Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ дар шаҳри Қайроққум

03.04.2014 14:37, шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин муассисаи тиббии муосир бо харҷи қариб 2 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ширкати аш-Шафар аз Амороти Муттаҳидаи Араб сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ташхис ва табобат аз ширкатҳои олмонӣ, италявӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ин муассисаи тиббӣ дорои 14 ҳуҷра ва 21 дастгоҳи гаронарзиши муоинаю ташхис ва табобат ба монанди дастгоҳҳои ултрасадо (УЗИ), рентгенӣ, дандонпизишкӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти таҳлилӣ, як қатор таҷҳизот барои ташхиси  амрози занона, гӯшу гулуву бинӣ, чашм ва дил мебошад. Дар ин марказ наздики 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.  

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорону ташкилкунандагони ин амри хайр арзи сипос карда, таъкид дошт, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ бояд дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шавад.

Намояндагони ширкати арабии аш-Шафар изҳор доштанд, ки ин нахустин натиҷаи кори онҳо дар Тоҷикистон аст ва азм доранд, ки  минбаъд ҳамкориро дар ин ҷо ривоҷ диҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520