфт. Корхонаи якуми он бо ҳамин иқтидор ва ҳамин қадар ҷойи корӣ дар ноҳияи Ёвон фаъолият дорад. Ҳардуи ин корхонаҳо бо саҳмгузории муштарак бо ширкати ватании Ғаюрсемент бунёд ёфтаанд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин ширкатҳои Тоҷикистону Чин минбаъд тасмим доранд, ки иқтидори корхонаи Ёвонро ба 1,4 миллион тонна расонанд ва боз як корхонаи дигари семент дар ноҳияи Данғара бо иқтидори 1,5 миллион тонна бунёд намоянд. Корхонаи Данғара низ бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар  он 1000 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тавре таъкид гардид, дар сурати ба кор даромадани ду корхонаи нав қисмати зиёди маҳсулоти он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад, зеро ҳаҷми истеҳсоли семент аз талаботи бозори дохилӣ хеле афзун хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520