Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аҳли зиё

20.03.2014 13:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуд.

Мулоқоти навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар оғози суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро “аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо” номида, изҳор дошт, ки “Наврӯз дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд”.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад”.

Таъкид гардид, ки “яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз бар ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ асос ёфтани он аст”.

Бо ёдоварӣ аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ин ҷашни пурифтихор ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд”.

“Ба ин маънӣ метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват аст”, - изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Наврӯз ва суннату ойинҳои он, ҳамчунин “як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз” номида шуд ва таъкид гардид, ки “пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад”.

“Онҳое, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад”, -бо шиддат таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Чун анъана дар айёми наврӯзӣ ва зимни мулоқотҳо бо аҳли зиёи кишвар Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои илмию маърифатии эҷодкорони тоҷик ёдовар шуда, тасмимҳои нави фарҳангии давлату ҳукуматро эълом медорад. Мулоқоти имрӯза низ истисно набуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки “созмони бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард”.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли равон бистумин солгарди қабули Конститутсия ва Суруди миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли нави аҷдодии 2014-ро “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ” эълон кард.

Бахши аъзами суханронии Президенти кишвар ба шуҳрати оламшумул ва таъсири судманди осори гаронмояи Мавлоно Ҷомӣ ба аҳли башар бахшида шуд ва пешниҳод гардид, ки яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва як муассисаи илмию маърифатӣ бо номи ин марди бузург номида шавад.

Дар боби дастгирии давлатӣ аз эҷоду эҷодкории аҳли зиё, аз ҷумла ёдоварӣ карда шуд, ки дар тӯли танҳо панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дуконҳои китобфурӯшӣ, инчунин Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ тармиму навсозӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайдо шудани «Википедияи тоҷикӣ»-ро дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки иқдоми ҷавонони ватанпарасти мо аст, арзандаи дастгирӣ номида, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дод, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад.

Ҳамчунин ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо ва Китобхонаи миллӣ супориш дода шуд, ки барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани асарҳои саромадони адабиёти гузашта ва муосири Тоҷикистон аз шабакаи интернет васеъ истифода намоянд.

Дар маҷмӯъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зиёиёни кишварро “дидаи бедори миллат” номида, онҳоро ба эҷоди асарҳои нави матлуби аҳли ҷомеа, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи китобдӯстию китобхонӣ, илмомӯзию донишандӯзӣ ва ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520