Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САИД Нуриддин Саид
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Саид Нуриддин 25 ноябри соли 1956 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои фалсафа, профессор мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ҳамчун ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, сардори Раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи январ то ноябри соли 2008 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва сипас то соли 2012 дар мансаби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз январи соли 2012 то ба имрӯз Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520