Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИБРОҲИМ Азим
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иброҳим Азим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмиллалии ашёи минералӣ дар шаҳри Москва.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба сифати таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ оғоз намуда, солҳои 1985-1988 аспирант, сипас то соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошкент фаъолият намудааст.

Солҳои 1992-1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1994-1995 дар мансаби муовини аввали Раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-2002 дар вазифаи муовини аввали Раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, сипас муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2004-2005 дар вазифаи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз соли 2005 дар вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520