Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатӣ дар шаҳри Душанбе

06.09.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Шоми имрўз дар мавзеи Буниҳисораки шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи мўҳташами фарҳангу фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони Боғи «Пойтахт» дар майдони 15 гектар дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2010 шурўъ гардида намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи фарҳангу фароғатӣ маҳсуб мешавад.

Боғи мазкур аз маҷмааҳои дилхушӣ, амфитеатр барои 1080 ҷойи нишаст, қалъаи афсонавӣ, ҳавзҳои аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои мусиқию тасвирҳои гуногун, майдонҳои варзишӣ барои теннис, баскетбол, волейбол, ганбол ва футболи хурд, толори шоҳмоту саққобозӣ, майдони бозиҳои чархакронӣ ва атраксионҳо иборат буда бо харҷи наздик ба 80 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иншоот ва шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар боғ шинос шуда барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум, сабзу хуррамгардонӣ ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Зимни суханронӣ дар ҳузури ҷамъомадагон - сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар давоми чанд соли охир дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ Боғи марказии ба номи Рўдакӣ ва собиқ Боғи ботаникӣ, ки имрўз бо номи Боғи Ирам амал мекунад тармиму таҷдид гардида ба макони асосии сайру истироҳат ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат табдил ёфтааст ва дар воқеъ ифтитоҳи ҳамин қабил иншооти фарҳангиву фароғатӣ ба симои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳусни хоса бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кўдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Президенти мамлакат изҳори итминон кард, ки бо бунёди чунин марказҳои фароғативу биноҳои варзишӣ, шумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат беҳтар мешавад.

Дар хотима ба истиқболи ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири ифтитоҳи Боғи «Пойтахт» намоиши идонаи мусиқию тасвирӣ дар фаввораҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
қобили таъкид аст , ки дар маҷмўъ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе 236 иншооти гуногуни ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520