Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 13 декабри соли 2013 №619
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Пиров М.Ш.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пиров Маҳмадсаид Шоҳидинович муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ПИРОВ МАҲМАДСАИД ШОҲИДИНОВИЧ
муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пиров Маҳмадсаид Шоҳидинович 18 марти соли 1966 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси актери драма ва кино, соли 1998 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон бо ихтисоси молшинос-тоҷир, соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро дар шаҳри Санкт-Петербург бо ихтисоси менеҷер-идоракунанда хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ҳамчун актери Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз намуда, то соли 2000 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ дар иттиҳодияи хӯроки умумии донишҷӯён ва мактаббачагони шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2000-2009 дар вазифаҳои муовини директори Киностудияи «Тоҷикфилм», муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» фаъолият намудааст.

Солҳои 2009-2011 ба ҳайси директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» адои вазифа намудааст.

Аз моҳи июли соли 2011 дар вазифаи мудири Шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо ордени «Шараф дараҷаи I» сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520