Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 13 декабри соли 2013 №624
ш. Душанбе

Дар бораи сардори Раёсати экспертизаи
давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳакимов А.А.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳакимов Абдулло Абдулович сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ҲАКИМОВ АБДУЛЛО АБДУЛОВИЧ
сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳакимов Абдулло Абдулович – 5 марти соли 1967 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1995 Донишгоҳи техникии шаҳри Тулаи Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандиси сохтмони иншоотҳои куҳӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси таъмиргари дараҷаи V қитъаи энергетикии Раёсати «РоғунГЭСстрой»-и шаҳри Роғун оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои усто, прораби калони қитъаи энергетикӣ, прораби калон, сардори қитъаи «Обпарто»-и Раёсати «РоғунГЭСстрой»-и шаҳри Роғун, сармуҳандиси қитъаи манзилию коммуналии шаҳри Роғун, сармуҳандиси хоҷагии энергетики Раёсати «РоғунГЭСстрой»-и шаҳри Роғун, сардори қитъаи № 13 корҳои пармакуниву таркишии Раёсати махсусгардонидашудаи «Гидроспетстрой», муовини сармуҳандис, сармуҳандис, муовини аввали директори Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Гидроспетстрой»-и шаҳри Роғун кор кардааст.

Солҳои 2007-2008 ҳамчун муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод адои вазифа намудааст.

Аз январи соли 2008 то ба имрӯз дар мансаби раиси ноҳияи Файзобод фаъолият дорад.

Барои хизматҳои шоён бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520