Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ

08.02.2014 09:24, Русия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд.

Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

Ин намоиши таассурбахшро беш аз 40 ҳазор тамомшобин аз варзишгоҳ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд.

Дар таҳияи ин барнома 12 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо аз бештар аз 100 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи лижарони тоҷик Алишер Қудратов намояндагӣ мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520