Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

21.09.2011 11:00

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Ҷалолатмаоб,

Бо андўҳи азим ва даҳшату ғазаб хабари марги фоҷиабори собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон устод Бурҳониддини Раббониро дарёфт намудам.
Профессор Раббонӣ аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи муосири Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон буд. Нақши ин абармарди олами сиёсат дар ҷустуҷўи беҳтарин роҳҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон лоиқи достонҳост, чун охирин маснаде, ки марҳум дошт, вазифаи Раиси Шўрои Олии Сулҳ дар кишвар буд.

Душманони ободиву осоиши Афғонистон устод Раббониро ҷисман аз байни мо рабуданд, вале ёди поки ў дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд ва муборизони асилро барои кору пайкор ҷиҳати таъмини сулҳу салоҳ ва шукуфоии Афғонистон солҳои мадид рўҳбаланд хоҳад кард.

Хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти самимии инҷониб ва мардуми Тоҷикистонро бо ин талафоти ҷуброннопазири мардуми Афғонистон бипазиред ва ба ёру наздикони марҳум бирасонед.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520