Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИРЗО Шералӣ
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шералӣ Мирзо 24-уми майи соли 1967 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ - олии ҳарбӣ. Соли 1989 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисии қӯшунҳои ракетии таъиноти стратегии ба номи Маршали Иттифоқи Советӣ Чуйков В.И.-и Федератсияи Россия, соли 2004 Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро бо дипломи аъло ва медали тилло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи июни соли 1989 огоз намуда, то моҳи июни соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни афсарӣ дар артиши ИҶШС ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия хизмати ҳарбӣ намудааст.

Моҳи июни соли 1994 ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда, дар вазифаҳои афсари калони шӯъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Бригадаи 1-уми алоҳидаи тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситод - муовини якуми Фармондеҳи Қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ намудааст.

Аз моҳи майи соли 2005 то моҳи декабри соли 2006 дар вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2020 ба вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Дар давоми хизмати ҳарбӣ барои хизматҳои софдилонаю шоиста ва назаррас дар назди Ватан, ҳиссаи шахсиаш дар мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи ҳарбии «генерал-полковник», мукофотҳои давлатӣ Орденҳои «Шараф», «Спитамен», «Заринтоҷ» дараҷаи II ва медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520