Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи беморхонаи нав дар ноҳияи Данғара

22.03.2014 10:24, ноҳияи Данғара

Дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, сохтмони ин беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад.

Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст.

Ин беморхонаи муосир, ҳамчунин мошинҳои муҷаҳҳази ёрии таъҷилии тиббӣ ва нуқтаи истеҳсоли оксиген дорад.

Дар ин ҷо, инчунин тавассути шабакаи ягонаи электронӣ ва барномаҳои махсуси компютерӣ бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон ба роҳ монда шудааст.

Дар беморхона дастгоҳҳои тибби фосилавӣ низ васл гардидааст, ки тавассути он кормандон бо олимону мутахассисони соҳибтаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ба таври мустақим машварат менамоянд.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ин беморхона, ки навтарин дар ин соҳа мебошанд, аз Сименс ва Дрейгер барин ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дастрас гардидаанд.

Дар ин беморхона 240 корманди соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Барои кор бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 45 мутахассиси ин беморхона дар курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар бозомӯзӣ шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми мутахассисони дар ин ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки бо чунин таҷҳизоти мураккаби муосир таъмин гардидаанд, ҳатман бозомӯзӣ кунанд.

Ин беморхона, ҳамчунин дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва генераторҳо барои таъмини мустақилонаи нерӯи барқ дар ҳолати қатъ гардидани интиқоли он аз берун мебошад.

Бо назардошти имконоти мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар заминаи ин беморхона кафедраҳо барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва бозомӯзии кормандони соҳа таъсис намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520