Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, ки дорои 12 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, ба муносибати таҷлили Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ беш аз 15 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Варзишгоҳи моломоли тамошобин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар мардуми ноҳияи Данғара ва кулли вилояти Хатлонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, ба ҳамагон хонаи обод, бахту иқболи баланд ва ба кишоварзони заҳматкаш файзу нусрати баҳорӣ орзу намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Данғара ва ҳамаи қаламрави вилояти Хатлон изҳори хушӣ кард ва бо ёдоварӣ аз имконоти фаровони табиӣ кишоварзони ноҳияи мазкурро ба рушди бештари ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ раҳнамун кард.
Таъкид гардид, ки “ноҳияи Данғара метавонад бо роҳи боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши бисёр муҳим бозад”.
Тавре ёдоварӣ гардид, майдони варзишии ноҳияи Данғара якҷо бо Маҷмааи фарҳангии “Хуррамшаҳр” ба ифтихори нахустин ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2010 бунёд шуда буд ва имрӯз ба як мавзеи зебову дилписанди истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфтааст.