Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баландтарин парчами ҷаҳон дар шаҳри Душанбе парафшон гардид

30.08.2011 20:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метра, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлўи чапи қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд.

Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот бунёд ёфтааст.

Хоттиррасон бояд намуд, ки чанде пеш дар паҳлўи рости қасри миллат Нишони давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр мебошад. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ дар арафаи ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлўи қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза бахшидаанд. Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе қасри Миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишинашон шомил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари азизи мо табдил хоҳад ёфт.

Имрўз ҳам майдони атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳавзҳо ва гулу гулгаштҳои зебою дилнишини худ, аллакай ба мавзеи дилфарои сайру тамошо ва истироҳату фароғат табдил ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикону ҳамватанони бурунмарзиро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти Тоҷикистони азиз ва ҳам бо парафшон шудани Парчами давлатии кишвар дар баландии 165 метр табрику таҳният гуфта, баҳри бо сифати баланд ва тарҳу намои зебою дилангез идома додани бунёди иншооти дигари маҷмааи маъмурию фарҳангии маркази пойтахт ва ободу зебо намудани атрофи онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520