Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаи коркарди шири Афзали Суғд

02.04.2014 13:39, шаҳри Хуҷанд

Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз як корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре иттилоъ доданд, ин корхона аз ҷониби ширкати Афзали Суғд бунёд ёфта, бо коркарди шир ва истеҳсоли 15 намуд маҳсулот аз машғул аст.

Дар ин корхона беш аз 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 800 сомонӣ таъмин мегарданд

Корхона бо харҷи 1 миллион сомонӣ сохта ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як сол 3 ҳазор  тонна ширро метавонад коркард намояд.

Сифати тамоми маҳсулоти ширӣ дар озмоишгоҳ санҷида шуда, дар зарфҳои сохти худи корхона ҷойгир карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш дод, ки чунин корхонаҳои коркарди шир дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо мағозаҳои фирмавиашон бунёд карда шаванд. Тавре таъкид гардид, аз аҳолӣ ҳам бояд шир харидорӣ шуда, дар чунин корхонаҳо бо сифати баланд коркард шавад.

Роҳбарияти корхона азм доранд, ки маҳсулоти хушсифати бозоргир бо зарфҳои зебо истеҳсол намоянд, зеро танҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳоло 20 корхонаи коркарди шир фаъоланд ва рақобат дар бозор шадид мебошад. Ҳамаи ин корхонаҳо маҳсулоти худро дар корхоани нави ширкати Афзали Суғд ба маърази Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бароварда буданд. Зарфҳои сафолии маҳсулоти ширӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт, зеро дар он муҳлати нигоҳдории чунин маҳсулот дарозтар аст.

Дар ин ҷо, ҳамчунин маҳсулоти корхонаҳои коркарди гӯшт дар маъраз буд, ки бо сифати баланди бозоргузар истеҳсол шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти ватании ширию гӯштӣ бояд зиёд карда шавад, то ки воридоти он аз хориҷи кишвар коҳиш ёбад.

Тавре иттилоъ доданд, ширкати Афзали Суғд, ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки дар шафати корхонаи номбурда коргоҳҳои истеҳсоли консерва ва ҳасибҳои гуногуни гӯштиро ба роҳ монад.

Бояд тазаккур дод, ки  ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 22 корхонаи истеҳсолӣ фаъол гардида, 320 нафарро бо кори доимӣ таъмин намудаанд. Ин миқдор корхона бо харҷи 30 миллион сомонӣ сохта ва таҷҳизонида шудаанд.  Ҳаҷми умумии маҳсулоти онҳо аз 10,5 миллион сомонии соли 2011 то соли 2013 ба 44 миллион сомонӣ расидааст. Соли 2014 тибқи нақша ин нишондод бояд ба зиёда аз 60 миллион сомонӣ расонда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520