Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

03.09.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шуруъ намуд.
Барои иштирок дар ин ҷаласа аз дирўз ташрифи сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом оѓоз ёфт.

Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Молдова Мариан Лупу, Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қиризистон Роза Отунбоева ва намояндагони воломақоми Беларус, Озарбойҷон ва Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Кохи Сомони қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро як – як истиқбол гирифта, ба толори аксбардории умумӣ даъват намуд.

ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар нишасти хосаи сарони давлатҳо ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърўзаи таҳлилӣ - «Натиҷаҳои фаъолияти 20 – солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо», Созишнома дар бораи абадӣ гардондани хотираи мардонагӣ ва қаҳрамонии мардумони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Барномаи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ѓайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014, Созишнома дар бораи ташкили фаъолияти нерўҳои навбатдори мудофиаи зиддиҳавоӣ дар ҳолати ғасби нақлиёти ҳавоӣ, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташкили минтақаи озоди савдо ва Фонди эҳтиётӣ барои расондани кўмак ба давлатҳои аъзои иттиҳод дар ҳолати осеб дидан аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва ҳамчунин таҳия, қабул ва татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ, Стратегияи амнияти озуқаворӣ, Самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан барои давраи то соли 2020 ва дигар масоили муҳим ҷалб намуда, барои рушди ҳамкории пурсамар дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳодҳои судбахш ба миён гузошт.

Ба ин ва дигар масоили муҳим, ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев доир гардид, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520