Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон


УСМОНЗОДА Усмоналӣ Юнусалӣ 13 сентябри соли 1959 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро моҳи ноябри соли 1982 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор»-ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989-1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.

Аз соли 2009 то соли 2013 дар мансаби Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор кардааст.

Солҳои 2013-2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2014-2020 Ноиби Президенти Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2012 бо ордени «Шараф дараҷаи II ва соли 2016  бо унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520