Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Соли нави 2006

01.01.2006 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз !

Баъди чанд лаҳза Соли нави мелодӣ фаро мерасад ва мову шумо онро бо дилҳои лабрези шодиву нишот ва умеду орзуҳои нек истиқбол менамоем.

Ба ин муносибат тамоми мардуми сарбаланду соҳибтамаддуни Тоҷикистонро аз самими қалб муборакбод гуфта, ба хурду бузурги диёри азизамон тани сиҳат, рӯзгори осуда ва зиндагии пурфайзу баракат орзу менамоям.

Соли панҷуми ҳазорсолаи сеюм бо ҳама бурду бохтҳояш барои давлату миллати мо дар маҷмӯъ соли нек, бобарор ва умедбахш буд. Бахусус, аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид, Иҷлосияи генералии 33-юми ЮНЕСКО, Саммити умумиҷаҳонии Тунис, Созмони Конфронси исломӣ пазируфта шудани масъалагузориву пешниҳодоти Тоҷикистон вобаста ба ҳаллу фасли проблемаҳои глобалӣ боиси болоравии минбаъдаи обрӯву нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Зимнан, таҷлили Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар таърихи навини давлатдории мо саҳифаҳои дурахшон боз карданд.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохтем, ки миллати фарҳангофарин ва тамаддунсози тоҷик бо ҳунари воло ва санъати беназири худ метавонад дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми муносиб гузорад.

Дар навбати худ пурра ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузошта шудани ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоламон дастоварди муҳим мебошад.

Дар соли кӯҳан Тоҷикистон ҳамчунин дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои тоза ноил гашта, дар замири мардуми он эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва рӯҳияи созандагию хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бештар пайдо кард.

Азму талоши созандагиву бунёдкорӣ дар фосилаи як сол боз ҳам вусъат ёфта, ба таҳкими дастовардҳои истиқлолияту пояҳои давлатдории миллӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои деринаи мардум мусоидат намуд.

Бояд зикр кард, ки омили асосии ин дастоварду комёбиҳо, пеш аз ҳама дарки арзишҳои муқаддаси истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ ва қарзу масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Раванди имрӯзаи рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои таҳкими истиқлолияти давлату миллати тоҷик ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки пайваста дар андешаи таъмин кардани инкишофи устувори иқтисодиёт, пеш бурдани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мукаммал гардонидани сохтори идораи корҳои давлатӣ, ҳифзи арзишҳои волои фарҳангӣ ва мақому манзалати худ дар ҷомеаи башарӣ бошем.

Воқеан давлати 14-солаи соҳибистиқлоли мо сол то сол ба пешрафтҳои мунтазами иқтисодӣ ноил шуда, пойдорӣ ва самарабахшии иқтисоди бозориро дар фаъолияти табақаҳои гуногуни ҷомеа собит месозад.

Хислати барҷастаи марҳилаи сифатан нави давлатдории мо пеш аз ҳама дар пешбурди ислоҳоти бунёдии иқтисодӣ бо ҳифзи унсурҳои мусбати умумимиллӣ зоҳир мегардад.

Мо бо мақсади таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, пеш аз ҳама истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон ба ҳаллу фасли як қатор тадбирҳои муҳим, аз ҷумла эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои мошингард муяссар гардидем.

Дар соли куҳан мо тавонистем, ки қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулмаро мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода, сохтмони навбати якуми шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол-Саритош, пулҳои Панҷи поён ва Ишкошимро оғоз намоем.

Ин шоҳроҳҳо ва пулҳои байнидавлатӣ барои бо кишварҳои ҳамсоя, роҳҳои байналмилалӣ ва бандарҳои обӣ пайвастани Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд.

Дар арафаи ҷашни Наврӯз сохтмони нақби Анзоб анҷом меёбад ва ин рӯйдоди воқеан таърихӣ рафтуои нақлиётро байни вилояти Суғд ва пойтахти кишвар дар тамоми фаслҳои сол имконпазир намуда, мардуми кишварамон ба орзуҳои ҳазорсолаи худ мерасанд.

Илова бар ин, соли оянда сохтмони нақби Шаҳристон оғоз меёбад. Бо бунёд гардидани нақбҳои Анзобу Шаҳристон ва таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд масофаи он қариб 50 километр ва вақти ҳаракат 6 соат кӯтоҳ хоҳад шуд.

Яке аз омилҳои асосии иқтидори иқтисодии давлат дар шароити имрӯза рушди соҳаи энергетика мебошад. Истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон тадриҷан тараққиёти соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, азхуд намудани сарватҳои табиӣ, коркарди маъданҳо, пешрафти истеҳсолот ва соҳибкории хурду миёна, хулоса рушди устувори иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимаш баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин менамояд.

Соли гузашта ба истифода дода шудани нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум на танҳо барои сокинони Бадахшон ва Тоҷикистон, балки барои мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ рӯйдоди таърихӣ гардид.

Яке аз воқеаҳои фараҳбахш ва хотирмони соли гузашта вусъати тоза пайдо намудани иншоотҳои муҳимтарини энергетикӣ - нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1" ва "Роғун" мебошад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки мувофиқи таҳлилҳои коршиносони институтҳои молиявии ҷаҳон дар сайёраи мо захираи сӯзишворӣ ва дигар сарватҳои табиӣ босуръат кам шуда истодааст. Дар чунин вазъ Тоҷикистон яке аз кишварҳои муқтадири тавлидсозанда ва содиркунандаи нерӯи барқи аз нигоҳи иқтисодӣ арзону сердаромад ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатар ба шумор меравад.

Дар сурати анҷоми муваффақонаи ин нерӯгоҳҳо Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ соҳиб шуда, ҳамзамон эҳтиёҷоти баъзе кишварҳои минтақаро бо қувваи барқ таъмин менамояд.

Бо мақсади истифодаи самарабахши захираҳои гидроэнергетикии кишвар дар соли оянда ният дорем ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" шурӯъ намоем ва инчунин корҳои лоиҳакашии 4 нерӯгоҳи дигарро дар дарёҳои Зарафшон, Вахш ва Панҷ идома бахшем.

Дар солҳои оянда бо мақсади тараққиёти саноати металлургияи ранга бунёди корхонаи нави алюминий дар вилояти Хатлон, азнавсозӣ ва бо технологияи ҳозиразамон таҷҳизонидани заводи алюминии Тоҷикистон шурӯъ карда мешавад.

Мақсади асосии мо аз бунёди онҳо, пеш аз ҳама таҳкими иқтидори содиротии Тоҷикистон, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва шукуфоиву ободии Ватани азизамон мебошад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳар соли нав оғозгари уфуқҳо ва нақшаҳои нави зиндагӣ ва дурнамои тозаи иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, ки заминаи пешрафти ояндаро мегузоранд.

Имрӯзҳо тамоми кӯшишу талошҳои давлат ва Ҳукумат ба рушди устувори соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф ва фарҳангу маънавият, умуман инкишофи ҳамаҷонибаи мамлакат ва тарбияи хештаншиносиву ватандӯстии сокинони кишвар, бахусус ҷавонон нигаронида шудааст.

Соли 2006-ум соли чандин ҷашнҳои бузурги давлативу миллии мо мебошад, ки ҷашни 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарини онҳо ба шумор меравад.

Зеро маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки соли ояндаро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб эълон намоем, ҳамчунин баргузории Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро ба нақша гирем.

Бояд зикр кард, ки шинохти таърихи гузашта барои инкишофи ҳар як халқ ҳамчун дастури раҳнамо хизмат менамояд. Мо - тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки ниёгонамон барои ворисони худ таърих ва фарҳанги ҷаҳоншумул боқӣ гузоштаанд.

Таърих ва фарҳанги қадимаи мо дорои арзишҳои баланди илмиву адабӣ буда, аслу нажоди мардуми мо ориёӣ мебошад.

Ҳадафи асосии бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ ҳамчун мероси сирф фарҳангӣ асосан пос доштани арзишҳои маънавӣ, илмӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофарини тоҷик мебошад, то ин ки наслҳои имрӯз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ баҳрабардорӣ карда, барои рушду такомули ҳастии худ кӯшиш намоянд.

Зеро дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳамеша ҳаракатҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бузургманиширо инкор ва маҳкум месозад.

Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо, пеш аз ҳама, устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст.

Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, бонангу номус, эҷодкор, инчунин номбардорони миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд.

Боиси қаноатмандист, ки дар солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон фарзандони бонангу номуси миллат моҳияти истиқлолиятро дарк намуда, ҳифзи амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва ҳадафҳои стратегии созандагӣ, тараққиёти бомароми Ватани азиз ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро аз муқаддастарину волотарин вазифаҳои худ медонанд.

Дар ин лаҳзаҳои хурсандиовар мехоҳам як нуктаи дигарро хотирнишон созам. Чанде пештар Роҳбари давлат бо даъвати шахсии шоҳи Арабистони Саудӣ ба зиёрати дохили Хонаи Худо мушарраф гардид.

Ин рӯйдоди муҳимро ман, пеш аз ҳама бахти мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон меҳисобам. Албатта, бо истифода аз фурсати аълое, ки барои ман даст дод, ҳамчун Роҳбари давлат барои осоишу оромиши мардуми Тоҷикистони азиз ва пешрафту инкишофи он дуо кардам.

Итминони комил дорам, ки Соли Нави 2006 барои мо соли навбатии таҳкими истиқлолияти кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, соли дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хоҳад шуд.

Шоҳроҳи асри нав кишвари соҳибистиқлоли моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи неку осуда ҳидоят хоҳад намуд. Самимона орзумандам, ки Соли нав барои халқи тоҷик ва давлати Тоҷикистон соли фатҳу кушоишҳои нав, соли файзу баракат ва бахту саодат, соли неку бобарор гардад.

Соли нав муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520