Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷиргатол

26.08.2011 17:00, ноҳияи Лахш

Нимаи дуюми рўзи 26 – уми август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷиргатол ташриф овард.

Дар фурўдгоҳи ҷиргатол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва аҳли ҷамоати ноҳия бо шукўҳи идона истиқбол гирифтанд.

Дар паҳлўи фурўдгоҳ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз замини картошказор ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан кард.

Дар ин ҷо аҳли заҳмати деҳоти ноҳия маҳсули заҳмати хеш, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, қабл аз ҳама картошкаву каду, анвои гуногуни меваҳои хушлаззат, аз қабили себ, нок, зардолу ва асалу дигар маҳсулоти фоидабахши занбўри асалро ба маъраз бароварда буданд. Тавре иттилоъ дода шуд, картошкапарварони ноҳияи ҷиргатол аз ҳар гектар замини корам аз 300 то 400 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бори дигар таъкид намуд, ки соли оянда майдони кишти картошка дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатол бояд як баробар зиёд карда шавад. Ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур дода шуд, ки барои иҷрои ин супориш чораҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.

Дар ин намоишгоҳ аз ҳама зиёд кадуҳои парваридаи деҳқонони ноҳияи ҷиргатол боиси таҳайюру хушҳолӣ гардид, зеро аксари онҳо хеле бузургҷуссаанд.
Бо дархости занҳои ҳунарманди хонашини ҷиргатол дастур дода шуд, ки дар маркази ноҳия барои онҳо як коргоҳи хурди ҳунарҳои дастии занону духтарон, аз қабили гулдўзию зардўзӣ бунёд карда шавад.

Дар маркази ноҳияи ҷиргатол бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали маҳаллии Тоҷпромбонк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 20 нафар бо корӣ доимӣ таъмин гардидаанд.

Ба иттилои роҳбарияти бонк, ду намояндаи дигари он, ҳамчунин дар деҳоти Лахши ноҳияи ҷиргатол фаъолият мекунанд.

Чунонки зикр гардид, сандуқи қарзии филиал ҳоло аз 8,9 миллион сомонӣ иборат аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 30% зиёд аст. қарзҳо бештар ба кишоварзон ба мўҳлати як сол ва қисман ба тоҷирон дода мешавад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ноҳияи ҷиргатол Тоҷпромбонк дар масъалаи баргардонии қарзҳо ҳеҷ мушкилӣ надорад. ҳамаи мизоҷонаш қарзҳоро саривақт бармегардонанд.

Тавре таъкид гардид, барои боло бурдани боварӣ ба эътимоднокии фаъолияти бонк миёни мардум корҳои самарабахш ба роҳ монда шудаанд ва инаст, ки дар мўҳлати кўтоҳ аҳолӣ 1 миллиону 300 ҳазор маблаѓҳои пасандози худро дар ин бонк гузоштаанд.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави шифохонаи марказии ноҳияи Ҷиргатол ва бинои маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, шифохонаи марказӣ аз се шуъба - ҷарроҳӣ, таваллудхона ва шуъбаи кўдакона иборат буда, дар он 60 нафар табибон машѓули коранд.

Зимни боздид аён гардид, ки ҳарсеи ин шуъбаҳо бо техникаю таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа, аз ҷумла дастгоҳҳои ҷарроҳӣ, шикастабандӣ, захмбандӣ, озмоишгоҳи муҷаҳҳази биокимиёӣ ва ѓайра иборат буда, дар он дар як вақт то 100 нафар беморон метавонанд бистарӣ шаванд. Шуъбаи ҷарроҳӣ бо 2 ҳуҷраи муҷаҳҳази махсус имкон дорад дар як сол то 800 амалиёти ҷарроҳӣ ба роҳ монад.

То имрўз барои сохтмону таҷҳизи бинои якуми шифохонаи нави марказии ноҳияи ҷиргатол ва бинои маркази саломатӣ 5 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва бунёди навбати дуюми шифохона идома дорад.

Дар ноҳияи ҷиргатол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, иди саиди Фитр ва ба муносибати ифтитоҳи ин шифохонаи муосир хатнасури 70 нафар писарчаҳои бесаробон ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд. Дар ин базму тараби башардўстона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, ба ҳар яки ин шоҳбачаҳо тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар саҳни шифохонаи марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон, кормандони соҳаи тиб ва намояндагони сершумори ноҳияи Ҷиргатол мулоқоти ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520