Дар соҳили рости Сирдарё аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи чаҳорошёнаи Хуҷанд – делюкс, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуқодир Абдураҳмонов ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре иттилоъ доданд, меҳмонхона бо 20 ҳуҷра дорои 35 кати хоб буда, дар он 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ таъмин мешаванд.
Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ба таври аврупоӣ ва миллии тоҷикӣ ороиш ёфта, бо мебели замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.
Деворҳои ҳуҷраҳо бошад, бо расмҳои гуногуни табиати кишвар ва ба тарзи миллӣ ва аврупоӣ, инчунин панно – сӯзаниҳо оро дода шудааст.
Меҳмонхона, ҳамчунин дорои коргоҳи хушкашӯии сару либос ва тарабхона бо 80 ҷойи нишаст буда, ҳамаи хизматрасониҳо бо дараҷаи 4 ситора ба роҳ монда шудааст.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона дар пайравӣ ба ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат хатнасури 50 нафар писарчаҳо аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд. Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманд супурда шуд.