Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.01.2014 12:41, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2014 мушаххас карда мешаванд.

Барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президент, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо, рӯзномаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул ба ҳам омадаанд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода шунида шуд. Тавре зикр гардид, суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар дар соли 2013 7,4 фоизро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид. Сатҳи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар гардида буд. Чунонки аён гардид, нишондодҳои рушд дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ мусбӣ мебошанд.

Аз ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбонов маълум шуд, ки Буҷети давлатӣ дар соли 2013 барзиёд иҷро гардида, ҳаҷми он ба 11,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2012 кариб ду миллиард сомонӣ зиёд аст.

Аз ҳисоботи Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов бармеояд, ки сарфи назар аз таъмин нагардидани нақшаи андозсупорӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои бузург ва қисмате аз шаҳру ноҳияҳо дар маҷмуъ нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар ҷумҳурӣ барзиёд иҷро гардидааст.

Зимни ҳисоботи Сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 3 миллиарду 241 миллион сомонӣ иҷро гардидааст ва ин 496 миллион сомонӣ аз нақшаи солона зиёд аст. Тавре зикр гардид, ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дорад ва ҳаҷми савдои хориҷӣ дар соли 2013 беш аз 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, аз хароҷоти зиёд ва ғайриҳадафмандонаи дохилии ин бонк ва ҳамчунин нокифоя будани фаъолияти он барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти бонк супоришҳои мушаххас дод.

Аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва бонкҳои саҳҳомии ҷумҳурӣ низ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти хуб ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқи бонкҳо аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба шумор меравад.

Сипас Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов ҳисобот дода, иттилоъ расонд, ки ифтитоҳи маркази барқу гармидиҳии рақами дуи шаҳри Душанбе ва ба кор даромадани маркази нави барқтақсимкунандаи 220 киловолтаи нерӯгоҳи обии Норак аз ҷумлаи намоёнтарин натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи энергетикаи кишвар дар соли 2013 мебошад. Зикр гардид, ки ҳоло корҳо барои сохтмон ва васли таҷҳизоти маркази нави барқтақсимкунандаи 500 киловолтаи нерӯгоҳи обии Норак, навсозии нерӯгоҳҳои Қайроққум, Бойғозӣ, Сарбанд ва кашидани хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ бомаром идома доранд. Дар ин соҳа 7 лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо баробар ба зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки “Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатии худ барои истеҳсоли 1000 мегаватт/соат нерӯи барқ иқтидорҳои нав бунёд намуд. Бо вуҷуди ин, - таъкид дошт Президенти кишвар- мушкили норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон бартараф нагардидааст”. Аз ин хотир, ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки барои бартараф намудани ин ҳолат чораҳои муассир андешида амалӣ намоянд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои то 400 мегаватт/соат афзун намудани иқтидори маркази барқугармидиҳии шаҳри Душанбе, бунёди дигар марказҳои барқугармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда, нерӯгоҳҳои хурду миёнаиқтидори обӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Себзору Санобод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев зимни ҳисобот, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар соли 2013 322 корхонаи нави саноатӣ бо 9632 ҷойи корӣ сохта ба кор дароварда шуд. Тибқи маълумоти ӯ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар сол ба сол афзоиш меёбад. Дар соли 2013 ба андозаи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайёсозии ҳазорон ҷойҳои корӣ супоришҳои мушаххас дод.

Вазири нақлиёт Хайрулло Асоев дар ҳисобот ба масоили расидан ба ҳадафи стратегии давлат оид ба раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуд. Тавре зикр гардид, корҳо барои сохтмони роҳҳои мошингарди магистралӣ бо пулҳои хурду бузург дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Дар ин соҳа бо харҷи 1 миллираду 156 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз иштироки соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии саховатпеша дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ изҳори хушнудӣ карда шуд.

Зимни ҳисоботи Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, соли 2013 дар ҷумҳурӣ наздики 1 миллион тонна ғалладона истеҳсол шуд. Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Дар соли 2013 1 миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Нақшаю барномаҳои бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна ҳам бонизом иҷро мегарданд. Бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ сол ба сол ба марҳилаи рушди босубот ворид мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520