Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

01.09.2011 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.

Сарони давлатҳои дўсту ҳамсоя доир ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ табодули назар намуданд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки минтақавию байналмилалии се кишвар сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520