Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар

20.12.2013 17:24, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) ифтитоҳ ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори ММТ бевосита шинос шуда, бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуд ва масоили мубориза бо фасод ва дигар амалҳои номатлубро ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бинои нави Маркази миллии тестиро, ки дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ қарор дорад, ифтитоҳ намуд.

Тавре зикр гардид, ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст. Барои расидан ба ин ҳадаф ва иҷрои босифати вазифаҳои дар назди ин муассиса гузошташуда бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ вобаста ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавӣ ба бинои ММТ тариқи корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар тамоми ҳуҷраҳо ва роҳравҳои асосӣ 74 камера насб карда шудааст, ки тавассути онҳо тамоми раванди фаъолияти ММТ таҳти назорат қарор дода мешавад.

ММТ, ҳамчунин соҳиби 2 мошини махсуси хизматӣ аст, ки барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳо ва бурдану овардани маводи имтиҳонӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар давоми фаъолияти худ, ММТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ (Бонки Ҷаҳонӣ, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия) корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла:

- Сохтори ташкилии ММТ муайян шуда, 60 нафар кадрҳои баландихтисос тавассути озмун ба кор ҷалб шуданд, бисёрии онҳо дар курсҳои махсус бозомӯзӣ намуданд;

- Модели низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дастгирӣ ёфт;

- Пойгоҳи ягонаи маводи имтиҳонӣ (саволномаҳои тестӣ аз фанҳои таълимӣ) таҳия карда шуд;

- Низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 7115 нафар хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 45 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар амал озмуда шуд.

Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтақавӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ) иборат аст.

Аз соли 2014 сар карда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ тестӣ бо истифода аз навтарин техникаю таҷҳизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад. Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кумак расонда наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор карда мешавад.

Тибқи қоидаҳои низоми нав ҳар як товталаб ҳангоми аз қайд гузаштан метавонад 10 ихтисоси ба ҳам наздик ё 10 ихтисоси соҳаҳои ба ҳам наздикро дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунад. Тавре иттилоъ доданд, зиёда аз 400 ихтисоси мавҷуда ба 5 гурӯҳ тақсим шудаанд ва 10 ихтисосе, ки довталаб итихоб мекунад, бояд аз доираи як гурӯҳи ихтисосҳо бошад. Пас аз маълум шудани натиҷаҳои имтиҳон довталаб агар холҳои кофӣ гирифта бошад, мувофиқи шумораи холҳояш ба яке аз мактабҳои олӣ ва ихтисосҳои интихобкардааш қабул карда мешавад.

Маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо дар ММТ таҳия гардида, дар ҳамин ҷо чоп мешаванд ва дар халтаҳо ва сандуқҳои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинҳои махсуси муҳофизатшаванда ба марказҳои имтиҳонӣ дастрас мегарданд.

Пас аз ҷамъоварии ҷавобҳои довталабон маводи имтиҳонӣ боз ба ҳамин тартиб баргардонда шуда, дар ММТ мавриди коркард қарор мегиранд.

Ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад.

Афзалияти дигар ва бисёр муҳими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харҷи маблағи зиёд ба пойтахт ё дигар шаҳрҳо нарафта, метавонанд дар марказҳои ба маҳалли зисташон наздик имтиҳон супоранд. Интихоби макони имтиҳонсупорӣ ҳам барои довталабон ихтиёрӣ аст. То кунун дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Бобоҷон Ғафуров 20 маркази бақайдгирии довталабон ва 52 маркази имтиҳонӣ омода карда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо ва ҳам ҳангоми суханронӣ, ки дар ҳузури роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сурат гирифт, ба фаъоият шуруъ намудани ММТ ва низоми нави қабули имтиҳоти дохилшавиро “қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф” номида, таъкид дошт, ки “минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад”.

Ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роҳ монанд, то ки онҳо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд.

Ба Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин дастур дода шуд, ки раванди бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимонро барои бо низоми нави таълиму тарбия ва қабули имтиҳонҳо кор кардан ба роҳ монад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки низоми нави муосир, ки аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гирифта шудааст, “ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод таъсири мусбӣ мерасонад”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  роҳбарияти Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ҳамчунин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пурзӯр намудани тартибу интизом ва пешгирӣ аз фасоду тақаллуб ҳангоми қабули имтиҳону санҷишҳо ва мубориза бо ҳама гуна амалҳои номатлуб супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520