Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кор даровардани навбати якуми маркази нави барқу гармидиҳии пойтахт

10.01.2014 12:09, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ташриф оварда, навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо масъулину мутахассисони Тоҷикистону Чин, ки ба таври муштарак ба сохтмону таҷҳизи маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе машғуланд, истиқбол гирифтанд.

Тавре иттилоъ доданд, барои сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти ин корхонаи азим кор ба таври шаборӯзӣ ва бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма навбати якуми маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дод. Иқтидори истеҳсолии навбати аввали марказ баробар ба 1 миллиону 250 ҳазор киловатт-соат нерӯи барқ аст. Ин иқтидор дар шароити камчинии нерӯи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқии кишвар мебошад.

Афзалияти аз ҳама муҳим дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки алҳол гази табиии худӣ надорад ва имкони аз хориҷи кишвар низ ворид кардани он аз миён рафтааст, бо ангишт кор кардани ин марказ мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки бо вуҷуди бо ангишт кор кардани маркази нави барқу гармидиҳӣ зарари экологии он ба муҳити зист дар ҳадди камтарин аст, зеро дар он таҷҳизоти навтарини поксозии чангу дуд васл гардидааст.

Гузашта аз ин, дар ин марказ чунин таҷҳизот васл гардидааст, ки дар сурати дастрас шудани гази табиӣ, он метавонад ба истифодаи ин навъи сӯзишворӣ гузаронда шавад.

Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ хоҳад расид, бояд то моҳи апрели соли 2014, яъне 6 моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ, ба кор дароварда шавад.

Аз зимистони соли оянда сар карда, маркази нави барқу гармидиҳӣ беш аз 40% биноҳои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармӣ низ таъмин хоҳад кард.

Барои сохтмону таҷҳизи пурраи ин марказ харҷи беш аз 178 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Чин дар назар аст.

Тибқи нақшаҳои дурнамоӣ, оянда иқтидори ин марказ шояд то 400 мегаватт/соат нерӯи барқ афзун гардад.

Тавре иттилоъ доданд, дар сохтмони ин марказ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Наздики 300 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пас аз пурра ба кор даромадани марказ дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар аввали кор наздики 100 нафари он мутахассисони чинӣ хоҳанд буд, ки ҳамзамон ба омӯзиши кадрҳои маҳаллӣ машғул хоҳанд шуд. То имрӯз аллакай 60 нафар дар курсҳои 75-рӯзаи ҳунаромӯзӣ ва такмили ихтисоси Ҷумҳурии Мардумии Чин омӯзонда шудаанд. Дигар кадрҳои маҳаллӣ дар худи Тоҷикистон бо ҷалби омӯзгорону мутахассисони чинию маҳаллӣ омӯзонда хоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози кори навбати аввали маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе изҳори хушҳолӣ карда, таъкид дошт, ки ин корхона бояд дар таъмини пойтахт ҳам бо нерӯи барқ ва ҳам бо гармию оби гарм саҳми намоён дошта бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520