Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рашт

26.08.2011 13:00, ноҳияи Рашт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол рафт.

Дар фурўдгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо сипосу шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатасоси бунёдкорию созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон бо шукўҳи идона истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди Филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави таълимӣ ва бинои толори варзишӣ оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои сохтмону таҷҳизи ин биноҳои нави иловагӣ ҷудо намудани беш аз 9 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи супориши Сарвари давлат ин биноҳо дар зарфи ду соли оянда бояд омода гарданд.

Бинои нави сеошёнаи таълимӣ бо 18 синфхона, утоқҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва дигар шароити муосири тадрис барои 480 донишҷў пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ бояд тарзе муҳайё гардад, ки оянда он ба донишкадаи мустақили омўзгорӣ табдил дода шавад.

Дастур дода шуд, ки толори варзишӣ васеъ ва бо шароити зарурӣ барои намудҳои зиёди варзиш сохта шавад, то ки аз он натанҳо аҳли донишгоҳ, балки сокинон ва меҳмонони ноҳия низ тавонанд истифода баранд. Ин маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои толори хурди варзиши бадан ва толори фитнес барои духтарон хоҳад буд.

Дар давоми сохтмони биноҳои нави Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт беш аз 400 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб мешаванд.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон, ки сохтмонаш дар арафаи солгарди 20 - уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон пурра ба анҷом расид, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хотиррасон гардид, ки навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон соли 2005 оғоз ёфта, имрўз ба охир расид. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии он 350 км буда, барои тармиму навсозияш 177 миллион доллари амрикоӣ ё худ 840 миллион сомонӣ маблағ сарф шуд.
Дар қитъаи Нуробод-Рашти ин роҳ 73 км роҳ ва 15 пули дорои аҳамияти маҳаллӣ низ дар баробари шоҳроҳ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифт.
Дар давоми навсозии ин роҳ садҳо нафар аз аҳолии маҳаллӣ бок ор ва маоши хуб таъмин шуда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки бо дастгирии молиявии Бонки осиёии рушд роҳи 20 километраи шаҳраки Гарм – шаҳраки Навобод бо харҷи қариб 3 миллион доллари амрикоӣ то охири соли оянда тармиму навсозӣ хоҳад шуд. ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи 38 километраи Оби гарм – Нуробод низ мавриди навсозӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар маркази ноҳияи Рашт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.

Мулоқот дар майдони варзишии шаҳраки ғарм, ки тайи се соли ахир бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифтааст, баргузор гардид. Варзишгоҳ, ки дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст гаштааст, пур аз мардуми касбу кори гуногун буд.

Дар ҳамин варзишгоҳ дар арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ба муноибати ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хатнасури беш аз 100 нафар писарчаҳои бесаробон ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои сершумори мардум барои бартарафсозии як зумра мушкилоти мавҷуда ва идомаи босамари сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллии тоҷикон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар маркази шаҳраки ғарм аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои 4 – ошёнаи маъмурӣ оғоз бахшида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин бино дар зарфи ду соли оянда бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд меёбад. Бино дорои 72 утоқи корӣ хоҳад буд ва дар он 17 адад сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҷойгир ва бо шароити хуби фаъолият таъмин мешаванд.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои картошкаи хоҷагиҳои деҳқонии Умед ва Раштона ташриф оварда, бо кори деҳқонон ва мутахассисони ин соҳа аз наздик шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, картошкапарварони ноҳияи Рашт имсол аз ҳар гектар замин аз 300 то 500 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконоти мавҷуда ба роҳбарияти ноҳия ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки майдони кишти картошка соли оянда як баробар зиёд карда шавад.

Аҳли заҳмати деҳоти ноҳияи Рашт ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгирии доимӣ, аз ҷумла барои фиристодани 16 трактор ва беш аз 35 адад мошинолоти гуногуни кишоварзӣ арзи сипос карданд.

Тавре аён гардид, кишоварзони ноҳияи Рашт, ҳамчунин ҳосили фаровони сабзӣ, каду, офтобпараст барои дон ва равғанкашӣ, ҷуворимакка ва хусусан себу нок рўёндаанд.

Тибқи иттилои деҳқонони асил, дар заминҳои ноҳияи Рашт то 700 сентнерӣ сабзии хушсифат рўёндан мумкин аст.

Чунонки аён гардид, тавассути тарғиби бевоситаи Сарвари давлат, дар ноҳияи Рашт шумораи замбўрпарварон ва оилаҳои занбўр сол ба сол босуръат афзун мешавад ва ҳамаи онҳо аз ин шуғли судовар фоидаи дилхоҳ ба даст меоранд.

Дар деҳаи қалъанаки ноҳияи Ҷиргатол бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои якуми як мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 406 нафар хонанда дар як баст ба таълиму тарбияи босифат фаро гирифта мешаванд.

Бинои мактаб аз 23 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ иборат буда, дар ду синфи компютерӣ 25 компютер ва дар синфҳои ҳунаромўзии духтарон 26 мошини дарздўзӣ васл карда шудааст.

Ба иттилои масъулин, то соли оянда бинои дуюми таълимӣ низ омода мегардад ва он вақт дар ин мактаб 624 нафар хонандагон дар як баст таҳсил хоҳанд кард.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ноҳияи Рашт 80 синфхонаи нави дигар дар назди мактабҳои мавҷуда бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар деҳаи қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳамчунин як корхонаи истеҳсоли орд ба кор дароварда шуд, ки дар он 25 нафар соҳиби кор шудаанд.
Ин корхона дар як шабонарўз метавонад то 70 тонна ғалларо коркард намояд.

Роҳбарияти корхона азм доранд, ки оянда дар назди он боз коргоҳҳои макарон ва нонпазӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созанд.
Дар деҳаи Сангикари ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як нерўгоҳи хурди обии барқӣ ба кор дароварда шуд,ки иқтидораш 1000 квт/с мебошад.

Чунонки иттилоъ дода шуд, рўди шуху сероби ин мавзеъ имкон медиҳад, ки ин нерўгоҳ тобистону зимистон қариб бо иқтидори якхела нерўи барқ истеҳсол намояд.

Зимни шиносоӣ аён гардид, ки ин нерўгоҳ аз ду агрегати 500 киловата иборат буда, имкон дорад дар сурати истифодаи сарфакорона беш аз 1000 хонаводаи ҷамоати Навободи ноҳияи Раштро зимистону тобистон бо нерўи барқ таъмин намояд.

Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисми низомии навбунёди Вазорати мудофиаи кишвар аз наздик шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки дар ин минтақаи баландкўҳ барои афсарону сарбозон бо истифодаи босамар аз маблағҳои ҷудошуда, шароити беҳтарини хизмат, будубош, машқу тамринҳои гуногуни ҳарбӣ ва истироҳату фароғат муҳайё карда шавад.

Тавре зикр гардид, дар ин ҷо сарбозхонаҳо, хонаҳои истиқоматии афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, ошхона, ҳаммом, толори либосшўйӣ ва майдончаҳои махсуси варзишӣ ва машқу тамринҳои гуногуни низомӣ бунёд меёбанд.

Ҳоло бошад шароити хуби имконпазир барои ҳайати шахсии қисми низомӣ дар хаймаҳои зебою муҷаҳҳази будубоши муваққатии саҳроӣ, ки ҳам барои тобистон ва ҳам зимистон пешбинӣ шудаанд, хизмат ва зиндагӣ мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520