Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САИД Давлаталӣ
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон


Саид Давлаталӣ 30 марти соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисоди миллӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2005-2007 аввал дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2009 ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония фаъолият намудааст.

Аз моҳи октябр соли 2009 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо ордени Шараф дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520