Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ ва бозиҳои 11-уми параолимпии 2014 вориди шаҳри Сочии Федератсияи Русия шуд.
Худи ҳамин рӯз мулоқоти дуҷонибаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсяи Русия Владимир Путин дар назар аст.
Дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз як қатор кишварҳо ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳам мулоқотҳои судманд анҷом хоҳад дод.