Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОБОЗОДА Шавкат
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон


БОБОЗОДА Шавкат 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси мухандис механик–технолог ва соли 2003 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун коргар дар фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1985 баъди хатми Донишкада ба ҳайси муҳандиси фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд, муҳандиси шуъбаи механикии Вазорати саноати маҳаллӣ, сардори шуъбаи механики–энергетикии фабрикаи «Зарбоф»-и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Солҳои 1999-2004 дар вазифаҳои директори маркази шуғли аҳолии шаҳри Чкалов, сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004-2012 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкалов фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2014 дар вазифаи мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Бо фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520