Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода супоридани зеристгоҳи барқии «Хуҷанд–Айнӣ»

26.09.2011 16:00, ноҳияи Айнӣ

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани як нерўгоҳи хурд, хатти 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ бо зеристгоҳи муҷаҳҳази Айнӣ ва шиносоӣ бо вазъи кору зиндагии мардум ба вилояти Суғд сафар кард.

Боздиди корӣ аз деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма нерўгоҳи Марзичро, ки дорои иқтидори 4300 киловатт\соат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, ин нерўгоҳ бо харҷи 4 миллион доллари амрикоӣ аз маблағгузории муштараки ШСХК Барқи Тоҷик ва Бонки исломии рушд дар муддати кўтоҳ, вале бо сифати баланд сохта ва омодаи кор гаштааст.

Барои кори бемонеа ва якмароми нерўгоҳ ҳамагӣ 3,5 метри мукааб об лозим будааст, аз ин хотир бо назардошти серобии рўди Зарафшон ин нерўгоҳ метавонад тобистону зимистон бо иқтидори лоиҳавиаш кор кунад.

Чунонки зикр гардид, нерўгоҳи Марзич қодир аст то 50% ниёзи ноҳияи Айниро ба нерўи барқ таъмин намояд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мавқеи басо мусоиди ин мавзеъ ба масъулин дастур дод, ки бо насби лўла ва агрегатҳои иловагӣ иқтидори нерўгоҳи Марзич ба 10 ҳазор киловатт\соат расонда шавад ва таъкид намуд, ки он гоҳ ин нерўгоҳ ноҳияи Айниро пурра бо нерўи барқ таъмин хоҳад кард.

Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 220-киловолтаи Айнӣ ва хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Хуҷанд-Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, бунёди ин зеристгоҳ ва ба масофаи 83 км кашидани хатти 220 киловолтаи Хўҷанд - Айнӣ моҳи июли соли 2010 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд ва имрўз 5 моҳ пеш аз мўҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо вуҷуди он, ки қисмати зиёди хат аз болои қаторкўҳҳои баланди ҳамеша барфпўш мегузарад.

Кунун мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон – Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент пурра бо нерўи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин зеристгоҳ ва хатти 220 киловолтаи Хўҷанд Айнӣ бо харҷи 37 миллион доллари амрикоӣ бо истифода аз техникаю технологияи навтарини ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми водии Зарафшон ва кулли кишварро бо чунин тўҳфаҳои пурарзиш табрику таҳният гуфта, иттилоъ дод, ки нерўгоҳи хурди Марзич ва зеристгоҳи барқии Айнӣ, ғайр аз аҳамияти бузурги энергетикию иқтисодиашон боз аҳамияти иҷтимоӣ низ доранд, зеро дар ҳардуи онҳо зиёда аз 80 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар деҳаи Искодар ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як аспи хушзоту хушхироми тоҷикӣ тўҳфа карда шуд, ки парвардаи хоҷагии асппарварии Тоҷикистони ноҳияи Айнӣ мебошад.

Аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи дурдасти Роғи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ки 80 км аз маркази ноҳия дур қарор дорад, ташриф оварда, бо кори намунавии картошкапарварони он наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати ин деҳқонони асил иттилоъ дода шуд, ки аз ҳар гектари ин заминҳои ҳосилхез аз 35 то 50 тонна картошка рўёнда мешавад.

Имсол картошкапарварони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ азм доранд, ки 70 ҳазор тонна истеҳсол намуда, дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Деҳқони Асил Маҳмадшо Раҷабов, ки худ омўзгор аст, дар 60 садяк замин картошка корида, ҳосили фаровон ба даст овардааст ва умед дорад, ки баъди ба замини ў ташриф овардани роҳбари давлат баракати кораш боз ҳам афзун мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, шуғли асосии аксари кулли мардуми ин ҷамоат картошкапарварӣ аст ва аз он фоидаи хуб гирифта, сатҳи баланди зиндагии худро таъмин намудаанд. Онҳо аз норасоии техникаи кишоварзӣ танқисӣ намекашанд, зеро қариб ҳама аз ҳисоби фоидаи корашон мошини боркаш, мошини сабукрав, трактор ва дигар мошинолоти кишоварзӣ харидорӣ намудаанд.

Бо дархости деҳқонони асили деҳаи Роғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои кандани як канали 5 километра ва аз худ намудани 100 гектар замини нави ҳосилхез лоиҳа омода намоянд. Тавре таъкид гардид, ин лоиҳа бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки имкони аз нав обёрӣ ва оянда мавриди истифода қарор додани 1300 гектар заминҳои бекори мавзеи Тагоби Реват омўхта шавад.

Зимни машварат бо мардуми ҷамоати Лангар, ки бо иштироки масъулини дахлдори соҳа аз ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои масъули ҷумҳуриявӣ, сохторҳои тоҷикматлубот, роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе, олимону мутахассисони соҳа, масъулони вилоятӣ ва раисони ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Суғд баргузор гардид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки баъди 2 сол истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.

Чунонки зикр гардид, соли гузашта дар кишвар 760 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда буд, имсол ин нишодод, тибқи пешгўиҳо, ба 860 ҳазор тонна мерасад ва дар зарфи 2 соли дигар ҳаҷми истеҳсоли «нони дуюм» бояд 140 ҳазор тонна зиёд карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки расидан ба ин ҳадафи наку бо ду роҳ муяссар хоҳад шуд. Якум бо роҳи аз худ кардани заминҳои нав ва васеъ кардани майдони кишт ва дуюм бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ баланд бардоштани ҳосилнокии картошка.

Тавре таъкид гардид, аз 1 миллион тонна картошка 400 ҳазораш бояд дар ноҳияҳои вилояти Суғд истеҳсол шавад. Аз ин хотир ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан ва ғайра супориш дода шуд, ки барои иҷрои ин супориш тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.

Барои имсол дастур дода шуд, ки ҳосили фаровони картошкаро саривақту беталаф ҷамъоварӣ намуда, ҳам фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва ҳам захирасозии он таъмин гардад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, ҳамчунин тухмиҳои хушсифат бояд фаровон захира карда шуда, ба тамоми ноҳияҳои кишвар дастрас шавад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, афзун намудани истеҳсоли картошкаи барвақтӣ низ ба фоидаи кор аст, аз ин хотир дастур дода шуд, ки тухмиҳои хушсифат ба картошкапарварони тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳбарияту масъулини сохторҳои Тоҷикматлубот ва раисони бозорҳои шаҳри Душанбе бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо барои бастани шартномаҳо ва кашонда, захира кардани картошка омадаанд, то ки фаровонӣ ва арзонии он дар бозори истеъмолӣ таъмин карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин таҷрибаи наку бояд ҳамеша идома дода шавад, то ки робитаи зичи миёни истеҳсолкунандагон ва бозор мустаҳкам шавад ва пеши роҳи онҳое, ки аз боло бурдани нархҳо фоидаи муфт мегиранд, гирифта шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520