Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз

21.03.2014 13:07, шаҳри Душанбе

Дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Саҳни ҳавлӣ, атроф ва дохили Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони аҳли ҷамоати пойтахт бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки “Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба шодию нишоти наврӯзӣ, арҷгузорӣ ба оину суннатҳои волои ин ҷашни бостонӣ, ваҳдату ягонагӣ, таҳкими пояҳои сулҳу осоиш дар ҷомеа ва ҳамчунин ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ободонию шукуфонии Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят кард.

Тантанаҳои марказии Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520