Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

01.09.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки низ барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Аз рушди босуботу босуръати ҳамкории ду кишвар, ки солҳои ахир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Барои густариши минбаъдаи равобити судманд, рушди тиҷорати дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби васеи соҳибкорон ва муҳайё намудани фазои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ ба онҳо фаъолияти бештару босамартари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва тавсиаи заминаи қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.

Ба идомаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, аз ҷумла барои ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ ҳавасмандии ду ҷониб таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба рушди ҳамкории судманд миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ зоҳир карда шуд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии ду кишвар сурат гирифт.

Баъди анҷоми мулоқот сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба шаҳраки дипломатии шаҳри Душанбе ташриф оварда, якҷоя бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои нави Сафорати ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Сарони ду давлат зимни суханронии табрикӣ оғози сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар яке аз беҳтарин мавзеъҳои шаҳри Душанбе нишонаи эҳтирому самимияти баланди ду ҷониб ба ҳамдигар ва воситаи рушди бештари муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судовар арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520