Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло 4 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 Донишкадаи тиббии давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ҳамчун духтури беморхонаи марказии ноҳияи Данғара оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон ва директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2006-2008 дар вазифаи Муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2008 дар мансаби Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо ордени Шараф дараҷаи I ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520