Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ, соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1984-1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520