Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси ғайринавбатии ҳукумат

20.09.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Баъд аз зуҳр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумат баргузор гардид, ки дар он масоили омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баррасӣ шуда, доир ба рафъи мушкилоти мавҷуда қарорҳои зарурӣ қабул гардид.

Доир ба рафти корҳои омодагӣ ба мавсими пешомади тирамоҳу зимистон Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳаҳои энергетика, барқ, газ, хоҷагии комуналӣ, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, тоҷикматлубот, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, захираҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳисобот доданд.

Зимни ҳисоботҳо, аз ҷумла зикр гардид, ки маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои харид, захира ва таъмини маводи сўхту ғизоӣ имсол нисбат ба соли 2010 2,2 баробар зиёд гардид. Корҳо барои захира намудани ангишт, гази моеъ, дигар маводи сўхт ва озуқаворӣ ба хотири таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолии кишвар муташаккилона идома дорад.

Дар 8 моҳи соли равон 20 нерўгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт/с. сохта, ба кор дароварда шуд ва сохтмони 17 нерўгоҳи хурди дигар бо иқтидори умумии 7,9 ҳазор кВт/с. дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суолу ҷавоб ва суханронии худ ба масъулини дахлдор доир ба кам кардани талафоти техникии барқу газ, ҷамъоварии маблағи барқу гази истифодашуда, тезондани ғунучини ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захира ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, оғози киштукори тирамоҳӣ, таъмини фаровонию арзонии маводи ғизоию сўзишворӣ дар бозори истеъмолии кишвар, хуб омода кардани муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва аз соли оянда як баробар зиёд намудани майдони кишти картошка дар кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки имсол таъминот бо маводи сўхту озуқаворӣ ва умуман некуаҳволии мардум нисбат ба соли гузашта бояд хеле беҳтар шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520