Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот ба муносибати фарорасии Соли нави 2008-и милодӣ

01.01.2008 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Лаҳзае пас Соли нав, соли 2008-ум дар тақвиме, ки бисёр халқҳои сайёра онро пазируфтаанд, саҳифаи тоза боз мекунад. Мо, тоҷикон, ки дар давоми таърихи бостон солшумориҳои зиёди худиро, аз қабили суғдию хоразмӣ, суриёнию мучал, ҳиҷрии шамсию қамарӣ доштем, аз рӯи анъанаи қабулшуда Соли нави милодиро низ бо суруру шодмонӣ ҷашн мегирем.

Аслан бо Соли нав, он бо кадом тақвиме, ки марбут набошад, ҳар як фард, ҳар як оила умеду орзу ва ормонҳои худро пайванд месозад.

Аз ин рӯ, бо камоли майл тамоми мардуми Тоҷикистон ва кулли ҳамватанонамонро, ки берун аз кишварамон зиндагӣ ва кор мекунанд, бо фарорасии Соли нав табрику муборакбод мегӯям. Ва ба ҳар фарзанди Тоҷикистон, ба ҳар хонадони тоҷик некӯаҳволӣ, бахти фирӯз, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзумандам.

Дар остонаи Соли нав пеши назар овардани дастовардҳо, дар тарозуи хирад гузоштани бурду бохтҳо, кашидани тарҳи нақшаҳои нав хос аст. Аз ин лиҳоз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки соли 2007 -ум барои ҷомеаи мо соли нек ва бобаракат буд. Ҳаминро мисол овардан кофист, ки дар ин давра нақби деринтизори Истиқлол асосан ба кор дароварда шуду пули азими Панҷ, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои бузурги обии Машриқзамин мепайвандад, бунёд гардид. Ва муждагонии дигар ин аст, ки дар рӯзҳои наздик агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 ба кор дароварда мешаваду аз неъмати бебаҳои он - нуру гармӣ мардуми Тоҷикистон баҳравар хоҳанд гашт.

Ин мисолҳо шаҳодати қадамҳои устувор дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат мебошанд. Дар сурати бемайлон ва пурра амалӣ гардидани ин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, мо ба мақсади асосӣ, яъне тавассути рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ноил мегардем.

Муҳимаш, дар ин самт мо аллакай заминаи боэтимод гузоштем. Агар буҷети соли 2007-ро бо соли 2000-ум муқоиса кунем, он қариб шаш маротиба зиёд гардидааст.

Дар соли 2008-ум афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми зиёда аз 7 фоиз таъмин карда хоҳад шуд. Ҳамчунин дар соли оянда афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар назар аст.

Бешак, ин ҳама тадбирҳои мушаххас ба раванди бунёдкориву созандагӣ дар мамлакат ва таъмини некӯаҳволии мардум вусъати тоза хоҳанд бахшид.

Тоҷикистон 16 сол боз зери парчами истиқлолият бо роҳи пуршебу фароз, аммо бемайлон ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи мутамаддин пеш меравад. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит гашт, ки дар мо на иддаои беасос ва судҷӯии яклаҳзаина афзалият доранд, балки мароми давлати тоҷикон фақат сулҳу субот, ҳамсоягии нек ва бунёдкорист, кӯшиши дар миёни кишварҳои пешрафтаи олам ишғол намудани ҷои сазовор аст.

Ҷаҳон гуногунранг асту бо ҳамин ҷолиб мебошад. Аммо гуногунрангӣ ба равандҳои муттаҳидкунанда монеъ шуда наметавонад. Мисоли равшани ин Аврупо аст. Ояндаи неки инсоният маҳз аз ҳамин равандҳои муттаҳидкунанда сарчашма мегирад.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дурнамои рушди худро пеш аз ҳама тавассути равандҳои интегратсионӣ дар ҳамаи зинаҳо, дар навбати аввал дар ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, дигар давлатҳои пешрафтаи олам ва созмонҳои байналмилалӣ мебинад.

Имрӯз мо чун пештара сиёсати дарҳои кушодаро идома дода, густариши ҳамкориҳои худро бо ҳамаи кишварҳои олам идома мебахшем ва ҷонибдори муносибатҳои созанда, беғараз ва мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни ҷаҳон мебошем.

Имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус бояд ватандориву ватандӯстии худро бо садоқати фарзандӣ ва амали созанда ифода намуда, бо заҳмат ва талошҳои бунёдкорона дар ободии Ватан ва пешрафти миллати худ саҳмгузор бошад.

Албатта, татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ кори осон ва мавсимӣ нест, балки вазифаи ҳамарӯза ва доимии мову шумо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол эътибор ва мавқеи худро мустаҳкам месозад.

Дар соли 2007-ум дар пойтахти мамлакатамон баргузор гардидани чандин чорабиниҳои пураҳамияти байналмилалӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои фараҳбахши сол мебошанд ва бори дигар собит месозанд, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти боэътимоди равобит ва ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ эътибори торафт бештар пайдо карда истодааст.

Ҳамзамон дар ин давра, давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои қадимаи дунё соҳиби анъанаи давлатсозиву давлатдорӣ ва таҷрибаи эътирофшудаи тамаддунофарӣ мебошанд.

Дар ин замина таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои бузурги миллӣ - 16 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 800 - солагии зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва 15 - солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ бешубҳа ба ташаккули ҳисси ватандориву худшиносии мардум ва таҳкими минбаъдаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкориву созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони нав мебахшанд.

Мо ба оянда назари нек дорем ва ба сӯи қуллаҳои мурод дилпурона пеш меравем. Итминони комил дорам, ки Соли нави 2008 барои мо дар афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва рушду нумӯи давлатдории миллӣ боз як иқдоми ҷиддӣ хоҳад шуд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро бо Соли нави 2008-ум табрик мегӯям. Соли наватон муборак бошад, падарону модарон, бародарону хоҳарон ва фарзандони азиз!

Бигзор Соли нав барои ҳар хонадони тоҷик соли бахосият, тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва дастовардҳои тоза гардад.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520